Канзи Шифо

Канзи Шифо – ин китобест, ки оид ба табобати бемориҳои инсонӣ аз гуфтаҳои табибонӣ халқӣ ҷамъоварӣ кардашуда мебошад. Муалифи китоби Канзи шифо – Ҳомид Зоҳидов буда онро тӯли вақти дуру-дароз омода карду ниҳоят соли 1991 дар матбааи давлатии “Ирфон”, ба чоп расонид.

Канзи Шифо - китоб

Чопи 2013с. ва 1995с. (аз рост)

Китоби «Канзи шифо» дар худ оиди 322 – намуди растаниву ҳайвонҳо ки хусусияти табобатӣ доранд хело ба забони одии ҳозираи тоҷикӣ гуфта гузаштааст. Номгуи он наботоду ҳайвоноте ки номбар шудаанд онҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд ва ба мардум дастрас мебошанд, аз ҷумла: чойкҳак, пудина, гулҳои кӯҳӣ, шибит, саг, гусфанд, кабутар ва ғараҳо.

Муаллиф умуман дар Китоби худ одамонро ба 4-миҷоз тақсим карда ба ҳар яки он тарзи мувофиқи табобатро писандидааст. Ба қатори миҷозҳо дохиланд:

  1. Гарм,
  2. Хунук (сард)
  3. Тар
  4. Хушк

Инчунин дар китоб шаклҳои омехтаи миҷози инсониро ҷудо кардаанд, аз ҷумла:

  • Гарму хушк,
  • Гарму Тар
  • Сарду Тар,
  • Хушку Тар

Яъне мувофиқи гуфтаҳои ин китоб агар Одамро миҷозаш Хунук бошад пас вай аз растаниву ҳайвонҳое ки миҷозашон муқобили хунукӣ мебошанд истифода барад. Масалан гушти Гусфанд ва Ҷайра гарм аст ва барои бемориҳои аз хунукӣ зарардида муолиҷа менамояд.

Худ калимаи «Канз» ки дар номи китоб омадааст ба маънои бойгонӣ, анбор, кон, хазина мебошад. Китоб солҳои аввали истиқлолияти кишвар хело маъруф буд ва бо шумораҳои зиёде чоп шуда бо нархи арзон ки баробари арзиши 2-3 кг себ фурухта мешуд. То ба имруз ин китоб чанд маротиба аз сари нав чоп шудааст ва ҳоло онро дар мағозаҳои китобии шаҳру ноҳия ва ҳатто бозорҳо ҳам ёфта мешавад ва арзишаш тақрибан 5-6 доллари ИМА мебошад.

Скачать канзи Шифо ?

АЗ МУАЛЛИФ

Дар навиштани «Канзи шифо» асосан аз китобҳои тибби қадими «Тӯҳфат-ул-мӯъминин», «Ихтиёроти бадеӣ», «Махзан-ул-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити аъзам», «Илоҷ-ул-ғурабо» истифода бурдем. Низ ҳамчун унсурҳои иловагӣ ва мададрасон аз «Кашф-ул-луғот», «Бурҳони қотеъ», «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Ғиёс-ул-луғот»,«Суроҳ ва куроҳ», «Фарҳанги форсӣ ба русӣ», «Қомуси арабӣ-русӣ», «Энциклопедический словарь лекарственных и ядовитых растений» ва дигар манбаъҳои тибби қадим ва даврони мо баҳра бардоштем, ки хонандаҳои ин китоб ҳангоми истифода аз равиши матн дармеёбанд, вале як қисмашонро на, бинобар, номбар нагаштани унвони онҳо.

Аз ҳама душвортарини амалиёт он буд, ки шаш қитоби беҳад калонро дар рӯйи миз кушода дошта, аз саҳифаҳои онҳо маъно ва мазмун чидан ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нест, зеро ҳамаи – онҳо ба саҳни корӣ намеғунҷид. Барои хайрият аз ҳар яки қитобҳои мазкур давоҳои алоҳидаро шарҳан ба рӯйи варақ овардему баъд аз ҳар шаши онҳо ҷамъбандӣ намуда, ба услуби тоҷикӣ даровардем. Инак, навиштаҷот дар ҳафтдаҳ соли пурмашакқат ба поён расид.

