Китоби Суруд барои синфи як

maktab_bachaБарои кудакони синфи 1 дар мактаби миёна китобчаи Суруд ки дар соли 2013 ба чоп расонида шудааст бо чунин шеърхои точики дарс дода мешаванд. Асосан бисёри шеърхо содда ва омафахм буда барои азёд кардан осон мебошад ва дар мантику мазмун хело арзишманд мебошад. Чун ки ин шеърхо дар васфи ватанпарварона, мехри модар, падар, дустиву рафики ва дар мавзуи хаёти одии точики бахшида шудаанд ва пур аз суханхои неки инсонпарварона мебошанд.

Шеърхо барои кудакон:

 

Мактаб

Занги нахустин
Бошад гуворо,
Шодӣ физояд
Дилҳои моро.

Эй занги аввал
Чу субҳи хониш.
Моро бихонӣ
Бар боғи дониш

Нақорат:
Ширин саодат (ҳей)
Чу сози дарё
Бас дилнишинӣ
Бар пиру барно.

МАКТАБ

Эй мактаби мо
Ту дилрабоӣ
Эй гулшани мо,
Ту дилкушоӣ.
Панди туро мо
Дорем дар гӯш,
Накарда асло
Онро фаромӯш

Гул кун ҳамеша,
Чу боғу бустон,
Бишкуф ҳамеша,
Эй бахти моён!
Бар ваъдаи хеш
Мо устуворем
Панди туром мо
Ба ҷо меорем.

АЗ ДОДОМ

Ман гули додом,
Булбули бобом,
Ман қанди додом,
Пайванди бобом.

Ман шери додом,
Панири бобом.
Ман ҷони додом,
Хонадони бобом.

ОБИ ВАРЗОБ

Обаки варзоб
Зам-зама дорад.
Савти дилорош
Шодӣ биёрад.

Кабки хиромон,
Қаҳ-қаҳа дорад.
Савти хушилҳон
Бар ҳама форад.

ВАТАН

Дар мағзи ҷону тан,
Андар вуҷуди ман,
Чун рӯди мавҷзан,
Меҷӯшад ин сухан
Ватан, Ватан, Ватан!

Хоку ҳавои ту,
Обу самои ту,
Сидқу сафои ту,
Ҷон башадам ба тан,
Ватан, Ватан, Ватан!

ПАРАСТУ

Усто парасту
Ту пухтакорӣ,
Дар лонасозӣ,
Ҳамто надорӣ.

Ҳасти ҳунарманд,
Усто парсту
Ту мекуни кор
Аъло, парасту,

Бузак

Ҷигӣ – ҷигӣ бузи ало,
Эй бузаки чарси бало.
Ду шохи тези ту аҷиб,
Риши дарозӣ ту базеб,
Биё – биё, ҷигӣ-ҷигӣ.
Ҷӯшам туро, ҷигӣ-ҷигӣ.

Аз шири ту пазам панир,
Хамир кунам, пазам фатир.
Кулчаи бо ҷазза пазам,
Ошаки бомаза пазам.
Хӯрда аз он калон шавам.,
Чобуку паҳлавон шавам.

Муаллиф: Миратулло Атоев (композитор)

АРЧА

Дар гирди арча
Ман шеър хондам.
Дар рақсу бозӣ
Ақиб намондам.

Кӯлворӣ худро
Даррав кушод ӯ.
Хирсаки аҷиб
Тӯҳфа бидод ӯ.

БАРФАК

Барфак борид шабона,
Дар дашту боми хона.
То саҳари, во аҷаб!
Барфак борид ду ваҷаб.
Рӯи ҳавлӣ сафед шуд,
Сафед навдаи бед шуд.
Зебо шуд дашту даман.
Зебо шуд боғу чаман..

Мо бачаҳо давидем,
Ба майдонча расидем.
Кардем яхмолакбозӣ,
Бозиву даву тозе,
Барфакбозии шавқовар,
Ҳам бозии завқовар.
То бегоҳӣ бачаҳо,
Монда набошанд ин ҷо.

ШЕЪРИ АЛИФБО

Эй Алифбо ту ҳастӣ,
Дарди кушодаи мо.
Аз ту гузашта равем,
Мо ҳама сӯи фардо.

