Ҷопон ва Узбакистон андозбандии дукаратаро аз байн бурданд

Дар Ҷопон ва Узбакистон андозбандии дукарата аз ширкатҳо ва шахсони воқеии ҳарду кишвар бекор карда мешавад.
Ширкати ҷопонӣ андоз аз даромади худро дар Узбакистон танҳо дар Ҷопон, кишвари истиқомат ё дар Узбакистон, ки кишвари даромад аст, пардохт мекунад.

17 сентябри 2020с. тамоми равандҳои эътибор пайдо кардани “Созишнома байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи андозбандӣ” ба анҷом расиданд. Созишномаро моҳи декабри соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ӯзбекистон Ёшинори Фудзияма ва Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов ба имзо расониданд.

Тибқи созишнома, ки 17 октябри соли 2020 эътибор пайдо мекунад, ширкатҳо ва шахсони воқеӣ ҳам дар Ҷопон ва ҳам дар Ӯзбекистон аз андозбандии дукарата аз даромади худ дар кишвари шарик озод карда мешаванд.

Ба ибораи дигар, масалан, як ширкати ҷопонӣ андозеро аз даромади дар Узбакистон ба даст овардашуда танҳо дар Ҷопон, кишвари истиқомат ё дар кишвари даромад – Ӯзбекистон месупорад.

Эътибор пайдо кардани Созишнома дар бораи андозбандӣ байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо бекор кардани андозбандии дукарата озодшавӣ аз андозҳои байналмилалӣ ва дигар андозҳоро пешгирӣ мекунад. Ҳамзамон, дар соҳаи сармоягузорӣ ва мубодилаи иқтисодии Ҷопон ва Ӯзбекистон дастовардҳои иловагӣ интизор мешаванд, гуфта мешавад дар иттилоияи матбуотӣ сафорати Ҷопон дар Ӯзбекистон.

Комментарии

dostavka-cvetov