Чумхурии Точикистон

Точикистон (порси: تاجیکستان , хати ниёгон: تاجیکستان) — кишваре дар Осиёи Маркази аст ва ватани Точикон. Номи расмии кишвар Чумхурии Точикистон (порси: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шахри Душанбе аст.

Река Пяндж а далее Амударя

Дарёи Панч дар Точикистон

Точикистон дар шимолу гарб бо Узбакистон (1161 км), дар шимолу шарк бо Киргизистон (870 км), дар шарк бо Чин (414 км) ва дар чануб бо Афгонистон (1206 км) марз дорад. Марзхои Точикистон бисёр печдор буда дар тули чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Точикистон бо Афгонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рудхои Панч ва Омударё мегузарад.

Точикистон кишваре кухсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёхои озод дастрас надорад.

Пахноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар чахон) аст ва бино бар додахои саршумории соли 2013 дар Точикистон 8 000 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онхо точик, 15 дарсадузбак 12.2% (2010)[4], 1,3 дарсад киргиз, 1 дарсад русу укроиниву тотору гайра хастанд. Бештари мардуми Точикистон эронизабон (порсизабону помиризабон) ва мусулмон (суннимазхабон: ханафихо 97%, шиъамазхаби исмоъили такрибан 2%) хастанд.

Мундарича:

  • Идхои расмии Точикистон
  • Таърих
  • Точикистон дар низоми Иттиходи Шурави
  • Чумхурии Точикистон
  • Хокимияти давлати
  • Парламенти Точикистон
    • 6.1Президент
    • 6.2Хукумат
    • 6.3Хокимияти махалли
  • 7Низоми сиёси
    • 7.1Хизбхои сиёсии Чумхурии Точикистон:
  • 8Бахшбандии кишвари
  • 9Иктисод
    • 9.1Саноат
    • 9.2Бонкхо ва ташкилотхои карзи
  • 10Бекори ва мухочирати мехнати
    • 10.1Хочагии кишоварзи
  • 11Энергетика
    • 11.1Лоихахои муштараки инвеститсионии Чумхурии Точикистон
      • 11.1.1Точикистон ва Чин
    • 11.2Точикистон ва Россия
    • 11.3Точикистон ва Эрон
    • 11.4Точикистон ва Бонки рушди Осиё, хазинаи ОПЕК
    • 11.5Боз нигаред
    • 11.6Рохи автомобилгарди АйниПанчакент
    • 11.7Сохтмони китъаи лулаи гази «Осиёи Маркази – Хитой»
    • 11.8Соли 2016
  • 12Чугрофия
  • 13Иклим
  • 14Расонахои хамагони
  • 15Очонсихои Иттилоотии Точикистон
  • 16Воситахои алока
  • 17Адабиёт
    • 17.1Адабиёти точик дар асрхои миёна
    • 17.2Адабиёти точик дар асри XX
  • 18Меъмори ва санъати тасвири
  • 19Мусики ва театр
  • 20Варзиш
  • 21Муассисахои фарханги
  • 22Боз нигаред
  • 23Аксхои Точикистон
  • 24Омузишу парвариш ва фарханг
  • 25Пайвандхои беруна
  • 26Пайнавиштхо

Идхои расмии Точикистон

  • 1 январ – Соли нави мелоди
  • 23 феврал – Рузи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон
  • 8 март – Рузи модар
  • 21 – 24 март – Иди байналмилалии Навруз
  • 1 май – Рузи байналмилалии якдилии мехнаткашон
  • 9 май – Рузи Галабaи халкхо дар ЧБВ (1941-1945)
  • 27 июн – Рузи вахдати милли
  • 9 сентябр – Рузи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон
  • 5 октябр – Рузи забони давлатии Чумхурии Точикистон
  • 8 октябр – Иди Мехргон
  • 6 ноябр – Рузи Сарконуни Чумхурии Точикистон
  • 24 ноябр – Рузи Парчами миллии Чумхурии Точикистон
  • Иди Рамазон – 1 руз – хар сол (мутобики таквим)
  • Иди Курбон – 1 руз – хар сол (мутобики таквим)
  • Иди Сада

Таърихи Точикистон

Таъриху фарханги Точикистон бо Афгонистону Эрон яксону монанд аст. Кухантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёихо, бар сарзамини худ нихода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дарАвесто ёд шудааст. Чойгохи ин сарзамин хануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини Ориёи ба 16 подшохи чудо гардид, ки аз онхо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Хамин ном дертар Airyānǝm XšaθramAryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.

Историческая фото ТАУ (1975г.)

Яке аз он 16 dahyu ё деха (дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшохист) Сугд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Точикистонро дарбар мегиранд. Сугду Бохтар(Балх) дар замони хукуматдории Хахоманишихо (558 – 330 то милод) — яке аз хšaθra ё шахрхои(кишвархои) Ориёно шудаанд. Ба кишвари Ориёно – Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Турон – Давлати Афросиёб, Подшохии Бохтари кадим, Давлати Сугди кадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шахр (дар порсии бостон ба маънии подшохист) ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш [[Вароруд (Варазруд)|Вар аз руд]] аст. Дар «Шохнома» – и А. Фирдавси ин сарзамин Турон хонда шудааст. Дар бораи шахрдории ниёгони халки точик бозёфти шахркадаи Саразм (аз калимаи точикии “сарзамин”) шаходат медихад, ки хазорсолахои IV – II то милод рушду нумуъ дошт. Шахркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Точикистон аст, ки соли 2010ба Фехристи мероси фархангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Пас аз лашкаркашии Искандари Макдуни ин сарзамин бахше аз подшохии Искандар (330 – 323 то милод) ва Селевкиён (312 – 150 то милод), подшохии Юнону Бохтар (250 – 125 то милод), шоханшохии Ашкониён (250 то милод — 224 милоди), шоханшохии Кушониён (садахои I то милод– IV милоди), Давлати Сосониён (224 – 651), шоханшохии Хайтолиён (садахои IV – VI)ва шоханшохии Хоконии турк (551 – 741) шуд. (Нигаред:Давлатхои ниёгони халки точик)

Дар замони Сосониён (224 – 651) ин сарзамин дар маводхои таърихи Вароруд (Варазруд) ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшохии чудогона дошт.

Дар нахустин садахои исломи, дар солхои 705-715, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати Араб фармон меронданд, арабхо бар Сосониён тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба араби баргардон шуд ваМовароуннахр хонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.

Пас аз густариши Ислом дар Эрону Турон, вилояти Хуросон, аз чумла Мовароуннахр(Вароруд (Варазруд)), зиндакунандаи фарханги эрони ва офаринандаи забони порси-дари буд, ки чонишини забони пахлави, сугди, тахори, хутану сакои шуд. Нахустин шоирони порсигуй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рудаки, ки падари шеъри порси(форси) шинохта шудааст. Дар нахустин садахои исломи, Хуросон ва Мовароуннахр гахвораи фархангу дониши исломи буданд ва бузургоне чун Ибни Сино, Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорои, Закариёи Рози, Фороби ва нафарони дигар дар худ парвариданд.

