Чурабек Муродов

Сурат Джурабек Муродов

Сурат: Чурабек Муродов

Ҷурабек Муродов – Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС. Устод Муродов Ҷурабек 24-уми декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ва ба камол расидааст. Ҷурабекро ҳамчун ҳофиз ва оҳангсозӣ хело шуҳратманди на танҳо ҳалқи тоҷик балки давлатҳои Осиёи марказӣ медонанд.

Тарҷумаи ҳоли Ҷурабек Муродов ва аъзоёни оила:

Падари Ҷурабек Муродов – Ғолибеков Муродбек (соли таваллуд 1904). Модар – Фатҳулоева Бибиоиша (соли таваллуд 1900). Ҳамсар – Исмоилова Мушарафа Абдуғафаровна (санаи таваллуд 20 уми феврали 1947).

Фарзандон: Писари калонӣ Фирдавсбек Ҷурабекович ( санаи тав. 23.09.1966), Хусравбек Ҷурабекович ( с.т. 11-уми янв. с. 1973), Парвизбек Ҷурабекович (с.т. 31.07.1977), Ҷонибек Ҷурабекович (санаи тав. 29.05.1986).

Соли 1962 г. Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хӯҷандро хатм намуда то соли 1963 дар донишкадаи мазкур ба сифати ёрдамчии кафедраи педагогика ва методикаи синфҳои ибтидоӣ кор кардааст.

jurabek_murodov-2

Photo Jurabek Murodov 1980

Тӯли солҳои 1963 – 1992  ба сифати сароянда-вокалисти Филармонияи Давлатии Тоҷикистон кор када то ба мартабаи роҳбари дастаи ҳунарии роҳбари тасвирии ин муассиса фаъолият кардааст.

Бо сабаби рӯй додани ҷанги шаҳрвандӣ ва тунд шудани вазъи сиёсӣ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов ҷойи манзил ва кори худро тарк карда ба шаҳри Хӯҷанд кӯчида рафт ва дар он солҳои 1992-2006 ба сифати сароянда дар театри суруду масҳакавии ба номи К. Хӯҷандӣ, фаъолияти касбӣ намуд.  Ба сифати роҳбари тасвирии ансамбли «Шашмақоми» назди Кумитаи давлатии телевизион ва радио дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2001 ба ҳайси роҳбари тасвирии ансамбли давлатии шашмақомхонони «Нури Хӯҷанд» дар шаҳри Хӯҷанд низ фаъолият кардааст.

Сафарҳои ҳунарии Ҷурабек Муродов ба як зумра давлатҳои дуру наздик анҷом дода шудааст. Шогирдони зиёдеро ҳам касбомӯзӣ кардааст ва ба сифати онҳо К. Содиқов, М. Насриддинов, Н. Маҳкамов, Д. Алиматов, Х. Ортиқова, Ш. Мухторов, Х. Зарифов, А. Шодиев, Ф. Алифова ва дигаронро номбар кардан мумкин аст.

Аз соли 1988 ӯро ба ҳайси Раиси ҷамъияти таронахонони Тоҷикистон ва аз соли 1991 ба вазифаи муовини якуми ҷамъияти Умумишӯъравӣ (алҳол Иттиҳодияи байналхалқии кӯдакони таронахон) таъин шуда буд.  Ҳамчунин вазифаи Раиси Хазинаи сулҳи Кишвар таъин шудааст.

Аз соли 1990 то 1994 муҳтарам Ҷурабек Муродов, ба ҳайси Депутати шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Аъзои Президиум ва Раиси Кумита оид ба корҳои санъат, муносибатҳои байналҳалқӣ ва алоқаҳои беруна) таъин шуда кор кардаанд.

Ҳоло бошад роҳбари тасвирии (художественным) дастаи ҳунарии – ансамбли «Шашмақом» дар назди Кумитаи Телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ таъин шуда фаъолият карда истодаанд.