Дар китоб маҳз он давоҳое гирд оварда шуданд, ки дар диёрҳои мо мавҷуданд, мерӯянд, сохта мешаванд, ки мо онҳоро мешиносем, инчунин он дармонҳои хориҷӣ дар бозорҳои мо ёфта мешаванд ва дар айни ҳол ҳамаи онҳо дар китобҳои тибби қадимаи номбурда дарҷ гардидаанд, низ ин ҷо ба қайд расиданд.

Ҳангоми шарҳ додани баъзе давоҳо низ як миқдор аз мушоҳидаҳои худро, ки хислатҳои онҳо бо карроти таҷриба собит гашта буданд, ба матн илова намудем.

Дар моҳияти ин китоб ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки дар ин асар давоҳои мундариҷ гардида ба 98 фоизи иллат ва бемориҳои мавҷуда бо муваффақият шифо мебахшанд.

МУҚАДДИМА

Мо инро аз рӯйи мазмун ба фаслҳо тақсим намуда, баён месозем.

ФАСЛИ ЯКУМ

ДАР БАЁНИ БАЪЗЕ ҲОЛАТҲО ДОИР БА СИТОРА

ВА САЙЁРАҲО ВА ТАБИИЁТ

Тамоми мавҷудоти сегонаи Замин, ки иборат аз ҷамод (ҷисмҳои беҷон), набот (растанӣ) ва ҳайвон ҳастанд – ҳама аз унсурҳои чоргона, ки оташ, ҳаво, об ва хок мебошанд, бо ҳам таркиб ёфта ва омехта гаштаанд. (Ин унсурҳои чоргонаро аркон ҳам меноманд). Ин ҳама ҳастӣ аз таъсири ситораҳо ва сайёраҳои ҳафтгона: 1. Зуҳал (Сатурн); 2. Муштарӣ (Юпитер); 3. Миррих (Марс); 4. Шамс (Офтоб); 5. Зӯҳра (Венера); 6. Уторид (Меркурий); 7. Қамар (Моҳ) бо мадади ситорагони собит пайдо шудаанд, инкишоф мёёбанд ва инқироз мегиранд. Ҳар яки ин ҷирмҳои фалакӣ ба ҳамдигар назорат, яъне муносибатҳои хоси табиӣ доранд. (Ин рӯйхат аз рӯйи ҷойгиршавии онҳо нисбат ба Офтоб набуда, балки мавқеъҳои онҳо аз ҷиҳати таъсирнокӣ ба Замин мебошад).

Барои равшан гардонидани моҳияти мавзӯъамон каме тавзеҳ медиҳем.

«Даври Қамар – аз замони Одам то ин замон – ҳама даври Қамар аст. Даври ҳар як кавкаби сайёра ҳафт ҳазор сол мебошад. Даври Қамар даври охир аз ҷумлаи адвори ҳафт ситорагон. Одам алайҳиссалом дар ибтидои даври Қамар пайдо шудаанд. Аз «Бурҳон» ва «Сироҷ-ул-луғот». Муаллиф гӯяд: чун аз «Оини акбарӣ» дарёфта мешавад, ки то имсол, ки соли 1242 ҳиҷрии қамарист (тақрибан 1825 милодист), Одам алайҳиссаломро 7170 соли шамсӣ гузашта. Аз ин маълум мешавад, ки билфеъл (ҳоло) даври Қамар нест, балки даври Зуҳал бошад ва аз онг то ҳол 170 соли шамсӣ гузаштааст» («Ғиёс-ул-луғот»).

Мо ҳоло тартиби шартии кавкабҳои сайёраро, ки дар боло рӯйхаташонро додем, медонем. Ҳар яке аз онҳо дар фазои кайҳон ба худ муайян мақом ва мадори ҳаракат доранд, Ҳар яки онҳо нисбат ба Замин давраи муайяни ҳокимӣ доранд, ки ҳар як аз он даврҳо 7000 солро дарбар мекардааст. Инро гузаштагони бостони мо муайян кардаанд. Ҳар як аз ин ҷирмҳои фалакӣ дар даври худ бо хосиятҳои хеш ба мавҷудоти ҷисмонӣ, ҳаёт, ҳодисоти қаъризаминӣ ва ҳаво таъсири худро додаанд ва медиҳанд.