Маколаи асоси: Давлати Сомониён

Дар садаи X милоди, дар замони хилофати сулолаи Аббосиён, амирони сулолаи Сомониён, ки аз хонаводае точик буданд бархоста, бар Вароруд (Варазруд)у (Мовароуннахру) Хуросон фаромонраво гаштанд. Давлати Сомониён (819 – 999) – нахустин давлати миллии точикон гардид.

Сомони (Нац. Герой)

Ду давлати дигари точикон – давлати Гуриён (1150-1215) ва давлати Куртхои Хирот (1245-1381) дар Хуросон ва Шимоли Хиндустон муддате арзи хасти намуданд. (Нигаред:Давлатхои сулолахои форисзабон (точикон))

Пас аз сулолаи Сомониён (819 – 999) бар ин сарзамин подшохоне турку мугултабор аз силсилахои Газнавиён (998 – 1187), Карохониён (1005 – 1141), Карохитоиён (1141 – 1212), Салчукиён (1037 – 1194), Хоразмшохиён (1077 – 1231), Чингизиён (1220– 1370), Темуриён (1370 – 1501), Шайбониён (1501 – 1599), Аштархониён (1599 – 1753) ва Мангитиён (1753 – 1920) фармон рондаанд. (Нигаред:Халки точик дар хайати давлатхои сулолахои турку мугулнажод)

Дар солхои 1864 – 1895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони мангитии Бухоро ва хони Хуканд буд, русхо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.

Дар солхои 1917 – 1921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани тартиботи шуравии коммунисти шуда гузашт, ки боиси хичрати кисми ахоли аз Ватан гардид. Пас аз шикасти амири Бухоро аз шуришчиёни инкилоби дар 2 сентябри соли1920, дар сарзамини ин аморат Чумхурии Халкии Шуравии Бухоро бунёд ёфт.

Точикистон дар низоми Иттиходи Шурави

Маколахои асоси: Республикаи Советии Социалистии Точикистонва Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон

Соли 1924 дар натичаи гузаронидани таксимоти миллии худуди дар Иттиходи Шурави, ин кишварро ба чанд чумхури чудо карданд ва дар бахшхои шаркии он Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар таркиби Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Узбакистон сохта шуд. Зодгохи тамаддуну фарханг ва офаринандагони забони форси-точики дар натичаи ин амали сунъи парешон гардиданд. Танхо,соли 1929 Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон аз Узбакистон чудо шуд ва Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон ном гирифт.

Герб Таджикистана

Герби Точикистон

Дар ЧШС Точикистон идеологияи коммунисти хукумрон гардида, дини ислом ба зери таъкиб карор гирифта буд, Кисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Хукумати шурави чангиданд (чанги шахрвандии с. 1921-1924). Аммо ба максади хеш нарасида Ватанашонро тарк намуданд. Дар солхои 30-40 асри XX асосхои нави истехсолоти саноатй дар ЧШС Точикистон гузошта шуданд. Дар дехот коллективонии хочагидории дехкони анчом ёфта, боиси аз байн рафтани дехконони сохибмулк гардид. Инкилоби мадани ба хаёти точикон мактабхои навъи шурави (мактаби махви бесаводии калонсолон, кудакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгохи касби, мактаби оли) муассисахои илмиву фарханги (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-кироатхона, осорхона, боги истирохат, кинотеатр, варзишгох)- ро ворид намуд. Точикистон комилан ба мучтамаъи ягонаи умумииттифокии хочагии халк хамрох гардида, пурра тобеи Марказ (Иттиходи Шурави) гардид.

Солхои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони тахчойи ба монанди Бобочон Гафуров, Турсун Улчабоев, Чаббор Расулов ва Каххор Махкамов иктисодиёти Точикистон рушд меёфт. Точикистон ба мамлакати хочагидориаш индустриали – аграри табдил ёфт, фархангу санъати милли эхё гардид. Сатхи зиндагии мардум бахтар мегардид. Вале, бо вучуди он, Точикистон нисбат ба дигар чумхурихои шурави аз чихати таъмини манзили истикомат, музди миёнаи маош, муассисахои илми, маориф, фарханг, шумораи бекорон ва диг. дар чойи охирон карор дошт. Иктисодиёти Точикистон асосан барои таъмини корхонахои марказии Иттиходи Шурави бо ашёи хом (неруи барк, пахта, канданихои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд. Дар давраи мавчудияти Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон (солхои 1924 – 1991) халки точик аз нав тамаддуну фарханг ва забони форси-точикиро дар каламрави хеш эхё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории сохибистиклоли Точикистон гузошта шуд. 24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шурои Олии ЧШС Точикистон, Эъломияи истиклолияти Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар хайати Иттиходи Шурави (ИЧШС) кабул намуд.

Пас аз “табадуллот”-и (ГКЧП) коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффакият анчом ёфт, Шурои Олии Чумхурии Точикистон (даъвати 12) 9 сентябри соли 1991 Изхорот “Дар бораи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон” эълон дошт. Дар асоси ин изхорот Шурои Олии Чумхурии Точикистон карори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон» кабул намуд.

Чумхурии Точикистон

Харчанд эълони истиклолият хамаи азхоби сиёсиро конеъ гардонида буд, вай натавонист пеши рохи муковимати сиёси ва махалбозии кавмиро бигирад. Аз чониби азхоби ба хукумат мухолифи сиёси эътироф нашудани Каххор Махкамов хамчун Президенти ЧТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи хам иваз шудани раисони Шурои Олии Чумхурии Точикистон (К. Аслонов, С. Кенчаев, А. Искандаров) макомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазохуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёси интихоботи умумихалкии Президенти ЧТ баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятхои нави сиёсию идеолужи, мазхабию махалгарои ва кавмию инфироди боис гардид. Вазъи иччтимоию иктисодии чумхури руз ба руз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардидани Рахмон Набиев (58,6% овозхо) неруи мухолифин бо бахонахои гуногун фаъолияти хукумати навро сарзаниш менамуданд. Соли 1992 аз мохи март то ибтидои май тазохуроти пай дар пайи хизбу харакатхои ба хукумат мухолифин ва чонибдорони хукумат дар шахру нохияхои Точикистон, махсусан Душанбе ба фалач шудани макомоти ичроиия ва конунгузории маркази ва махалли сабаб шуд.

Таъсисёбии Чумхурии Точикистон ба давлатдории сохибистиклоли халки точик ва эхёи навини тамаддуну фарханг ва забони форси-точики дар каламрави хеш асос гашт. Вале низоми давлатдории точикон бо амри таърих боз ба душворихои нав рубару омад. Зиддиятхои аз давраи давлати шурави мерос монда ва дахолати душманони истиклолияти миллати тамаддунофари точик, халкро ба вартаи чанги бародаркуш,чанги шахрванди гирифтор намуданд. Вокеоти май – ноябри соли 1992 пояи далатдории Точикистонро заиф сохта, кишварро ба кисматхо таксим кард ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад. Махз дар чунин шароити сангин 16 ноябри соли 1992 ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар Хучанд баргузор гардид, ки дар он Э. Рахмон Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон интихоб гардид. Дар ичлосияи таърихи дар катори хукумати тозаинтихобгардида, масоили хотима додани муковимати сиёси- низомии байни хукумати расми ва нерухои мухолифин, ба эътидол овардани хаёти ичтимои -иктисоди, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва мухочирони ичбори мавриди мухокима карор гирифтанд.

