Хонаи фуруши дар Душанбе – Точикистон

Мехоҳед, ки хонаро арзон харед ё қиммат фурушед пас маълумоти саҳифаи мазкур барои шумост. Солҳои охир дар шабакаи интерент сомонаҳои бисёре барои хариду фуруши хона, ҳавлӣ ва ё дигар намуди амволи манқул пайдо шудаанд ки ҷумлаи онҳо сомонаи www.agentstva.tj www.somon.tj  www.maskan.tj, www.rg.tj www.lalafo.tj  ва ғайраҳо ки ҳар яки онҳо аз диди худ бартарият доранд.

Масалан, сомонаи  www.agentstva.tj аз нигоҳи истифода хело қулай буда тавассути он хонаи фуруширо дар дилхоҳ шаҳр аз ҷӯмла Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд, Ваҳдат, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Турсунзода ва ғайраҳо дарёфтан мумкин.  Ин сомона имконият медиҳад, ки хонаро аз нигоҳи арзонӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, ошёна, наздикӣ бар ин ё он объект дарёбад. Умуман ба ин сайт эълонро бепул ҷойгир кардан мумкин аст.

Хонахои фуруши Душанбе квартира

Дигар сомонаи хуб барои ҷойгир кардани эълон ва дарёфти хонаи – ҳуҷра (квартира) сомонаи somon.tj мебошад ки баъди вай сомонаи rg.tj ва lalafo.tj аст. Ин сомонаҳо аз нигоҳи ҳаҷми эълонҳо хело калонанд вале барои дарёфт каме ноқулай. Сомонаи maskan.tj ба ташкилоти тиҷорати алоқаманд аст ва дар он гузоштани эълон пулакист ва онҳо барои фуруши хона 1-2% комисссия мегиранд.

Ба назар гирифт, ки ҳоло тӯли солҳои 2015-2016 ва шояд ояндаи наздик ҳам нархи хонаҳо бар сабаби бӯҳрони иқтисодӣ (нафтӣ) паст монда барои фурушандаҳо чандон номувофиқ ва барои харидорони хонаҳо хело муфид бошад. Ҳоло нархи хонаҳои нав дар сохтмонбуда дар маркази шаҳри Душанбе бо арзиши 300-400 доллари ИМА ҳам мефурушанд, ки барои дорандагони нақдина (харидорон) хело хуб аст.

Сабаби паст рафтани нархҳои манзил ин аз Руссия маблағи интиқол кам ворид шудан мебошад, ки таъсираш ба тамоми қобилияти харидории мардум мебошад. Ҳоло ҳатто Тоҷиксодиротбанк дар сохтмони манзил ҳам пули бисёре ҳарҷ карду дар фурухтани он мушкили мекашад ва нархи онро мефарорад.

Хулас агар хонаи замини-ҳавлӣ-ҳуҷраи арзон ёфтаниед ва ё бо нархи хуб фурухтанӣ бошед пас ба сомонаҳо дар боло буда истифода бурданро пешниҳод менамоем.

Комментарии