Кароматулло Курбонов

Кароматулло Курбанов

Сурати Кароматулло Курбонов

Кароматулло Қурбонов (русс. Курбанов Караматулло) – ҳофизи беҳтарини эстрадаи тоҷик ки солҳои 1980-1995 ҳамчун ахтари нотакрори санъати тоҷик номбар карда мешуд, шуҳрати ҳунари истеъдоди сурудхонии волои худро дар кишварҳои собиқ шўравӣ, мамоликҳои форзабону туркзабон ва Ҳинду Аврупо то ҳол боқӣ мондааст.

Тарҷумаи ҳол (биография):  29 ноябри соли 1961 дар шаҳри Кўлоби дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст ва аёми кудакиашро дар ҳамин шаҳр гузаронидааст. Ихтисоси касбиро соли 1982 дар Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе ба номи Мирзо Турсунзода гирифтааст.

Дар давараи мактабию донишҷуиаш Караматуллои Қурбон алакай худро дар ҷодаи санъат нишон дода дар чорабиниҳои ҷамъияти баромад карда суруд мехонд ва барои ҳамин ҳам алакай баъди хатми донишкада якбора у таввонист ки дар дасьтаи навҷавони пурҳунари Гулшан ба кор даромада дар қатори дигар ҳофизони пуртарҷриба малакаву илми хубро сайқал диҳад.

Шуҳрати Кароматуллои Қурбон солҳои 1984-1990 ниҳоят балад буд ва барои ба тую маъракахо уро даъват кардан ба нархҳои ҳамон давра аз 3 то 10 ҳазор рубли шуравӣ лозим буд ки он баробари 5-10 ҳазор доллари ИМА-и имруза баробар буд. Ин ҳам бошад ҷадвали сабти ҷамъомадҳо дар китоби ў 4-6 моҳ пешакӣ алакай қайд доштанд.

Видео – клип 

 

Баромадҳои Кароматулло Курбанов дар телевизиону радиои  ватанӣ бисёр намоён буданд ва мардуми ҳамондавра сурудҳои ин санъаткорро бо ишқу муҳаббати беандоза гуш мекарданд. Ўро ҳам пиру ва ҳам барно эҳтиром ва дусташ медоштанд.

Кароматтулло худ шерҳояшро баъзан аз дигар ҳофизони дунявӣ гирифта мехонду мехост ки мисли онҳо шуҳратманд бошад. Бинобар ин ў шерҳои руссиву ҳиндиро дар қатори шерҳои тоҷикӣ бо як эҳсосоти пур аз муҳаббат мехонд.

Karomatullo Kurbonov

Karomatullo Qurbonov

Ба баъзе давлатҳои дунё аз ҷумла кишварҳои шарқи наздик, кишварҳои собиқ шўравӣ сафарҳои ҳунариро низ анҷом дода шуҳрати санъати тоҷиконро шинос ва боло бардоштааст.

Кароматуллои Қурбон ҳаёти худро дар сини ҷавонӣ бар асоси ҳамлаи аблаҳонаи силоҳиёни ҷангҷўй 18 октябри соли 1992 шабона ҳангоми аз тўй баргаштан дар ноҳияи Ёвон дар қатори дигар рафиқонаш ба қатл расонида шудааст. Ин рўзро мардуми тоҷик ҳамчун рўзи бохти калонтарини санъату миллати тоҷик шуморида ниҳоят ҳамагон ғамгин буданд.

Эъҷодиёт ва ашъор:

Кароматуллои Қурбон тавонистааст зиёда аз 7 дастаи сурудҳои худро ки худ албом низ мегуянд сабт намояд ки он иборат аз 76-тарона мебошад.  Сурудҳои «Лаъли лабони мани биё», «Турки камонабру», «Санги мазорам» яке аз беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда он солҳои сол дар забону дили мардум боқи мондааст ва худи Кароматуллоро ниҳоят шуҳратманд кардааст.  Сурудҳои Кароматулло ба мавзуҳои ишқу муҳаббат, инсоният, модар, ватан ва умуман бахшҳои бештар ҳасоси зиндагӣ бахшида шудаанд.