Ҳар як сайёра ба худ хос қуввати мизоҷбахш дорад. Қуввати Зуҳал сард ва хушки бисёр, қуввати Муштарӣ гарм ва тари мӯътадил, қуввати Миррих гарм ва хушки бисёр, қуввати Офтоб гарм ва хушки мӯътадил, қуввати Зӯҳра сард ва тари мӯътадил, қуввати Уторид иборат аз сардӣ ва хушкии бо ҳам омехта, вале хушкиаш зиёдтар аст; инчунин ӯ ба ҳар як сайёра, ки наздик шавад, мизоҷи онро ба худ қабул мекунад; қуввати Моҳ сард ва тар, тариаш мӯътадил аст.

Аркон, яъне чор унсурҳои заминӣ ҳар яке ду табиатро (мизоҷро) дорост монанди Офтоб ва ҳаммартабаҳои он, ки онҳо ҳам ду қувват доранд: яке қуввати фоила, ки қуввати таъсирбахшанда ва дигаре қуввати мунфаила, ки таъсирро ба худ қабулкунанда мебошад. Қуввати фоила (таъсиркунанда) ҳарорат (гармӣ) ва бурудат (сардӣ), вале қуввати мунфаила (таъсиргиранда) рутубат (тарӣ) ва юбусат (хушкӣ) аст.

Се сайёра тобеъ ва ҳамамали се сайёраи дигари болоӣ мебошанд: Зӯҳра ҳамамали Муштарӣ, Уторид ҳамамали Зуҳал, Моҳ ҳамамали Офтоб ҳастанд. Ва ҳар он чӣ дар назари ҷаҳониён намоён ва воқеъ мегарданд, аз таъсири ҳамон ҷирмҳои осмонӣ ба амал меоянд, хоҳ дар қаъри Замин, хоҳ дар рӯйи Замин. Кӯҳҳо, соҳилҳо, уқёнусу баҳрҳо, хоҳ дар қабатҳои ҳаво бошанд, хоҳ хислати сабукӣ, вазнинӣ, риққат (суюкӣ), ғафсӣ, сахтӣ, софӣ, тирагӣ ва ғайра сохт, намуд, ҳолат дошта бошанд, дар натиҷаи омезиши аркон (об, ҳаво, оташ, хок) сурат мегиранд.

Ҳамаи ҳодисот ва рӯйдодҳои маҳз ва рӯйи Замин ба ихтиёри инсон вобаста нестанд, балки аз иродаи он берун мебошанд. Масалан, агар борон набораду хок набошад ва таъсири ҷирмҳои фалакӣ, аз ҷумла асари нурҳои Офтоб набошад, ҳеҷ гиёҳе дар Замин намерӯяд; инчунин таъсири ҷирмҳои осмонӣ амал накунанд, пастию баландиҳо, чуқурию тарқиш, баҳру бар ва ғайраҳо пайдо намегарданд. Истиқрори ҳамаи он ҷирмҳои кайҳонӣ аз қувватҳои ҷозиб-ул-марказ (кашиш ба марказ) ва торик-ул-марказ (аз марказ гурезиш) устувор мебошад, на аз сабабҳои дигар. Инчунин ҷонварони гуногун ва набототи рангбарангро бо ҳамҷинси онҳо ҷуфтӣ дода, насли навашонро ҳосил гардонидани инсон ҳам бидуни таъсири ҷирмҳои фалакӣ ба зуҳур намепайванданд. Аз ҳамин боис калон ва хурд омадани ҳаҷм ва ҷуссаи насли ҷонварону самарҳои наботот низ холӣ аз ин гуна таъсирот нестанд. Аз ин амалиёти таъсири боло ва ҳодисоти заминӣ хулосаи мантиқӣ зоҳир мегардад, ки ин ва он намудҳои наботот ва ҷонварони дигар барои қувватҳои ҳафтгона, ки ҷозиба (кашиш), мосика (нигоҳдорандагӣ), ҳозима (ҳазмкунӣ), дофиа (дафъкунанда), ғозия (ғизогирӣ), номия (нашъунамоёбӣ) ва муваллида (ҷинси худро офаридан) мебошанд, аз саховати ҷирмҳои осмонӣ баҳра мегиранд.

