ЧИННУ (АЧИНА) – ДЕВУ БАЛО, ИБЛИСУ ШАЙТОН ЧИЯЙ?

Чинн (Ҷинн) калимаи араби « جن »  буда маънояш рух мебошад. Чин дар асотирхои (ривоятхои сохташуда)-аи арабхо зикр шуда дар дигар китобхои таърихи дар шакли «Чин», «Ачина», «Аҳриман», «Дев», «Шайтон», «Бало» ва ба монанди инхо буда ассосан хамчун шахсиятхои нопок мебошанд. То пайдоиши дини Ислом Чинхо барои арабхо чун Худо низ буд. Баъди пайдоиши Ислом дар бораи Чиннхо дар китоби Куръони мукаддас дар сураи “Чиннхо” №72, маълумот дода шудааст.

jin_ajinaМувофики ривоятхои мусулмони Ҷин аз оташи бедуд пайдо шудаанд (яъне аз алов). Мавҷудияти Чинхоро инсон (одам) одатан бо ягон хисёти худ ки борат аз 5 то хисёт дорад пай намебарад. Чинхо аз одамон барвактар дар рӯи замин пайдо шудаанд ва мисли одамон дар рӯи замин, осомон ва зери замин дар катори дигар мавҷудот зиндагони мекунанду ба мусалмону кофир низ ҷудо мешаванд. Яъне чиннхои намозхони мусалмон хаст ки номашонро “Пари” мегуянд ва хастанд чинхои кофири аз худо наметарсидаги ки ононро Деву, Балову Шайтон асосан меноманд. Пари ба инсон асосан ёри медихад ва зарар надорад.

Намуд ва шакли Чинхо

Тибки киссахои мардуми араб 4 (чахор) намуди Чинхо мавҷуданд, ки ҷумлаи онхо: Ифрит, Гул, Сила ва Марид (Малик) мебошанд. Аз хама Чини зарарнок, ин Чинхои Ифрит мебошанд, ки бо оташ сарукор дошта ба Шайтон итоат менамоянду ба одамон таъсири хатарноки ҷидди мерасонанд.

Чинхои «Гул» бошанд дар забони тоҷики ба мисоли «Ачина» номбар шудаанд ва асосан онхо Чинси модина яъне зан мебошанд ва дар биёбону мазор (оромгоххо) зиндагони мекунанд ва ба сифати хӯроки худ мурдаи навро истеъмол мекунанд.

Сеюмин намуди Чин ки бо номи «Марид» ё «Малик»-ро дорад дар осмон зиндагони карда аз ҷихати акл ва тафаккур комил хастанд  ва кариб ки фармондехи тамоми Чинхо мебошанд. Афташон асосан сафедпуш ва сафедришу сафедшакланд.

www_artsemble_ru-1592Чинхои «Сила» бошанд охирин – чахорумин намуди Чинхо буда аз ҷихати иктидор хело суст мебошанд. Кувваи Чинхои Сила хело кам буда аз чуб метарсанд ва хатто як зарбаи калтак (шохаи чубин) метавонад Чини Силаро ба халокат расонад (кушад). Чинхои Силла наметавонанд, ки шакли худро дигаргун намоянд.

Дар фарханги мулкхои ғарб дар бораи Чинхо пеш аз хама дар китоби «1000-у 1 шаб»  (Хазору як шаб) хамчун Рухи сехрноке, ки дар даруни кӯза мисли одамшакл буда дастхояшро дар кафаси синааш ҷикидаву нишаста мебошад, маълум аст. Ва касе ки ин кӯзаро молад пас аз дарунаш Чин мебарояду 3 хохиши дилхохи одамро дар амал татбик менамояд.

Чинхо дар хар киссахо хар хел шакл доштанашон зикр шудааст, аз ҷумла бештари Чинхо афти хунук ва безеб доранд ки одамро ба тарс ва харос меафтонанд. Одатан гуфта шудаст ки Чинхо шохи бузшакл, пойхои гусфандмонанд, думи говшакл ва пашмдору миёнхам хастанд.

Зикрёби дар бораи Чинхо дар Куръони карим

Дар асоси бозёфтхои археологи дар кисми шимолу ғарбии Арабистон одамон ба Чинхо ба мисли ба Худо, ибодат мекардаанд. Дар шахри кадимаи Палмир ки дар Сурияи имрӯза мебошад, одамон ба Чинхо ибодат мекарданд ки онхоро Худохои нек мехисобиданд. Дар бораи арабхои будпараст ки ба Чинхо ибодат мекарданд дар китоби Куръон кайд карда шудааст.