Вале, масъалаи асосии хаёти чамъияти-сиёсии Точикистон – хотима додани муковимати сиёси – низомии байни хукумати расми ва нерухои мухолифин халли мусбати хешро танхо соли 1997 ёфт. Дар натичаи музокироти байни точикон оид ба сулх ва оштии милли солхои 1994 – 1997 дар ш. Москва 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти милли дар Точикистон» ба имзо расид.

Хукумати Точикистон минбаъд ба амали сохтани барномаи ислохоти иктисоди барои солхои 1995 – 2004 ва барномахои дигар шуруъ намуд. Барои аз хатари гуруснаги эмин доштани ахоли ва бо озука таъмин намудани бозори дохили Фармонхои Президенти ЧТ Э. Рахмон аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин чудо намудан барои хочагии назди хавлиги» ва 1 декабри соли 1997 иловатан чудо намудани боз 25 000 га замин ахамияти калон дошта буд.

Дар натичаи ислохотхои иктисодии дар чумхури амали гардида муносибатхои нави иктисоди бозори, ки асоси онро моликияти хусуси, чамъиятхои сахоми, хочагихои дехкони ва инфироди ташкил медоданд, чори шуда истодаанд.

Вале иктисодиёти Чумхурии Точикистон дар айни замон бе кумаки молиявии хоричи лоихахои бунёдиро амали карда наметавонад. Карзи берунаи молиявии Чумхурии Точикистон дар соли 2012 $2 млрд. 130 млн. долларро ташкил медод.

Дар ибтидои асри XXI барномахои рушди стратегии кишвар муайян карда шудаанд. Истиклолияти озукавори, амнияти энергетики ва рахоёби аз бунбасти коммуникатсиони – хадафхои стратегии сиёсати дохилии Чумхурии Точикистон мебошанд.

Кабули Конститутсия (Сарконун)-и чумхури ва интихоби умумихалкии Президенти Чумхурии Точикистон (6 ноябри соли 1994) боз як кадами устувор дар давлатдории кишвар гардид. Тагйироту иловахо ба Сарконуни Чумхурии Точикистон (26 сентябрисоли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 15-уми майи соли 2016). Интихоботи вакилон ба Мачлиси Олии (2 палатагии) Чумхурии Точикистон (феврал-марти соли 2000) чорабинихои навбати дар такмили сохтори сиёсии чумхури гаштанд. Чумхурии Точикистон дар замони истиклолият дар доираи Созмони Милали Муттахид (СММ – ООН), Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САХА – ОБСЕ), Созмони хамкории Шанхай (СХШ – ШОС) ва дигар созмонхои байналмиллали хамкори намуда истодааст. Хамкории Точикистон бо давлатхои ИДМ ва мамлакатхои дигари чахон пайваста рушд меёбад.

Хокимияти давлати

Хокимияти давлати дар Чумхурии Точикистон дар асоси таксими он ба хокимияти конунгузор. ичроия ва суди амали мегардад. Дар боби сеюм, чахорум, панчум, шашум, хафтум, хаштум Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон (Соли 1994) сухан оид ба хокимияти конунгузор, ичроия ва суди дар Точикистон меравад.

Парламенти Точикистон

Маколаи асоси: Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Парламент

Дар боби сеюми Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон коидахои умумии фаъолияти Парламенти Точикистон – Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон навишта шудааст. Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон макоми олии намояндаги ва конунгузории Чумхурии Точикистон мебошад. Мачлиси Оли аз ду Мачлис – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат аст (Мачлиси ду палатаги баъд аз ворид гардидани тагйироту иловахои раъйпурсии уммумихалкии соли 1999 ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст). Мухлати ваколати Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Мачлиси Олиро конуни конститутсиони танзим мекунад.

28 феврали соли 2010 интихоботи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон баргузор гардид ки дар он 3 миллиону 289 хазору 377 нафар интихобкунандагон ширкат карданд, ки 90,3 фоизи интихобкунандагонро ташкил медихад. Тибки натичаи чамъбасти интихобот, 41 вакил аз хавзахои якмандати ва 22 вакил аз хавзаи ягонаи умумичумхурияви интихоб гардиданд. Дар байни вакилони Мачлиси намояндагон 45 нафар аъзои Хизби Халки Демократии Точикистон, 2 нафар аъзоиХизби Коммунисти Точикистон, 2 нафар аъзои Хизби Нахзати Исломии Точикистон, 2 нафар аъзои Хизби Аграрии Точикистон, 2 нафар аъзои Хизби Ислохоти Иктисодии Точикистон ва 10 нафар гайрихизби мебошанд.

Президент

Маколаи асоси: Президенти Точикистон

Дар боби чахоруми Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон коидахои умумии фаъолияти Президенти Чумхурии Точикистон навишта шудааст. Президенти Чумхурии Точикистон сарвари давлат ва хокимияти олии ичроия мебошад. Президент дар доираи салохияти худ фармон мебарорад ва амр медихад, дар бораи вазъи кишвар бп чаласаи яачояи Мачлиси Милли ва Мачлиси Намояндагон маълумот медихад, масъалахоеро, ки заруру мухим мешуморад, ба мухокимаи чаласаи якчояи Мачлиси Милли ва Мачлиси Намояндагон пешниход менамояд. Президент тарики интихоботи умуми, мустаким, баробар ва овоздихии пинхони ба мухлати 7 сол интихоб карда мешавад. Номзад ба президенти бояд 10 соли охир дар мамлакат зиндаги карда, забони давлатиро донад, синнаш аз 35 зиёд бошад. Ниг. Бобби 4 Конститутсияи Чумхурии Точикистон.[8]

6 ноябри соли 1994 Эмомали Рахмон бо рохи овоздихии умумихалки Президенти Чумхурии Точикистон интихоб шудааст. 6 ноябри соли 1999 Эмомали Рахмон аз нав дар асоси алтернативи ва бо овоздихии умумихалки бори дуюм ба мухлати хафт сол Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардид. 6 ноябри соли 2006 Эмомали Рахмон дар интихоботи озоду шаффофи демократи дар асоси алтернативи бори сеюм ба мухлати хафт сол Президенти Чумхурии Точикистон интихоб шуд.

Рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Чумхурии Точикистон иборат мебошанд. Ливо ва Нишон рамзхои расмии хокимияти президенти дар Чумхурии Точикистон мебошанд.