Азбаски ин гуна қувватҳо дар ҷисмҳои беҷон бисёр заифанд ва ба қадри кофӣ баназар намоён намегарданд, мо онҳоро ҳамчун қувваи мавҷуда намеписандем. Вале дар наботот он ҳафт қувват мавҷуданд ва ба шуури мо

мерасанд, ки инро қувваи наботия меноманд. Ғизои наботот аз қисмҳои обӣ ва хокӣ иборат буда, онро аз замин ба воситаи об ва ҳаво аз худ мегардонанд. Инашро ҳам бигӯем, ки чор дараҷаи ҳазми ғизо дар наботот бисёр заиф аст, бинобар ҳамин ба онҳо аз ин ҷиҳат кам эътибор дода мешавад, вале онҳо низ дорои ин чор марҳалаи ҳазм мебошанд. Инро як андоза тафсилот диҳем, ки ғуддаҳо (гиреҳҳо) дар тана ва решаи дарахтон пайдо шуда зиёдатиҳои (нодаркориҳои) ҳазми якум ва дувуми ҷисми онҳо мебошанд; шилм ва ширҳои баъзе растаниҳои ширдор, кафке, ки дар бехи баргҳо ва баргҳои баъзе наботот ба ҳам мерасанд – ин чизҳои зиёдатиест, ки аз ҳазми дараҷаи севуми онҳо ба амал меоянд, чунонки дар бадани ҳайвонот пешоб, саргин ва арақ чизҳои зиёдатӣ мебошанд, зоҳир мегарданд. Ин ҳодиса, яъне ба амал омадани чизҳои зиёдатӣ дар наботот монанди моддаҳои зиёдатии бадани инсон аст, ки вақти аз ҳад зиёда гаштани хун ба воситаи хуни бинӣ, хун қай кардан, дар пешоб хун омадан, бавосир, ҳайз, ҷамра (карбункул), варамҳо, доначаҳои дар пӯст дамида, пучакҳо, қӯтур ва ғайраҳо; хуни мурдор, сафро, савдо, балғам ҳангоми ҳодис гаштани бемориҳои ба ин моддаҳо хос моддаҳои зиёдатӣ, яъне моддаҳои нодаркор дафъ мегарданд. Дар ҳамаи ин рӯйдодҳо дахли ҷирмҳои осмонӣ иштирок дорад. Сахтӣ, сабукӣ, ковокӣ, риққат (нармӣ), ғафсӣ, вазнинӣ ва ҳамчунин хусусиятҳои қисмҳои Замин аз таъсири сайёра ва ситораҳо берун нестанд, хоҳ он чизҳои соҳиби ҳаёт дар об бошанд, хоҳ берун аз об дар хок ва ё дар сангистон рӯянд. Инчунин шакли набототро гирифтани ҳайвонот ва шакли ҳайвонот доштани наботот – хуллас, тамоми намудҳо ва сохти чизҳои ҷондор аз таъсири ҷирмҳои осмонӣ сурат мегиранд.

Ҳамаи узвҳои ҳайвонот, ки вазифаи хоси ҳаётии худро иҷро менамоянд, ин қабил узвҳо дар наботот ҳам мавҷуданд, вале дар сохт ва намудҳои дигар офариниш ёфтаанд. Тафсилоти онро бинобар ба илми растанишиносӣ мансуб буданаш мо ин ҷо зикр намекунем.

Инак, дар пайдо шудани ҷисмҳои гуногуни беҷон, наботот ва ҷондор, инчунин дар гуногунии офариниши хислатҳои шифобахш, заҳрнокӣ ва ғайраҳо таъсири мухталифи ҷирмҳои осмонӣ бечуну чаро мерасанд ва ранг, хислат, бӯ, хусусиятҳои гуногуни ҷисмонӣ, кайфият ва мизоҷи хоси онҳоро ба амал меоваранд. Масалан, пиёз аз ҷиҳати гармии мизоҷи худ ва тезии таъм ба сайёраи Миррих мансуб аст ва бинобар рутубат доштанаш ба Зӯҳра тааллуқ мебошад. Афюн бинобар сардии мизоҷи худ ба Зуҳал ва дар хушкии мизоҷ ҳам ба Зуҳалу Уторид мансуб аст. Ё ин ки як даво дорои чанд кайфият буда, ба якчанд кавкабони сайёра тааллуқ аст ва ё пӯсташ ба як сайёра, гулаш ба сайёраи дигар ва ғайра, қисмҳои дигараш, мумкин аст, ба дигар сайёраҳо мансуб бошанд.