«Ва миёни Худову Чинниён хешованди коил шуданд ва Чинниён медонанд, ки хозиркардашудагонанд.»

Куръон, сураи 37-ум (ояти 158-ум).

Мардуми шахри Маккаи мукарамаи Арабистони Сауди ба Чинхо ибодат мекарданду барояшон курбонихоро содир мекарданд. Дар ривоятхои руми бошад Чинхоро бо номи «Гени» ё «Даймон» зикр шудаанд.

Мувофики омузишхои Исломи, Аллоҳ 3 намуди махлуки сохиби тафаккурро (шуур – акл) офарид, ки ҷумлаи онхо ин: Фариштахо, Чин ва Одамон мебошанд. Фариштахо аз равшани, Чинхо аз оташ ва Одамон аз хоку об офарида шудаанд. Номи Чинхо аз калимаи араби (Ҷана) гирифта шуда маънояш «Нихон» ё «Пинхон»   буданро дорад. Яъне Чинхо ба чашми инсон ноаён хастанд вале Чинхо одамонро мебинанд. Мавҷудияти Чинро одами мукарари хис намекунад.

 Дар ояти  15 а 16-уми сураи Хиҷри китоби Куръони карим гуфта шудааст:

«Албатта, гӯянд: «Чашмони моро ҷоду карданд, балки мо мардуме ҷодузада хастем!»  Ва харойна, дар осмон бурҷхое4 офаридем ва барои бинандагонашон биёростем   

ajina_00Мухаммад ибни Аббос ки яке ёрони Паёмбар (С.А.В) буд гуфтасст, ки дар рӯи замин то омадани Инсон аввал Чинхо омадаанд. Баъди оне ки Чинхо дар рафтори худ бехад конуну коидахоро риоя намекардаги шуданд, пас Парвардигор ба онхо шохи Шайтонхоро ки номаш Иблис буд равон кард. Он замонхо Иблис Чинни олиму донишманд буд ва аз Худо метарсид. Гарчанде, ки ӯ дар катори Фариштахо кариб ки меистод вале бар асоси итоат накарданаш аз тарафи Худованд ронда ва лаънат хонда шуда буд. Аз хамон давра тамоми шайтонхо ба Иблис итоат мекардаги шуданд.

Баъди ин замонхо Хазрати Одам алайхи салом ба замин фиристода шудаанд.

Чи хеле ки илми исломи мегӯяд Чинхо мисли одамон метонанд, дар рохи рост бошанду мусалмони кунанд ва ё рохи бадро интихоб карда ба олами якумраи торик рондаву ва рӯзи киймат ба ҷаханнам дароварда шаванд.

Дар китоби Куръони карим Аллоҳ мегӯяд:

«Чинну инсро ҷуз барои парастиши Худ наёфаридаам»

Сураи «ЗОРИЁТ» (51), ояти 56-ум. 

Мусулмонон бовари доранд, ки бисёрии одамонро махз хамин Иблис – Шайтон ба рохи фиребу бад тела мекунад. Иблис нихоят кудрату тавоноии зиёдро дора два аз ҷониби Аллоҳ офарида шудааст. Замонхое буданд, ки Иблис дар осмон бо Фариштахо зиндагони мекард, вале хангоме ки маст шуд ва ба Худо итоат намекардаги шуд ронда ба олами Чинхо равона карда шуд.

Аллоҳ дар сураи Ёсин, ояти 60 то 62-уюм мегуяд.

  1. Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, харойна, ӯ душмани ошкори шумост?
  2. Ва Маро бипарастед, ки рохи рост ин аст.
  3. Бисёре аз шуморо (шайтон) гумрох кард. Магар ба акл дарнамеёфтед?

Чинхо ба мисоли одамон зиндагони мекунанду, оиладор мешванд, фарзанддор мешаванд, мемиранд, намоз мехонанд, гунох мекунанд, рохбар доранду маъракахо мекунанд, баъзеашон худотарсу баъзеашон беимонанд. Лек уми Чинхо аз умри одам хело дарозтар аст. Ба Чинхо хам Худо паёмбархоро мефиристад ва онхо дар рӯзи киёмат низ ба ҷавобгари кашида мешаванд ва кадоме аз онашон ки дурусткор хастанд ба бихишт мераванд.

jin_2Ба андешаи салафиён Чинхо кодиранд, ки дар назди одам чун шакли одам, хайвон, растани ва ё дигар предмет пайдо шаванд. Чинхо низ кудрат доранд ки шууру ҷисми чи инсон ва ё хайворо идора кунанд.  Ин дар холате мешавад, ки агар Чинхо ба ин ё он махлук ошик шаванд.