Касе агар надонад,
Қадри туро чу нодон.
Монанди кӯр набинад,
Офтобаки дурахшон.

НИҲОЛ

Ай, ту ниҳоли мевадор,
О, ки шинонамат баҳор,
Об диҳам, расо диҳам,
Серу пурӣ ғизо диҳам.

Сояи ту саодатам,
Ҳосили ту ҳаловатам.
Хихмати ман барои ту,
То, ки ба сад дароӣ ту.

МОДАР ВА МАКТАБ

Модарам дар синфи мо,
Ёд медиҳад «Алифбо».
Қавлаш яку кораш як,
Гуфтору рафтораш як.

Ба гуфти модарҷонам,
Модари меҳрубонам.
Доимо хубу аъло,
Хондан вазифаи мо.

ВАРЗИШ

Яку дую сею чор,
Дилҳои мо беқарор.
Ба варзиши навбатӣ,
Саф бастему тайёр.

Субҳидам хеста аз хоб,
Худро диҳем обут об.
Варзиш ба мо бубахшад,
Хурсандии беҳисоб.

ҚОҚУ

Қоқу сари раҳ,
Қоқу лаби ҷар,
Хуршеди баҳор,
Тобад ба назар.

Як дона ба ту,
Як дона ба ман,
Хуршеди баҳор,
Дар боғу чаман.

БАҲОРОН

Дар дараи Гулдара,
Лола расад яксара,
Яксара хандон ҳама,
Шоду ғазалхон ҳама.

Ин тарафат пит-пилиқ,
Он тарафат пит-пилиқ,
Қақра қақар кабкакон,
Чаҳчаҳа чаҳ булбулон.

ЛОЛАГУЛ

Лола гули худрӯй аст,
Лола гули хушрӯй аст.
Дар гирди санг аст лоа,
Сурху хушранг аст лола.

Он ҷо лола рӯйяд,
Он ҷо муаттар бӯяд,
Лола рӯяд ҳар баҳор,
Онро ҳама интизор.

БУЛБУЛИ ХОНИШ

Сад барг хандон шудааст,
Булбул ғазалхон гаштааст,
Олам гулистон шудааст

Гулғунча чашмаш боз кард,
Сад шеваю сад ноз кард,
Аёми нек оғоз кард.

БАҲОРИ БОРОНӢ

Имсол баҳор серборон,
Рӯяд чоқлаву торон.
Дашту даман сабз шавад,
Ғаладона нағз шавад.

Ҷамбелак, сиёалаф,
Рӯида дар ҳар тараф.
Чукриву қоқу дар ҳар тараф.
Зебост фасли баҳор.

БУЗҒОЛА

Бузғола бозӣ мекард,
Ҳам даву тозе мекард.
Гоҳ шир хӯрад, гаҳ алаф,
Метозад ӯ ҳар тараф.

Бузғолаам балоча,
Почаҳояш алоча,
Нон мехура аз дастам,
Бузғолаи ширмастам.

МУРҒОБӢ

Эй мурғи нағзи обӣ,
Дар обҳо чӣ кобӣ?
Ман мурғи об ҳастам,
Ба ҷон варо парастам.

Бистари гармам об аст,
Болини нармам об аст.
Ҳам обро бикобам,
То ризқи хеш ёбам.

ПАРАСТУҶОН

Парастуҷон, парасту
Чи гуна хушпараст-ӯ!
Чи гуна беғубор аст,
Чу духтари баҳор аст.

Аҷаб накӯсиришт аст,
Чу мурғаки биҳишт аст.
Нигар намуди нағзаш,
Шунав Суруди нағзаш.

МОДАРҶОНАМ

Роҳату оромии мо,
Пухтагарии хоми мо,
Хуш зиҳӣ бо номи мо,
Модарҷонам-модарҷон.

Некӯтарини олам,
Дилҷӯтарини олам,
Хушрӯтарини олам,
Модарҷонам-модарҷон.

МАН КАЛОН МЕШАВАМ

Ман калон мешавам,
Қаҳрамон мешавам,
Бар диёри худам,
Посбон мешавам.

Гул барин дар чаман,
Бишкуфад бахти ман.
Доимо дар дилам,
Маҳкам аст ин сухан.

Дигар сурудхои Точикиро дар сомонаи www.sherho.ortgk.ru  дарёфт карда метонед.

Комментарии