  1. Давоҳои мансуб ба Зуҳал мухтасаран: Давоҳои ғайрихокистарранг ё сиёҳи хорнок, аҷзои даҳанро баҳамкашанда (даҳанро бурмакунанда) ва бадбӯ, ки дар ҷоҳои ноҳамвор ва сахтзамини кишварҳои ҷанубӣ бирӯянд ва он чӣ дар вақти некии ҳоли Зуҳал, яъне баргаштан ва дар мақоми баландӣ будани он пайдо шаванд, накӯхислатанд ва аз он ҷумла барои бемориҳои сипурз нафъ доранд. Он чӣ дар бадии ҳоли ин сайёра, яъне ҳангоми бозгашт аз мақоми баланди худ ва поён фуромаданаш давоҳое, ки пайдо мешаванд, шум ва зарарнок мегарданд. Аз ҳамин ҳолат ва мавқеъҳои фалакии ин сайёра кайфият, хосият ва таъсирнокии гуногуни давоҳоро муайян мекунанд.
  2. Давоҳои мансуб ба Муштарӣ мухтасаран: давоҳое, ки равғанноки хушбӯй ва некӯтаъм буда, гулашон сурх ё осмониранғ ва баргҳояшон соф (сафкашида) бошанду дар мавзеъҳои баланд ва талу теппаҳо бирӯянд, аз ҷумла ба ҷигар фоида доранд, хунро соф мегардонанд ва ҷароҳатҳоро ба ҳам меоваранд.
  3. Давоҳои мансуб ба Миррих мухтасаран: давоҳое, ки ба сурхӣ моил, шахшӯл, хорнок ва он чӣ сӯзонанда, агар ҷоҳои рӯидаи онҳо заминҳои хушк бошанд, ба ин сайёра тааллуқ доранд.
  4. Давоҳои мансуб ба Офтоб мухтасаран: ҳар як давои расидаи хушбӯй, лазиз, ширин ва гулу баргҳояшон сурх, хусусан дар мавзеъҳои кушода, ки шуоъи Офтоб ба онҳо бирасад, қувватбахши дил, рӯҳ ва чашм мебошанд.
  5. Давоҳои мансуб ба Зӯҳра муҳтасаран: давоҳое, ки таъмашон ширин, бӯяшон форам ва гулу баргҳояшон мулоим бошанд, кувваҳои шаҳвонӣ, бемориҳои занонаву бачадон ва иллатҳои мардона, инчунин бемориҳои хунукмизоҷ ва тармизоҷи начандон шадидро нафъ доранд; илова бар ин равған, чарбии бадан ва маниро зиёда мегардонанд.
  6. Давоҳои мансуб ба Уторид мухтасаран: давоҳое, ки баргашон ғафс, мулоим ва обдор буда, дар заминҳои пурнам, обдор ва дар миёни об бирӯянд, ба ин сайёра мансуб мебошанд.
  7. Давоҳои мансуб ба Моҳ мухтасаран: ҳар он чӣ дар мизоҷ сард ва тар бошаду дар ҷоҳои обдор ва дар об бирӯяд, мансуб ба Моҳ аст.

Маълум бод растаниҳое, ки ҳосилашон дар мағзи хок ба камол расад, варамҳо, обила ва донаҳои дар пӯст пайдошуда, инчунин мӯйи рехтаи болои сарро даво мебошанд, монанди: ширеш, сир (чеснок), пиёз; он чӣ решаҳои онҳо сӯрох ва ковокӣ дошта бошанд, ҷароҳатҳоро нафъ мебахшанд; он чӣ дар онҳо луобият ва часпандагӣ мавҷуд бошад, монанди: гулихайрӣ, анзарут, ширеш, сабир (алоэ); агар баргҳояшон сӯрохҳо ва дуруштӣ дошта бошанд, хориш, қӯтур, шукуфаи пӯст ва монанди инҳоро нафъ доранд.

Акнун рӯйхати як қатор давоҳоро дар мансубият ба сайёраҳои осмонӣ ба таври мушаххас номбар мекунем.