Барои гурезондани Чинхо одам метавонад бо пайваста хондани Куръон дар хона худро хифз намояд.   Агар Чин ба ҷисми Инсон ворид шавад онро танхо бо номи Аллоҳ ронда мешавад. Чинхои бадахлок аз ҷӯмла Иблис-шайтон одамонро ба итоати Буд (хайкал) хидояту хавасманд мекунад. То ин ки Чинхо ба Хона надароянд мусалмонон калимаи «Бисмиллохир Рахмонир Рахим»  мегуянд.

Баъзе хадисхо Чинхоро ба 3 намуд таксим кардааст, аз ҷумла: Чинхои мепаридаги, мормонанд, ва Чинхои дайдуву саёх. Абдулло Ибн Маъсуд ки яке аз ёварони Мухаммад САВ буд кайд кардааст, ки хангоми Чинхо хондани Куръонро аз ҷониби паёмбар Мухаммад САВ шуниданд ба наздаш ҷамъ шуданд ва паёмбар онхоро шахсан дидааст, ки онхо ба хар гуна махлуки шаклдор будаанд. Чинхо метонад афти Аждахор, Мор, Дарахт, Одам, Гул, Санг, мева ва ғайраро ба худ гиранд ва касро ба иштибох биёранд. Баъзе хадисхо мегӯянд, ки Чинхо дар устухо ҷойгир шуда гухро (ахлотро) мехуранд.

Дар ояти 33-юми Сураи Ар Рахмон Худованд гуфтааст:

«Эй гурӯхи Чинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канорахои осмонхову замин берун равед». Яъне Чин метавонад ба осмони дур равад ва ба ин агар Худо рози бошад. Агар вай бе иҷозат дур раваду сухбати Худовандро бо фариштагон шунавад пас аз равшани  ситора сузонда мешавад.

Дар сураи 34-уми Курон (Сураи Сабо ояти 12), Чинхо бо номи Дев ёдовари шудаанд. Дар ин сура дар бораи он ки чи гуна кудрат ба хазрати Сулаёмон – паёмбари Худо САВ кудрат аз болои идораи Чинхо ваколат дода шудааст, гуфта шудааст.

«Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоха рох мерафт ва шабонгох якмоха рох. Ва чашмаи мисро барояш ҷори сохтем ва гурӯхе аз девхо ба фармони Мо назди ӯ кор мекарданд ва агар яке аз онхо аз фармони Мо сар мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.» 

Дар ояти 14-уми Сураи Сабои китоби Куръони карим гуфта шудааст, ки Хазрати Сулаймон (паёмбар САВ) Чинхоро сермашакат кор мефармуд ва кадомашон ки фармонбардори намекарданд муҷозот мегирифтанд. Вакте ки Сулаймон САВ мемираду дар ҷояш наҷумбида меистад пас девхо фикр мекунанд ки вай онхоро назорат карда истодааст.

«Чун маргро бар ӯ мукаррар кардем, девхоро бар маргаш на- огохонид, магар кирми чубхорае, ки асояшро (наздики як сол ) мехоид. Пас, вакте ки ӯ (Сулаймон) биафтид, девхо фахмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда намемонданд.»

Дар бораи Чинхо дар ҷамъият

marid_jinДар бораи Чинхо кариб дар хаммаи хикояхои мусалмони во хурдан мумикин аз ҷумла дар китобхои шӯъравии синфи 7 (Адабиёт) оиди киссаи «Эраҷи Тилисмшикан». Дар бораи Чинхо ба таври васеъ баъди хукумрони Аббосиён хело киссахо зиёд шуданд. Албата адабиёти исломи дар бораи Чинхо кам маълумот додааст вале адабиёти халки оиди Чинхо хело киссахоро кайд карда гузаштааст, ва гуфта шудааст, кич и хел онхо ба доми худ мардхоро бо ошикию зебоги ва тиллову зебоги ром карда халок гардондаанд.

Чинхо асосан дар роли зулмдор ва шахси зараррасон дар адабиётхои араби хело ва хело кайд карда шудаанд ва хусусияти онхо ба роли шайтоне ки дар адабиёти аврупои вомехуранд монанд аст.