Хукумат

Маколаи асоси: Хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон

Дар боби панчуми Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон коидахои умумии фаъолияти Хукумати Чумхурии Точикистон навишта шудааст. Хукумати чумхури аз сарвазир, муовини якум ва муовини у, вазирони, раисони кумитахои давлати иборат аст. Хукумати чумхури рохбарии самараноки сохахои ичктисоди, ичтимои, фарханги ва ичрои конунхо, карорхои якчояи Мачлиси Милли ва Мачлиси Намояндагон, карорхои Мачлиси Милли, карорхои Мачлиси Намояндагон, фармону амрхои Президенти Чумхурии Точикистонро таъмин мекунад.(Ниг. Бобби 5 Конститутсияи Чумхурии Точикистон) ).[8]

Хокимияти махалли

Дар боби шашуми Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон коидахои умумии фаъолияти Хокимияти махалли навишта шудааст. Хокимияти махалли аз макомоти намояндаги ва ичроия иборат буда дар доираи салохияти худ амал мекунад. Онхо ичрои Конститутсия, конунхо, карорхои якчояи Мачлиси Милли ва Мачлиси Намояндагон, карорхои Мачлиси Милли, карорхои Мачлиси Намояндагон, санадхои Президент ва Хукумати Чумхурии Точикистонро таъмин менамоянд. Макомоти намояндагии махалли дар вилоят, шахр ва нохияхо Мачлиси намояндагони халк аст, ки онро раис рохбари мекунад. Мухлати ваколати Мачлиси намояндагони халк 5 сол аст.(Ниг. Бобби 6 Конститутсияи Чумхурии Точикистон).[8]

Низоми сиёси

Маколаи асоси: Низоми сиёсии Чумхурии Точикистон

Дар Чумхурии Точикистон то соли 1990 танхо як хизби сиёси – хизби Коммунистии Точикистон хамчун чузъи таркибии ХКИШ фаълият дошт, ки он асоси низоми сиёсии тоталитарии ЧШС Точикистонро ташкил мекард ва хокимияти мутлак дар дасти он буд. Ин хизби сиёси сатх ва усули иштироки шахрвандиро дар кулли хокимияти давлати ба фоидаи худ хал мекард.

Дар Чумхурии сохибистиклоли Точикистон шахрвандон ширкат варзида, метавонанд ба дигаргунишавии самти инкишофи сиёсат таъсир расонанд. Шахрвандони Чумхурии Точикистон дар асоси мукарароти Конститутсия ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизбхои сиёси» (соли 1998) фаъолияти сиёсии хешро истифода карда метавонанд.Шаклхои асосии иштироки мардум дар хаёти сиёси тарики аъзоги дар хизби сиёси ва иштирок дар интихобот амали карда мешавад.

Тарзи таъсис фаъолият ва дохилшавии шахрвандон ба хизбхои сиёси дар Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизбхои сиёси» (соли 1998) мукарар шудааст.[9]

Хизбхои сиёсии Чумхурии Точикистон:

Дар Чумхурии Точикистон 8 хизби сиёси фаъолият дошта, кисми мухими низоми сиёсии Точикистонро ташкил менамоянд.

  • Хизби Аграрии Точикистон
  • Хизби Демократии Точикистон
  • Хизби ислохоти иктисодии Точикистон
  • Хизби Коммунистии Точикистон
  • Хизби Нахзати Исломии Точикистон
  • Хизби Сотсиалистии Точикистон
  • Хизби Сотсиал – Демократии Точикистон
  • Хизби Халки – Демократии Точикистон

Вилоятхои Точикистон

Фото администрации района Айни

Дар асоси Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби халли масъалахои сохти марзиву маъмурии Чумхурии Точикистон»[10], вохидхои марзиву маъмури ва махалхои ахолишини Чумхурии Точикистон Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахр, нохия, шахрак, чамоат вадеха мебошанд. Нохияхо дехави ва шахри буда, дар итоати чумхури, вилоят ё шахр шуда метавонанд.

Дар санаи 1 январи соли 2010 Чумхурии Точикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Сугд; Вилояти Хатлон; 17 шахр, 62 нохия (хамчунин, 13 нохияхои тобеи чумхури, ки дар маркази мамлакат чойгир шудаанд), 55 шахрак ва 368 чамоат иборат аст.[11]

Дар санаи 1 январи соли 2014 Чумхурии Точикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Сугд; Вилояти Хатлон; 18 шахр, 61 нохия (хамчунин, 13 нохияхои тобеи чумхури, ки дар маркази мамлакат чойгир шудаанд), 56 шахрак ва 370 чамоат иборат аст.[12]

Хамакнун сарзамини Точикистон (соли 2014)[13] ба чунин вохидхо бахш карда шудааст:

Ном Ахоли
(2014)
хазор тан
Пахновари,
хазор км²
Зичии ахоли,
кас/дар 1 км²
Шумораи
нохияхо
Марказ
Душанбе 775,8 0,1 7 758,0 4
Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 212,1 64,1 3,3 7 Хоруг
Вилояти Сугд 2 400,6 25,2 95,3 14 Хучанд
Вилояти Хатлон 2 898,6 24,6 117,8 24 Кургонтеппа
Нохияхои тобеи чумхури 1 874,0 28,6 56,2 13 Душанбе

Иктисод

Саноат

Чанги шахрванди (1992 -1997) ба фаъолияти саноати Чумхурии Точикистон накши манфи гузошт. Корхонахои саноатии Точикистон аз соли 1996 инчониб аксар зараровар хисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба чумхури воридоти молхои саноатии хоричи хело афзуд. Дар натича аз як тараф аксарияти корхонахои саноати фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонахое, ки фаъолият менамоянд, махсулоташон бо молхои ба чумхури ворид шудаи хоричи ракобат карда наметавонанд. Корхонахои муштараки саноатии Точикистон дар натичаи инвеститсияхои хоричи ба миён омада фаъолият (асосан сохаи саноати сабук) мебаранд.

Дар соли 2011 дар Чумхурии Точикистон 952 корхонаи саноати арзи вучуд мекард (аз байни онхо 10,2% кор намекарданд). Махсулоти истехсолнамудаи корхонаи саноати дар 9 мохи соли 2012 – $1,4 млрд ташкил медихад.[14]

Мувофики ахбороти Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон дар чумхури чунин сохахои асосии саноат арзи вучуд доранд:

Коркарди маъданхои кухи ва металхои нодир;

Истехсоли ангишт (дар кони ангишти Шуроб, Фон-Ягноб [кокс] ва Назаргиёх [антрасит]);

Истехсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Хисор, Хоча Сартез дар Кулоб ва вилояти Сугд);

Истехсоли металхои ранга (арзиз, тилло, нукра, сурб, цинк, висмут, ртуть, вольфрам, молибден);

Саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хуроквори);

Саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи азотбарории Вахш);

Саноати масолехи сохтумони;

Саноати мошинасози;

Саноати пилла.[15]

Бонкхо ва ташкилотхои карзи

Низоми молиявии мамлакатро Бонки миллии Точикистон ба танзим медарорад. Дар чумхури 13 бонк ва ташкилотхои карзи аъзои Ассотсиатсияи бонкхои Точикистон (АБТ) мебошанд:

  • БДА ЧТ «Амонатбонк»;
  • ЧСК «Ориёнбонк»;
  • ЧСК «Агроинвестбонк»;
  • ЧСК «Точиксодиротбонк»;
  • «БСТ ТИСТ Точпромбонк»;
  • ЧСК «Бонки Эсхата»;
  • ЧСП «Фононбонк»;
  • ЧСК «Сохибкорбонк»;
  • ЧСК «Accessbank Tajikistan»;
  • ЧСП ТКХ «ФИНКА»;
  • ЧСП «Аввалин Бонки Молиявии хурд»;
  • ЧДММ ТКХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
  • ЧСП ТКХА «Бовари ва хамкори».[16]