  1. Ба Зуҳал мансубанд инҳо; мӯрд (мирт), сурб (қӯрғошим), самари арча, гази калони кӯҳӣ, олу, зирк, сунбул, балут, билила, банг, хурмои ҳиндӣ, чинор, ғӯраи ангур, туршак (щавель), ҳино, сагкуҷула, сафедор, ҷувории сафед, ревоҷ (чукрӣ), дӯлона, равғани зайтун, пиёзаки сафеди саломалек, биҳӣ, татум, савсан, райҳон, шоҳбалут (кастона), шавкарон, газ, наск, мозу, мармиҷон, сагангур, санҷид, занбӯруғ, панҷангушт, олуболу, гелос, карафс, пай (қамиш), кабӯтар, сарв, сано, пахта, ток, кашниз, печак, ришибузӣ, зуф, лимӯ, мош, бомӯс (овёс), ҳалила ва инчунин ҳар чӣ мизоҷи сард ва хушк дошта бошад, мансуб ба Зуҳал аст.
  2. Ба Муштарӣ инҳо мансубанд: мӯрд, зарпечак, юнучқая зардак (говришқа), бобуна, бӯймодарони дуруштбарг, харбуза, баласон, шакари янтоқ, себ, хурмо, тут, анҷир, чормағз, ҳулба, тандум, ғӯраи сарв, нахӯд, ҳандалак, решаи ревоҷ, ревоҷ (чукрӣ), сагпистон, кунчид, савсан, шоҳитара, сабзии саҳроӣ, шалгам, шилм, ангур, сагангур, ғор (лавр), писта, рӯян, матинҷ, пахта, қанд, пардаарӯсак, пиёзи гандано, кишмиш, печак, говзабон, лӯбиё, мухаллас, садбарги сафед, гулисурх, морчӯба (спаржа), ёсамин.
  3. Ба Миррих инҳо мансубанд: пои зоғ, офтобпараст, ишлон, зарпечак, юнучқаи зардак (говришқа), болдирғон, бодён, анзарут, пиёз, биш, сир (чеснок), ҷадвор, ҷавзи бавво, испанд, индов, ҳилтит, ҳанзал (тарбузи абӯҷаҳл), хардал (горчица), бедгул, арпабодиён, заъфарон, занҷабил, сарахс (мужской папоротник), пиёзаки сафеди саломалек, ҷамилак, лоласурхак, сиёҳдона, кокутӣ, оқирқирҳо, пиёзи ансул, авсаҷ, ғор (лавр), турб, мурч, қаламфур, рӯян, пудина, қаранфули гардан, дил, ишқор, бӯймодарони маҳинбарг, ҷигар, пиёзи гандано, зира, райҳони гӯши муш, ҷойкаҳак.
  4. Ба Офтоб инҳо мансубанд: газна, парпӣ, савсани кӯҳӣ, бодрангбӯя (лимонная мята ё ки мелисса), бӯймодарони дуруштбарг, панҷангушт, тӯдарӣ, ҷавзи бавво, беданҷир, дорчинӣ, решаи ревоҷ, заъфарон, заҳра, сагпистон, шибит, сабир (алоэ), зардчӯба, занбӯруғи сафеди танаи дарахт, писта, ҳил, харбузаи сагак, тухми маҳсар, шунг, норанҷ, ҷойкаҳак, ёсамин.
  5. Ба Зӯҳра инҳо мансубанд: анҷир, беданҷир, савсани сафед, нилуфар, садбарги сафед.
  6. Ба Уторид инҳо мансубанд: бобуна, чормағз, арча, елими пӯсти ҳайвонот.
  7. Ба Моҳ инҳо мансубанд: исфанох, боқило, пиёз, чилмангӯштак (семизӯт), харбуза, бунафша, себ, тугмачагул, коҳу, кӯкнор, бед, шафтолу, нилуфар, анор, обсабз, каду, тарра, зардолу, коснӣ ва инчунин ҳар чизе, ки хунукмизоҷ бошаду дар об бирӯяд, ба Моҳ мансуб аст.

Мо ин маълумотро аз муқаддимаи «Махзан-ул- адвия» овардем.

Акнун мушоҳадаҳои худро зикр мекунем.