Видео 70-солагии Чурабек Муродов (мехмон Иосиф Кобзон)

Меҳнатҳои касбии Ҷурабек Муродов

Аз кӯдакӣ дар ватани кӯҳии худ Ҷурабек ба омухтани ҳунари таронахонӣ аз волидойнаш ва акаи калониаш кӯшиш ба харҷ дода бо мурури замон бо рушд додани ин самти фаъолият ва омухтани ҳунарҳои ҳунарпешаҳои қаблӣ аз ҷумла Ҳоҷи Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Шарифа Ҷураева ва Боймуҳаммада Ниёзов ба ӯ муяассар гашт ки малакаву донишашро хело сайқал диҳад.

Джурабек  в молости

Джурабек в молости

Ҳунари Ҷурабек иборат аз се самт мебошад, аз ҷумла: сурудҳои халқӣ, классикӣ ва шеърҳои шоирони замона. Ҳунарҳои худро дар шакли суруд ба воситаи асбобҳои мусиқии мардумӣ аз ҷумла рӯбоб, доира ва дигарҳо ташаккул медиҳад. Дар таърихи фаъолияти ҳунарии худ Ҷурабек Муродов дар хондани зиёда аз 2000 суруд иштирок карда ва бештар аз 500 адади онро хуби ӯ бевосита сароидааст. Дар сурудҳои Ҷурабек асосан насрҳои шоирон Мирзо Турсунзода, Есенин С.А. ва ва Лоиқ Шералӣ, истифода шудааст.

Ҷурабек на танҳо дар иҷроиши ҳунарҳои ҳалқи тоҷик (куҳану нав) балкӣ дар ифшои санъати дигар халқиятҳои давлатҳои собиқ иттиҳоди шӯъравӣ саҳми босазо гузоштааст.

Дар баромадҳои Ҷурабек Муродов мавқеи асосиро, сурди халқии рус бо номи «Калинка», дар ҷаҳон маъруфтарин суруд «Катюша» (ба забони русӣ, тоҷикӣ ва ҷопонӣ), суруди армании «Мехак», таронаи халқии гурҷӣ «Сулико»,  қирғизӣ «Тумарим», туркменӣ «Элпессе», озарӣ «Ғалбим сандадер» ва дигарон.

Музика-суруд-видеоклип Чурабек Муродов (Ало шодоб Сохилхо) 2015 с. 

Мукофотҳои Ҷурабек Муродов:

  1. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967)
  2. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974)
  3. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1979)
  4. Мукофоти Ленинии комсомоли ҶШС Тоҷикистон (1975)
  5. Мукофоти давлати ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1987)
  6. Ордени «Нишони ифтихор» (1980)
  7. Ордени «Шуҳрат» (Тоҷикистон)
  8. Медал «Барои фаъолияти ҷасурона. Дар ҷашнгирии  100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»
  9. Медали тиллоӣ – иттиҳодияи консертии Ҷопон «Мин-он» (1987)
  10. Грамотаи ифтихории Президиуми Шӯрои олии Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.
  11. Шаҳрванди боифтихори Самарқанд (1980)
  12. Шаҳрванди боифтихори Бухоро (1980)
  13. Шаҳрванди боифтихори Нуроти Узбекистон (1982).
 

Ба ифтихори ҳунари Ҷурабек Муродов як қатор маводҳои чопӣ ба тасвиб расидаанд, аз ҷумла китоби «100 суруди Ҷурабек Муродов» 1982,    «Олимақом» (1995, муаллиф М. Тоҳирӣ, Ф. Каримов, Ш. Мухтор), «Чурабек Муродов» (2002, муаллиф М. Шарифова), кинофилм «Ҳофизи мо» (1979, реж. А. Қудусов), телефилм «Тори дил» (1980, реж. Л. Налоева).

Сурати Чурабека Муродов
jurabek_murodov-7

Зану фарзандон

 

Тамос бо Чурабека Муродов.

Телефон: (3772) 21-57-54, 21-57-71.

 

Ваатани  Чурабек Муродов дар харита 

Комментарии