Бекори ва мухочирати мехнати

Фото рынка труда – рядом с Базаром Шохмансур

Чанги шахрванди (1992 -1997) боиси харобии иктисод ва баста шудани корхонаву муассисахои давлати гардид.Корхонахои саноатии истехсоли ва диг. ширкатхои хурду миёнаи хизматрасони асосан 10-15% кавваи кории чумхуриро бо кор таъмин мекунанд. Бинобар ин шумораи мардуми кобили кор ба сафи мухочирони мехнати тахминан ба 1 000 000 нафар расидааст. Сахми онхо дар иктисодиёт меафзояд. Бар асоси гузоришхои расми, дар Русия ва кишвархои дигари хоричи беш аз як милюн мухочири кории точик фаъъолият мекунанд, ки аглаби онхо хамасола сармояи зарури барои таъмини рузгори хонаводахоро ба Точикистон интикол медиханд. Дар соли 2012 мухочирони кори ба Точикистон худуди 3,6,млрд доллар пул (47% ММД и чумхури) интикол додаанд. Дар миёни кишвархое, ки иктисодашон ба маболиги интиколии мухочирони кори вобаста аст, Точикистон хамчунон болотарин чойгохро ба худ ихтисос медихад.[17]

Хочагии кишоварзи

Махсулоти асосии кишоварзи:

  • пахта
  • галла
  • абрешим
  • сабзавот
  • мева
  • токпарвари
  • тамоку
  • меваи хушк
  • cохаи чорводори (дар нохияхои кухи)

Энергетика

Маколаи асоси:Энергетикаи Точикистон

Нурекская ГЭС

Неруи асоси энергетикаи Точикистонро Неругоххои баркии оби истехсол мекунанд. Хачми умумии муайяншудаи иктидори Неругоххои баркии оби – 4070 МВт аст. Точикистон дорои захирахои гании гидроэнергетики мебошад. Хачми умумии захирахои гидроэнергетики – 527 млрд. кВт. соатро ташкил медихад. Аз руи хачми умумии захирахои гидроэнергетики Точикистон дар чахон чойи хаштумро ишгол мекунад.

Дар Точикистон холо чунин Неругоххои баркии оби амал мекунанд:

1.1. НБО Норак – бо иктидори 3000 МВт

1.2. НБО Бойгози– бо иктидори 600 МВт

1.3. НБО Сангтуда – 1 – бо иктидори 670 МВт

1.4. НБО Сарбанд – бо иктидори 240 МВт

1.5. НБО Шаршара – бо иктидори 29,9 МВт

1.6. НБО Маркази – бо иктидори 15,1 МВт

1.7. НБО Кайроккум – бо иктидори 126 МВт дар Сирдарё

1.8 Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3) – бо иктидори умумии 25,7 МВт.

1.9. Неругохи Помир-1

1.10. Силсилаи НБО – и хурд.

Имруз дар Точикистон сохтмони НБО Сангтуда-2 – бо иктидори 220 МВт ва якчанд НБО – и хурд бо кумаки инвеститсионии давлати Эрон ва дигар давлату хазинаву бонкхои хоричи идома ёфта истодааст. Дар соли 2010 истехсоли энергияи барк 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил дод. Норасоии неруи барк дар Точикистон аз моххои октябрь то май соли оянда давом мекунад. Дар ин мухлат бо карори Хукумати Точикистон барои муассисаю корхонахо ва хонадони ахолии шахру нохияхои гайри пойтахт – ш. Душанбе, якчанд сол аст (аз миёнаи солхои 90-уми сари XX то имруз [соли 2012]), ки лимити истифодаи барк чори карда мешавад. Ин амал барои рушди иктисодиёт ва бехдошти саломатии ахоли зарар мерасонад. Сохтмони НБО Рогун – бо иктидори 3600 МВт азнав дар соли 2010 сар шудааст. Ба истифода супоридани неругоххои баркии оби НБО Сангтуда-2 ва махсусан НБО Рогун норасоии неруи баркро дар Точикистон бартараф хоханд кард.

Лоихахои муштараки инвеститсионии Чумхурии Точикистон

Лоихахои муштараки иктисоди дар Точикистон

Точикистон ва Чин

- Июни соли 2006 дар рафти ташрифи Президенти Точикистон ба Шанхай (Чумхурии Халкии Чин) дар бораи маблаггузории се лоихахои муштараки инвеститсионии Чин дар Точикистон ба микдори $ 603,5 млн. шартнома ба имзо расид:

- Таъмиру азнавсозии рохи автомобилгарди Душанбе – Айни Шахристон Истаравшан Хучанд Бустон Чанак (сархади Узбекистон) , ки 411 км дарози дорад ва Накби автомобилгарди “Шахристон”. Рохи автомобилгард тамоми сол пойтахти мамлакат Душанберо бо нохияхои Точикистони Шимоли мепайвандад;

- Сохтумони хати баландшиддати баркии «Чануб Шимол» (ЛЭП 500 кВт) , ки 350 км. дарози дорад;

- Сохтумони хати баландшиддати баркии «Лолазор – Хатлон» (ЛЭП – 220 кВт) .

- Харочоти умумии лоихахо – $ 640 млн. Аз чумла: $ 603,5 млн. сахми Чумхурии Халкии Чин, $ 36,5 млн. хиссаи Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад.

Лоихахои муштараки инвеститсионии Чин дар Точикистон солхои 2006-2011 амали гардонида шудаанд.

Точикистон ва Россия

- 16 феврали соли 2005 барои сохтани НБО Сангтуда 1 чамъияти муштараки саххомии Русияю Точикистон – НБО Сангтуда – 1 бо иштироки Компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва Вазорати энергетикаи Точикистон бунёд шуд. Харочоти умумии сохтумон – $ 482 млн. муайян гардид. 75% сахмияхо аз Русия («ЕЭС Русия») ва (25%) аз Хукумати Точикистон аст.

- 20 январи соли 2008 агрегати якум ва июли соли 2009 агрегати охирин – чахоруми НБО Сангтуда 1 ба истифода дода шуд. Иктидори неругох – 670 меговатт, иктидори солонааш 2,7 млрд. кВт ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад.

Точикистон ва Эрон

- Сохтмони накби (тоннели Анзоб) «Истиклол» соли 1998 бо кумаки молиявии Эрон сар шуд.Дарозии накби (тоннели Анзоб) «Истиклол» 5049 метрро ташкил медихад. Сохтмони он аз ду чониб – шимол ва чануб сар шуда дар арафаи иди Навруз марти соли 2006 ба охир расидааст.Накби (тоннели Анзоб) «Истиклол» имконият форохам овард,ки равобити байни вилояти Сугд бо нохияхои марказу чануби Точикистон соли дароз таъмин карда шавад.

- 20 феврали соли 2006 маросими сохтмони НБО Сангтуда-2 огоз гардид, ки иктидори 4 агрегати он – 220 меговатт мебошад. Харочоти умумии сохтумон – $ 220 млн., Аз чумла: $ 180 млн. сахми Чумхурии Исломии Эрон, $ 40 млн. дигар хиссаи Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад.

Сентябри соли 2011 агрегати якум ба истифода дода шуд ва соли 2012 агрегати охирин – дуюми НБО Сангтуда-2 ба истифода дода мешавад.

Ба ивази сахми гузошташуда ва сохтани ин неругох, Чумхурии Исломии Эрон, баъди ба истифода супоридани неругох, барки онро 12,5 сол истифода мебарад. (инро методи «Биоти» меноманд).

