Клиника ҳиндуӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе клиникаи ҳиндуӣ ҳаст, ки онҳо дар ташхис – муайян намудани бемориҳо ва табобати як қатор бемориҳои клиникӣ машғуланд ва маркази онҳо номи «Веданта»-ро дорад. Ин беморхона  дар кӯчаи Меҳнат назди бозори Меҳргон ҷойгир аст.

Дар клиникаи (полекленикаи) Ҳиндустони лабораторияи  замони 4-ум ҳаст. Нархи онҳо  10-20% нисбат ба дигар клиникаҳои пешрафтаи шаҳри Душанбе пасттар аст. Нархи дақиқ барои хидматҳои онҳо маълум нест ва онҳо дар бораи тарофаҳои худашон дар сомонаашон-сайташон намондаанд. На дар сатҳи ғайрирасмӣ, нархҳо барои ҳар як намуди хизматрасонӣ бо тарзҳои гуногун мебошанд ва ин вобаста ба духтур аст. Масалан, духтури дил ба хихмати худ нарх мемонад ва духтури дармоншинос аз назари худ вобаста ба намуди беморӣ худаш нархро муқаррар мекунад.

 Мутаасифона духтурони онҳо дар ин клиника нестанд ва кадом вақте ки лозим шуданд онҳо аз Ҳиндустон омада ба мардум хизмат мекунанд. Масалан, якчанд беморон ки ҷамъ шуданд  баъд духтур омада ҳаммаи онҳоро якбора ташхис ва таббобат менависад. Онҳо кат ва утоқҳои хобравбарои касалон – беморон надоранд. Танҳо бемориро муайян карда тарзи табобатро навишта медиҳанд. Боқимонда корҳоро шумо худ дар хона ё дилхоҳ макон рафта қабули доруву муолиҷаро мегиред.

Ин марказ шахсӣ буда соли 2017 дар Душанбе пайдо шуда ягона маркази химатрасонии ҳиндуҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Онҳо ба табобатҳои зер машғуланд.

  1. Бемориҳои дил,
  2. Бемории рак,
  3. Бемориҳои сироятӣ,
  4. Касалии қанд,
  5. Бемориҳои пӯст,
  6. Бемориҳои шикастубанд;
  7. Урологӣ – гурда,
  8. Бемориҳои занона;
  9. Ҷарроҳии пластикӣ,
  10. Ҷарроҳии мини ҷойҳо,
  11. Нейро,
  12. Бемориҳои гӯшу гулӯъ.

Лек мутаасифона онҳо дар табобати бемориҳои дандон ва бемориҳои чашм машғул нестанд.

Адрес и контакты:

Город Душанбе, улица Мехнат, 10.

Телефон: (+992) 987-24-05-05. 372 24-05-05

Сайт: www.vedanta.tj

И-майл: info@vedanta.tj

Комментарии