Инро тасаввур кардан душвор нест, ки он ҳафт ҷирмҳои осмонӣ ҳар яке якборӣ ҳафт ҳазор сол даври худро тай карда, дар як доираи навбат 49000 солро дарбар мекарда бошанд, пас ин хусусияти онҳоро, албатта, дар якборӣ гузаштани даври онҳо муайян накардаанд, балки баъди озмоиш ва мушоҳидаҳои такрор ба такрор ба хулоса омада, муқаррар намудаанд. Ин миқдор мурури вақтҳо давраҳои геологӣ ва астрономиро ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо бо илми нуҷум аз замонҳои хеле қадими барои мо ҳанӯз номаълум машғул будаанд, ҳатто ранг ва мизоҷҳои сайёраҳоро муайян кардаанд.

Олим ва мутафаккири барҷастаи рус Александр Леонидович Чижевский ба тадқиқоти таъсири Офтоб аз соли 1915 машғул шуда, доир ба ин соҳа китобчаи «Солнце и мы» (Москва, 1938) ва асари «Земное эхо солнечных бурь»-ро чоп кунонидааст. Ӯ ба ҳодисаҳои вулқонӣ, офатҳои гуногуни табиӣ, ҳодис гаштани ҳолатҳои мухталиф дар бадани инсон, дар техника ва ғайра таъсир бахшидани Офтобро ба воситаи афканишҳои худ дар ҳолатҳои гуногуни он баён намудааст. Вале, мутаассифона, мавҷуд будани таъсири сайёраҳои Офтобро ба Замин қайд накардааст. Агар ӯ бо илмҳои қадимаи мо сарукор медошт, аз тадқиқотҳои пурсамари олимони намоёни форс-тоҷик илҳом гирифта ва ба онҳо такя намуда, кашфиёти барчаста ва пурқимати илмии нав ба навро ба майдон меовард. Наомӯхтани андӯхтаҳои қадимаи мо танҳо гуноҳи Чижевский нест, балки нуқсонҳои интеллигенсияи аврупоист, ки аз қувваҳои империалистонаи давлати худ мағрур гашта, илмҳои мардуми Шарқро сарфи назар карда буданд ва худашон гӯё «илми нави олӣ таъсис дода» роҳи дигарро пеш гирифтанд.

Ҳатто барои ин тадқиқот ва кашфиёти Чижевский, ки барои олимони аврупоӣ навӣ буд, ӯро хору залил доштанд ва таҳқир карданд. Ҳол он ки кашфиётҳои барҷастатарин оид ба таъсири ҷирмҳои фалакӣ ба Замин, аз қадимтарин замонҳо маълум буданд. Барои далели ин фикрамон як мафҳуми кӯтоҳро аз «Қонунча»- и Абӯалӣ ибни Сино меоварем: «Хоб дар офтоб мамнӯъ ва дар қамар нофеъ». (Ин ҷо саҳифаи китобро зикр намекунем, зеро саҳифаҳо дар дастнависҳои гуногуи дар як низом набуда, балки дар саҳифа ва ҳаҷмҳои гуногун қайд гардидааст.)

Мо аз таҷрибаҳои худ медонем, ки ҳар касе дар зери шуои Офтоб хоб кунад, баъд аз бедор шудан гиҷ гаштани майнаи худро пай мебарад, вале агар дар моҳтоб бихобад, бедор шуда, худро сабук ҳис мекунад. Маълум мешавад, ки дар офтоб хоб кардан барои саломатӣ зарар ва дар моҳтоб хобидан фоида

доштааст. Ва ё чанд нафар одами гирифтори ин ё он беморӣ вақти шаб дар зери осмон бихобад, баъди аз уфуқ боло хестани сайёраи Зуҳал то ғуруби он ё ҳангоми дар осмон тобон будани сайёраи Муштарӣ ё Миррих ва ғайраҳо, ҳолати бемор ё ба хубӣ ё ба бадӣ дигаргун меёбад. Инҳо нишон медиҳанд, ки сайёраҳо ҳам ба мавчудоти Замин таъсир мебахшидаанд.

Боз як факти дигар дар аксари рӯзномаҳои ватанамон, ба ҳолати Офтоб такя карда, ҳар моҳ пешакӣ огоҳ менамоянд, ки фалон рӯзҳо ҳолати фалон гирифторони бемориҳо вазнин мегардад, барои ин фалон-фалон тадбирро ба амал оваранд.

Инаш ҳам пинҳон нест ва дар матбуот зикр ёфт. инчунин бо далелҳои қатъӣ собит гашт, ки ба Замини мо сайёраҳои дигари низоми Офтоб наздик оянд, дар Замин боришот бисёр мегардад.