Баъди ба итмом расидани 12,5 сол, истифодаи барки НБО Сангтуда-2 пурра ба ихтиёри Хукумати Чумхурии Точикистон мегузарад.[18][19]

Точикистон ва Бонки рушди Осиё, хазинаи ОПЕК

Накби автомобилгарди “Шахристон” дар рохи автомобилгарди Душанбе – Хучанд – Чанак (Узбекистон) киллометри 180 чойгир аст (дар сархади нохияхои Айни ва Шахристони вилояти Сугди Чумхурии Точикистон). Сохтумони накб давоми корхои таъмири рохи Душанбе – Хучанд – Чанак (Узбекистон) мебошад. Сохтумони накб расман 22 августи соли 2006 огоз ёфтааст. Арзиши лоихаи сохтумони накби автомобилгарди “Шахристон” – 175 млн. сомони ки аксарияташ маблаггузории Бонки рушди Осиё аст. Дарозии накби “Шахристон” – 5253 метр Сохтумони накбро – ширкати ChainaRoad (Чин) ба ухда гирифтааст. Рохи мошингарди Душанбе – Чанак бо харчи кариб як миллиарду 430 миллион сомони навсози шуд. Барои бунёду тачхизи накби Шахристон бошад, ки дарозиаш 5253 метр мебошад бо 5289 метр накби хаводихандааш кариб 430 миллион сомони равона гардидааст.

Ифтитохи ин иншооти мухим, албатта боиси шодию нишоти мардуми кишвар, хусусан ронандагоне гардидааст, ки мунтазам аз агбаи душворгузари Шахристон убур мекунанд, зеро солхои тулони хангоми гузаштан аз ин агба, хусусан дар фасли зимистон бар асари боришоти пай дар пай, фаромадани тарма ва садамахои зиёди наклиёти талафёбии молу махсулот ва хатто ходисахои ба халокат расидани ронандагону мусофирон ба мушохида мерасид.

То ин вакт мусофирон рохи миёни шимолу чануби кишвар ё худ миёни шахрхои Душанбеву Хучандро дар 10-15 соат тай мекарданд, холо бошад ин кор дар 3-4 соат анчом меёбад.[20].[21]

Боз нигаред

  • Накби автомобилгарди «Истиклол»
  • Накби автомобилгарди «Озоди»
  • Накби автомобилгарди Чормагзак

Рохи автомобилгарди АйниПанчакент

Рохи автомобилгарди АйниПанчакент – дар рохи автомобилгарди Душанбе – Хучанд – Чанак (Узбекистон) чойгир аст (дар сархади нохияхои Айни ва Шахристони вилояти Сугди Точикистон). Сохтумони он давоми корхои таъмири рохи автомобилгарди Душанбе – Хучанд – Чанак (Узбекистон) мебошад. Сохтумони накб расман октябри соли 2012 огоз ёфтааст. Арзиши лоихаи сохтумони рохи автомобилгарди Айни – Панчакент – $136 млн. – сахми Бонки рушди Осиё, $14 млн. – сахми хазинаи ОПЕК ва $22 млн.сахми Хукумати Точикистон мебошад. Дарозии рохи автомобилгарди Айни – Панчакент – 113 километр

Ба истифода супоридани рохи автомобилгарди Айни – Панчакент – соли 2016 ба накша гирифта шудааст.[22]

Сохтмони китъаи лулаи гази «Осиёи МарказиХитой»

Лулаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тарики каламрави Узбекистон ва Точикистону Киргизистон мегузарад ва китъаи точикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медихад, аз хама тулони мебошад. Сохтмони лулаи газ дар худуди Точикистон се сол идома ёфта, дар чараёни он бунёди 47 накб ба масофаи умумии 76 километр ба накша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 накб дар зери об сохта мешавад. Арзиши лоиха дар каламрави Точикистон 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хохад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се хазор чойхои нави кори таъсис меёбад.[23]

Соли 2016

  • 24 марти соли 2016 Корхонаи ЧДММ “Хуаксин Гаюр – Сугд-семент” — дар нохияи Гафуров ва Корхонаи ЧДММ “Нафтрасон” — дар ш. Конибодоми вилояти Сугд ифтитох ёфтаанд.[24] [25] Инчунин, Сохтмони рохи мошингарди Исфара-Конибодом- Чаббор Расулов дар вилояти Сугд огоз шудааст.[26]
  • 22 апрели соли 2016 Корхонаи ЧДММ “Хуачиан Гаюр Индастриал” — дар нохияи Ёвони вилояти Хатлон ба истифода супорида шудааст.[27]

Чугрофия

Точикистон кишваре кухистони буда ва 93 дарсади сарзамини он аз 300 то 7495 м баландтар аз сатхи дарё аст. Кухсори Точикистон бахше аз кухистонхои Тиён-Шон ва Помир хастанд. Баландтарин куххои Точикистон инхоянд:

Кух Баланди Чойгох
Куллаи Истиклолият 7,174 м 23,537 ft     кухсори Олой
Кутали Кизиларт 4,280 м 14,042 ft     кухсори Олой
Куллаи Исмоили Сомони (аз хама баландтарин) 7,495 м 24,590 ft     Помир
Куллаи Абуали ибни Сино 6,974 м 22,881 ft     шимолтар аз Куллаи Исмоили Сомони
Куллаи Корженевски 7,105 m 23,310 ft     Помир
Каторкухи Академияи Фанхо 6,785 м 22,260 ft     Помир
Куллаи Конкорд 5,469 м 17,943 ft     кухсори Каракорум
Куллаи Карл Маркс 6,726 м 22,067 ft     кухсори Каракорум
Куллаи Маяковски 6,096 м 20,000 ft      марз бо Афгонистон.

Иклим

Иклими Точикистон гарму хушк аст ва зимистонаш кутоху серун ва тобистонаш дарозу гарм аст. Дар мохи январ дамои хаво аз +22 °C (дар нохияи Панч) то -61 °C (дар Булункул), дар мохи июл дамои хаво аз -8 °C (дар Булункул) то +50 °C (дар нохияи Панч) тагйир меёбад.

Вобаста аз пастиву баландии махалл аз сатхи дарё, дар Точикистон чанд навъи иклим ташаккул меёбад:

  • Иклими хушки субтропики (дар водихои Вахш ва Хисор) ки тобистон тулониву гарм ва зимистон кутоху нарм ва мизони бориш кам (150 – 200 мм) аст.
  • Иклими муътадил дар минтакахои миёнакух ки тобистон серун ва зимистон сард буда мизони бориш бисёр (то 1550 мм) аст.

Акси Куллаи Исмоили Сомони (дар гузашта бо номи Пики Коммунизм) вакте ки Точикистон кисми Иттиходи Шурави буд.