Хотира:

Зан ва фарзандони Карамутулло

Зан ва фарзандон

Кароматуллои Қурбон дар қатори суруду таронаҳояш ҳамчунин аз худ 3 фарзандони намунавии худро боқи гузоштааст, ки 2-тои онҳо дар ҷодаи санат ҳаёти худро бахшида касби падариашонро интихоб кардаанд.

  1. Фарзанди калониаш – Мухаммадрофе Кароматулло (ҳофизи ҷавон);
  2. Писари дуюмин – Муххамадсахӣ;
  3. Нозияи Кароматулло – ҳофизаи номӣ.

Сомонаи Кароматулло дар http://karomatullo.tj

Видеои туёнаи Кароматулло ва бо Махфират

 

Скачать музыку бесплатно MP3 Кароматулло Курбонова

Суратхои таърихии Кароматулло

Падар

Падар

Мухаммадрофеъ ва у

Мухаммадрофеъ

Зани Кароматулло

Зан-оила

mat_karomatulo

Модар

 

Руйхатти ҳаммаи таронаҳои Кароматулло (все песни Курбанова)

  1. Бикашам ба ноз рузе,
  2. Баҳрам,
  3. Ватан,
  4. Хоҳиш,
  5. Ман бо духтаре вохурдам,
  6. Ай духтаре,
  7. Масти нози лайло
  8. Ман агар мастам
  9. Ту ҳам ёде бикун аз ман
  10. Камонабру
  11. Шаҳ муборак
  12. Сабзак лаби ҷўй
  13. Харими куят
  14. Ҳиндӣ
  15. Дилро бубин
  16. Ҳинди (ye yare sun)
  17. Зебосанам
  18. Душанбе
  19. Ҳиндӣ (Amal akbal antoni)
  20. Суғдиён
  21. Ҳиндӣ (hudoi man)
  22. Дигар марав
  23. Гулзори ман
  24. Варзоб ба дара
  25. Эй подшоҳи хубон
  26. Модар
  27. Фарқ дорӣ
  28. Хиндӣ (o meri mahbuba)
  29. Макун аз барам ҷудои
  30. Бо ман бимон
  31. Зебосанам
  32. Арусӣ_1
  33. Мисраи гумгашта
  34. Ҳиндӣ (ishki tu)
  35. Ай духтаре
  36. Имшаб
  37. Чи мехоҳи
  38. Макун аз барам ҷудои
  39. Бевафо
  40. Кабутари сафеди ишқ
  41. Алибаба
  42. Ҳиндӣ (dili man)
  43. Шаби ошикони бедил
  44. Бо дили дарё нишинам
  45. Ҳиндӣ (mahmubai man)
  46. Чи дидам
  47. Имшаб
  48. Навруз
  49. Арабӣ (hilhilla)
  50. Бишнав ки аз бунёди ман
  51. Арусӣ
  52. Овора
  53. Намедонам чи мехохам Худоё
  54. Борони баҳор
  55. Зиндагӣ
  56. Лали лабон
  57. Лали яман
  58. Фируза
  59. Ту ҳам ёде бикун аз ман
  60. Модар
  61. Махруи ман
  62. Ай ёр
  63. Тақдир
  64. Маҳмури ҷоми ишқам
  65. Зиндагӣ
  66. Ошикони Варзоб
  67. Хиндӣ (nele nele ambar par)
  68. Турки камонабру
  69. Андак-андак
  70. Олихаи ноз
  71. Рақс бикун ҷоно
  72. Боз омадии хуш омади
  73. Танҳо шудам
  74. Хазонрез
  75. Санги мазорам
  76. Хайрбод

Комментарии