Ё ки дутор ё танбӯрнавоз ва ғайра навоҳоро дурудароз замзама кунад, масалан, вақти саҳар оҳанги тораш ё садои асбоби дигари мусиқӣ хуштар ва форамтар ё ин, ки рӯҳафзотар мегардад. Ё ин ҳодиса дар дигар соатҳои шабонарӯзӣ рӯй медиҳад. Шунавандагон мегӯянд, ки «асбобаш гап зад». Ин ҳеҷ як чизи ғаробат надорад. Фақат ҳамин, ки он машқи ба мардум писандгашта дар соати сайёраи хос, ки ин мақом ба он мансуб аст, замзама карда шуд, яъне он порчаи мусиқӣ дар соати худаш навохта шуд.

Инаш ҳам ба мо маълум аст, ки мақомҳои мусиқии лаҳни Борбад ва Шашмақом ҳар яке вақти муайяни навохтан доранд ва агар ин ё он оҳанг дар вақти худаш иҷро шавад, комилан таъсирбахш мегардад, ҳам барои роҳат, ҳам барои табобат.

Акнун доир ба таъсири ҷирмҳои кайҳонӣ ба Замин. Як чизи оддиро ба мадди назар биёварем. Ҳангоми сар баровардан сари ҷуворимаккаро аз растании сабзаш ҷудо кунему дони аз он ҳосилшударо дар замин бикорем – намерӯяд. Ин ҷо чӣ ҳодиса рӯй дод? Вақте ки мо онро бесар мегардонем, аз он сар, ки яке аз узвҳои насл аст ва барои қабул кардани таъсири ҷирмҳои осмонӣ баҳра бурдану ба амал овардани ҳуҷайраи насл хизмат мекард, маҳрум гардонидем ва бо ҳамин сабаб наслаш қатъ гашт. Ин гуна ҳодисаҳо дар инсон ҳам рӯй медиҳад. Масалан, шоири туркнажод Машрабро ба хотир биёварем. Ҳангоми дар Қошғар дар даргоҳи пешвои дини ислом Офоқхоҷа буданаш, Офоқхоҷаи солхӯрда ба яке аз занҳои ҷавони худ рашк карда, ҳамчун ҷазо, мӯҳри фулуззиро ба дараҷаи сурхӣ тафсонида, ба пупгги гардани Машраби ҷавон зер кард ва аз ин амал шоири мазкур аз хислати мардии худ маҳрум гашта буд.

Ё бигирем, баъзе одамҳо хушрӯ набошанд ҳам, вале дилкаш ва дидадаро ҳастанд, онҳоро тоҷикони мо «ситорааш гарм» мегӯянд ё баъзе одамон, ки ҳатто агарчи хушрӯ бошанд ҳам, дилкаш нестанд ва мардуми мо ин қабил одамонро «ситорааш хунук» мегӯянд. Охир, намуди рӯйи одам ба ситора ва ё ба сайёра ҳеҷ монандӣ надорад, вале барои чӣ писанд ё нописандии онҳоро ба ситора нисбат додаанд? Ҷони гап ҳам дар ҳамин аст, ки таъсири ситора ва сайёраҳоро одамони мо ҳанӯз аз давраҳои қадим пай бурда буданд. Касонеро, ки «ситорааш гарм» мехонанд, албатта, хислатҳои маҳмуда ва корҳои писандида дар онҳо зиёданд ва шахсонеро, ки «ситорааш хунук» медонанд, ҳамон тавр хислатҳои номарғуб ва кирдорҳои номатлуб аз онҳо бештар зоҳир мегарданд. Аз инаш ҳам огоҳ кунем, ки онони «ситорахунук» ҳам барои худ одамони мувофиқи табъро меёбанд, бо онҳо унс мегиранд ва ғайра.

Инак, ҳамаи сайёраҳои номбаршуда ҳар шабонарӯзӣ бо навбати худ як соатӣ бар мавҷудоти Замин ҳокимӣ мекунанд. Ин мафҳум дар як қатор китобҳои қадима дарҷ гардидааст, ки вақтеро «соати Зуҳал» ва вақти дигарро «соати Муштарӣ» ва ғайра медонанд.

Комментарии