Расонахои хамагони

Расман огози таърихи матбуоти точик ба нашри аввалин шумораи “Бухорои шариф” дар 11 марти соли 1912 нисбат дода мешавад. Биноба он хар сол дар 11-уми март Рузи матбуот чашн гирифта мешавад. Вале пажухишгарон тазкира ва осори насри кадимии точикиро зинаи аввали журналистикаи точик мешумуранд. Чунончи, муаллифони китоби “Таърихи матбуоти точик” И. Усмонов ва Д. Давронов корбурди жанрхои хабар, гузориш, мусохиба ва гайраро дар солнома ва таърихнигорихои садахои 10 то 15 тазаккур медиханд. Дар нимахои дуввуми садаи 19 ва огози садаи 20 бархе аз нашрияхо чоп шудаанд, ки матолиберо ба точики нашр кардаанд. Дар давраи шурави матбуот зери назорати шадиди давлат карор дошт, вале дар ин давра низ аз талошхои озодбаёни дар бархе аз онхо ба мушохида расидааст. Ибтидои солхои 90-уми садаи 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди Точикистон шуморида мешавад, ки ба нашрияхое монанди “Чароги руз”, “Растохез”, “Сухан”, “Адолат” ва монанди инхо нисбат дода мешавад. Дар солхои Чанги шахрвандии Точикистон 1992 то 1997 даххо журналисти точик кушта ва аксари журналистони бохунар кишварро тарк кардаанд. Холо матбуоти мустакили Точикистон аз нав чон мегирад ва чанд нашрия, хабаргузори, радио ва телевизионхои мустакил талош доранд, бо истифода аз озодии матбуот рисолати худро амали кунанд.

Дар Точикистон 4 нашрияхои давлати: «Чумхурият», «Садои мардум», «Народная газета» ба забони руси ва «Халк овози» ба забони узбеки нашр мешаванд. Инчунин, нашрияхои гайридавлати;Хафтаномаи «Точикистон», Хафтаномаи «Миллат», Хафтаномаи «Озодагон», ягона рузномаи харрузаи «Имруз News», Хафтаномаи «СССР», Хафтаномаи «Азия-плюс» ва диг. ба забонхои гуногун нашр мешаванд.

Ба воситаи спутники ABS-1 (75.0°E) чор телеканалхои Точикистон — Телевизиони Точикистон (Шабакаи якум), Телевизиони «Чахоннамо», Телевизиони «Бахористон» ва Телевизиони “Сафина” номоишхои хешро омодаи тамошобинон мекунанд. Инчунин, Ширкатхои телевизионии давлатии умумичумхурияви ва минтакави (Точикистон) фаъолият карда истодаанд. Аз руи маълумоти Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон дар соли 2010 – 254 номгуй рузнома ва 125 номгуй мачалла сабт шудаанд.

Очонсихои Иттилоотии Точикистон

Дар солхои истиклолият таъсис ва рушди Очонсихои Иттилоотии Точикистон ба назар мерасад. Имруз дар чумхури 8 Очонсихои Иттилооти амал карда истодаанд:

  • АМИТ «ХОВАР»,
  • Очонсии иттилоотии «Азия-Плюс»,
  • Очонсии иттилоотии «СИМОНЮС»,
  • Очонсии иттилоотии «АВЕСТО»,
  • Очонсии Иттилоотии «Хатлон-пресс»,
  • Очонсии иттилоотии «Помир Медиа»,
  • Очонсии умумимиллии иттилоот «ТОЧНЮС»(«TOJNEWS»),
  • Очонсии иттилоотии «Хабарнигори РАШТ.

Воситахои алока

Дар солхои 90 асри XX истифодаи алокаи телефони барои аз 2 то 8% ба 100 нафар ахоли дастрас буд. Баъд аз ба охир расидани чанги шахрвандии Точикистон аввалин кадамхо барои азнав кардани системаи алокаи телефони ва раками (цифровая) намудани он гузошта шуд. Соли 1998 аввалин маротиба дар Душанбе пайвасткунаки раками (цифровой комутатор) барои 2500 муштари ва соли 1999 ба 10000 муштариён ба кор даромад. Соли 2003 стансияи телефонии Кургонтеппа, соли 2004Хучанд ва соли 2005 Хоруг, Кулоб, Турсунзода ва дигар минтакахои Точикистон ба системаи пайвасткунаки раками гузаштаанд. Системаи мобилии алокаи телефони дар Точикистон аз соли 1996 инкишоф меёбад. Аввалин ширкате, ки ба бозори алокаи мобилии телефонии Точикистон дохил шуд ин СП “ТочикТел” буд. Соли 1998 дар Хучанд СП “Сомонком” хизматрасониро дар бозори алокаи мобилии телефонии Точикистон бо стадарти GSM сар кард. Имруз, ширкатхои гуногун хизматрасониро дар бозори алокаи мобилии телефонии Точикистон ба сомон расонида истодаанд. Шумораи муштариёни ширкатхои алокаи мобилии телефонии Точикистон зиёда аз 5 млн. аст.[28]

Адабиёт

Адабиёти точик дар асрхои миёна

Фото Мирзо Турсунзаде (Поэт)

Назму насри форсу точик тули чандин асрхо таракки мекард. Давраи нашъунамои адабиёти форсу точик ба асрхои миёна рост меояд, вакте ки дар Осиёи Миёна аввалин давлати точикон ба вучуд меояд (874-1005). Махз дар хамин давра тараккиёти миллати точик ба хисоб меравад. Сомониён ба илм ва адабиёт диккати махсус зохир мекарданд. Шоирон ва олимони хамон давра ба монанди Рудаки, Ибни Сино(Авиценна), Фирдавси, Унсури, Дакики дар даргохи шохони Сомониён кор ва фаъолият мекарданд. Эрониён ва точикон он вактхо як кавмро бо решахои бо хам пайваст ташкил мекарданд ва адабиёт, санъат, илм хам дастраси хама буд. Рудаки асосгузори адабиёти форсу точик мебошад. Истилои арабхо ба Осиёи Миёна дигаргунихои зиёде овард.Фарханги бой ва меьмории тоисломии точикон нест карда мешуд, китобхо сузонида мешуданд. Дар Осиёи Миёна дини ислом чори шуда забони араби умуми гардид. Забони нави адаби – забони форсу точик дар асрхои IX-X ташаккул ёфт. Рудаки – шоири барчаста, асосгузори адабиёти форсу точик, аввалин шуда забонро ташаккул дод ва онро дар назми худ истифода бурда, якчанд жанрхои адабии он замонро ба вукуъ овард. Махз аз хамон давра сар карда адабиёти форсу-точик ташаккул ёфта дар тамоми олам машхур гардид. Дар охири асри X Фирдавси «Шохнома»-и безаволи худро ‘эчод кард, ки аз чихати маъно ва хачм дар тамоми адабиёти олам хамтоё надорад. Асри XI бо ба вукуъ омадани эпосхои романтики машхур шудааст. Махз дар хамин жанр силсилаи достонхои Унсури, Айюки, Гунгури, Умари Хайём мебошанд, вале «Хамса»-и Низомии Ганчавинамунаи бехтарин махсуб мешаванд , ки асри XII эчод карда шудааст. Дар асри XIII «Бустон» ва «Гулистон»- и Саъди, дар асри XIV достонхои Амир Хусрави Дехлави ва Хоча Кирмони, Камоли Хучанди ва газалхои Хофизи Шерози эчод шудаанд. Асри XV бошад бо назми Чоми машхур гардидааст.