Чинхои нарро бо номи «Дев» дар адабиётхо зикр шудаанд ва онхоро бештар вакт сабабгори бадбахтихо медонанд, аз ҷумла беморихо, марги ногахон ва ғ. Чинхои занона мардхоро дар хобу дар зиндагониашон даромада онхоро ба рохи бад мебаранд.

Баъзехо аз Чинхо наметарсанд ва баракс харакат мекунанд, ки тавоноии Чинхоро барои комъёб шудан дар кори худ истифода баранд, ки ҷумлаи ин кор ҷодугари, фолбини, сузанзани ва ғайрахо мебошад.

Фаластинихо бовари доранд, ки Чинхо дилхох шаклро метавонанд сохиб шаванд аз ҷумла милсли пиёла, дар, таёк, мусафед, кудак ва ғайра. Занхои фаластини бошанд мегӯяд, ки бегохи ҷогахи равғандорро кушодан лозим нест, аз он сабаб ки дар дарунаш Чинхо омада мешинанд.

jin_ajina

Расми Дев – бало

Тоҷикон бошанд тавсия мекунанд, ки бегохирӯзи – шом дар берун бози накунанд, дар хона хуштак накашанд, шабона дар мазор нагарданд, таги дарахти чанор, чормағз ва арча хоб нараванд, аз болои алоб наҷаханд, бегохи пеши дахани дар нанишинанд, хокистаро дар наздикии хона напартоянд, порубро дар торики накованд ки ин ба окибатхои бад меоварад, чун ки дар он ҷойхо Чинхо сайр мекунанд.

Дар урфияти мусалмони агар кудак дар пеши дар афтад пас он ҷойро намак ва об мепошанд. Дар торики бошад назди ойна намешинанд.

Ривояте дар байни арабхои фаластини хаст, ки вакте ки Момохаво (зани аввалини руи дунё – зани хазрати Одам алайхи салом) 40 фарзанд мекунад 20-тои вай безеб будаанд ки модарашон онхоро мепартояд. Ин ходисаро Худо дида борахмона онхоро ба Чинхо мубаддар мегардонад.

Дар адабиёти халки озар бошад ривоятхо хастанд, ки Чинхо ба асп савор шуданро дуст медоранд. Аз ин лихоз ба аспхо сакичи сиёхро мешаканд, то инки ба онхо Чинхо часпида аз саворшавии асп халок шуда бимиранд.

jin_ajinaБарои Чиннхо ҷазои бадтарин ин халондани сӯзан аст. Аз ин хотир мардуми тоҷик ва хусусан занхо сузанро ба либоси худ мечаспонанд то ин ки Чинхо ба ҷисми онхо наздик нашавад. Агар сузанро ба Чин зани пас вай якумр мутеъи –ғулом мешавад ва гуфтаи сохибашро иҷро мекунад. Чинхо танхо бо фиреби кудак сузанро аз баданашон кашида гирифтанро орзуву харакат мекунанд. Аҷоибиаш дар он аст, ки Чинхо худашон мустакилона сузанро аз бадани худ мустакилона кашида гирифта наметонанд.

Дар ҷанги нажотие ки дар Руанда шуда буд халкхои Хуту ва Тутси аз мусалмонхо мегурехтанд, чунки онхо бовари доштанд ки мусалмонхо ва масҷиди онхо зери итоати Чинхо карор доранд. Дар Чянгун бошад масҷидхоро месузонданд, ки сабабаш гӯё он ҷо пур аз Чин буд.

Дар китоби Талмуд ва дигар китобхои мукаддаси яхуди кайд шудааст, ки ҷонварони Чинмонанд мавҷуданд. Онхо руххое мебошанд, ки дар рӯзи шашум яъне рузи Ҷумъа офарида шудаанд ва Худо барои онхо натавонист, ки саривакт ҷисм созад ва онхо бе ҷисм монданд, чунки рузи шанбе даромадааст. Дар бораи онхо гуфта шудааст, ки онхо мисли фариштахо канот доранд, ва аз як гӯшаи дунё ба дигараш парвоз карда раванд. Бар иловаи ин ба монанди одамон хурок гуранду, нӯшоки нушанд, зиёду кам шаванд. Одамон бояд ба онхо худро наздик накунанд гуфта шудааст дар ин китоб.

Дар бораи Чинхо даххо адад филмхо ба навор гирифта шудааст ки кисми зиёди онхо ба забони англлиси мебошад. Муфассалтар дар сахифаи http://mynet.tj/jin_ajina_balo_shaiton_iblis/

Комментарии