Адабиёти точик дар асри XX

Маколаи асосиАдабиёти точик дар асри XX

Галабаи Инкилоби Октябру истикрори низоми шурави дар Осиёи Миёна боъис гардиданд, ки миллати азийяткашидаи точик дигарбора самандарвор аз хокистари зиллат бархоста, бар минбари иззату шарофат барнишинад ва дар баробари сохати дигари хаёту иктисоди кишвар ба сохаи фархангу адаби деринасоли худ сару сомони наву матлубе бахшад. Ба иборати дигар, баъди таъсиси Чумхурии Мухтори Шуравии Сусиёлистии Точикистон (1924)) ва Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистон (1929) ниходи чадиди нависандагони Точикистон арзи хасти намудааст, ки гуруху дастахои парешони суханварони диёрамонро чамъ оварда, фаъолияташонро ба талаботи замони инкилоби мутобику мувофик гардонидааст. Иттифоки нависандагони Точикистон мохи майи соли 1934 хамчун кисми таркибии Иттифоки нависандагони СССР ташкил ёфт. Дар асри XX, эчодиёти адибони Точикистон боиси рушди насру назми точик, ташаккули тарчумаи адабиёти чахон, драматургия, адабиёти кудакону наврасон, адабиётшиноси ва танкиди точик гардид. Адибони Точикистон бо асархои эчоднамудаи хеш адабиёт ва забони точикиро ба пояи нав бароварда дар адабиёти башар хиссагузор шудаанд. Эчодиёти адибон ба садхо забонхои дунё тарчума шуда дастраси хонандагон гардидааст.

Меъмори ва санъати тасвири

Мусики ва театр

Дар Точикистон 15 муассисахои театри ва 5 консерти фаъолият доранд.

  • Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айни,
  • Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лохути,
  • Театри давлатии чавонон ба номи М. Вохидов,
  • Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл. Маяковский,
  • Театри давлатии лухтак,
  • Театри давлатии мусики-мазхакавии ба номи К. Хучанди,
  • Театри давлатии мусики -драмавии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом,
  • Театри давлатии узбекии мусики -драмавии ба номи Ш. Бурхонови н. Спитамен,
  • Театри давлатии драмаи русии ба номи А.С. Пушкини ш. Чкалов,
  • Театри давлатии мусикии тамошобини чавони ш. Хучанд,
  • Театри давлатии лухтаки ш. Чкалов,
  • Театри давлатии мусики – мазхакавии ба номи С. Вализодаи ш. Кулоб,
  • Театри давлатии мусики – мазхакавии ба номи А. Мухаммадчонови ш. Кургонтеппа,
  • Театри давлатии мусики – мазхакавии ба номи М. Назарови ш. Хоруг,
  • Театри чумхуриявии мусики -драмавии н. Дангара.
  • Филармонияи давлатии Точикистон ба номи А. Чураев,
  • Иттиходияи давлатии гуруххои эчодию консерти,
  • Ансамбли давлатии раксии «Лола» ба номи Г. Валаматзода,
  • Ансамбли «Сомон»,
  • Маркази эчодии «Илхом»,
  • Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо» ва Сирки давлатии Точикистон.

Варзиш

Варзишгарони точик новобаста ба мушкилихои молияви дар бисёр мусобикахо иштирок карда, чойхои намоёнро низ мегиранд. Варзишгарони бехтарини мо инхоянд:

  • Расул Бокиев
  • Мавзуна Чориева
  • Дилшод Назаров
  • Зелимхон Юсупов
  • Комроншохи Устопириён
  • Шарипова Шукрона
  • Парвиз Собиров
  • Гулов Алишер
  • Фарход Неъматов
  • Мохру Халимова
  • Акмалиддин Каримов
  • Хушкадам Хусравов
  • Далер Тюраев
  • Фуркат Урунов
  • Мухаммаднаби Хоркашов
  • Саидчалол Саидов
  • Кристина Коробко
  • Ворисов Насхиддин
  • Гиёсов Хусрав
  • Хочаева Тахмина

Инчунин Футболбозони точик дар мусобикаи Чоми Иттиход аз соли 1993 иштирок мекунанд. Дар Душанбе соли 2013 ва 2014 Мусобикаи Байналмилали Tajikistan Open оид ба таеквондо втф гузашт. Соли 2014 Чемпионати Чахон оид ба Таеквондо ИТФ ва чемпионати осиё оид ба мухорибахои тан ба тан гузашт.Инчунин бо гамхории сарвари давлат Эмомали Рахмон се варзишгох барои Футбол ки 25 000 нафар мебаранд сохта шуданд. Боз чор 20000а ва се 15000 сохта шуда истодааст. Боз шаш варзишгохе ки назираш дар Осиёи маркази нест сохта шуда истодаанд.

Муассисахои фарханги

Соли 2012 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Маркази Китобхонаи миллии Точикистон бунёд ва ба истифода дода шудааст. Теъдоди хазинаи Китобхонаи миллии Точикистон зиёда аз 6 миллион нусха китобро ташкил медихад.[29]

Ифтитохи осорхонаи милли аз чумлаи руйдодхои таърихи ва дастовардхои мухими фархангии даврони Истиклолияти Точикистон мебошад. 20 марти соли 2013 дар Душанбе расми кушодашавии бинои нави Осорхонаи миллии Точикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии осорхона Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ва сокинони шахри Душанбе иштирок намудаанд. Дар толори бузурги Осорхонаи миллии Точикистон Президенти кишвар Эмомали Рахмон бо намояндагони сершумори зиёиёни эчодкори чумхури мулокот намуд.

ЗИНДА БОШ, АЙ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ!

Точикистон, мехри покат дар дилу чони ман аст,
Офтоби шуълапошат сон бар сад гулшан аст.
Мехри поки мардумат мехри бузурги модарон,
Мардуми мехмоннавозат фахри даврони ман аст.

Точикистон кишвари бузургест, ки саропо мечрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Мехри бузурги ин сарзамин хар як инсони асилро дар дилу дар чон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, окилону фарзонагон ва шухратмандони шухратёр аз кабили Турсунзодаву Миршакар, Лоики роздону нуктафахм ва амсоли ин садхо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Точикистон макони бузургону сарзамини фархангдустон аст.

Он сарзаминест, ки бо хамаи бузургихояш мардуми Сугду Хатлону Бадахшон, Панчакенту Кулоб, Хисору Вахшу Варзоб барин мавзеьхои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дусташ медоранду эхтиром мекунанд. Ватане, ки хар хасу хору хоки он бошандагонашро мукаддасу гиромист. Точикистони бузург имруз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохахои пуркуввату бузургаш сояафкани хар гулу гиёхи арзандаи уст ва мевахои рангину лазизаш мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машхури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатхо имруз Точикистон бо боигарихои зиёду пурарзишаш, аз кабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нукра ва амсоли ин шухратёр аст.
Куххои зарафшонаш кони зар,
Сарвату тиллои он машхури дахр.
Пахтаи бишкуфтааш рамзи хаёт,
Гандумаш нони хама ахли башар.

Равшан аст, ки Точикистон кишвари пурганчу пурэъчоз ва пурсарвату бой аз захирахои табиист. Илова бар ин НБО-хои машхури он, ба мисли Варзобу Нораку Рогун бо иктидори бузургашон хосилкунандаи кувваи бузурги баркианд, ки акди бинандаро мафтун мегардонанд. Иншоотхои бузурги ин кишвари азиз дар хар гушаву канори он таквиятдихандаю далели хамаи гуфтахои болоанд. Ба акидаи Бозор Собир:

Точикистон, Точикистон.
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехохам, Ватан хасти бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндаги кардан бас аст.

Комментарии