Ҷаримаҳои БДА (ГАИ) дар Тоҷикистон

Ҷаримаи Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА), ки онро дар ҷамъияти имруза асосан ба забони руссӣ штраф мегӯянду барои содир кардани қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон – соҳибони нақлиёт ба вуқуъ мепайвандад ва маблағи муайянеро дар назар доранд.

Мувофиқи қонуну қоидаҳои Тоҷикистон маблағи ҷарима бояд ба хазинаҳои БДА «Амонатбонк»  супорида шаванд  ва ё агар корманди Бозрасии автомобилӣ пешниҳод кунад ки дар ҷойи содир кардан ҳаққи ҷаримаро супорад ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод кунад пас ягон малол нест.

Дар поён ҷадвали андозаи ҷарима барои содир кардани қойидавайронкунӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст (соли 2018).

  1. Ҳангоми гузаштан дар чароғаки сурх – аз 150  то 250 сомонӣ;
  2. Барои итоати қонуни накардан ба корманди БДА (масалн манъ накардани мошин) –аз 150 то 500 сомонӣ;
  3. Насб кардани чароғакҳои иловагии ба стандарт ҷавобгу набуда – аз 150 то 250 сомонӣ;
  4. Суръати ҳаракат аз меъёр зиёд будан – аз 50 то 150 сомонӣ;
  5. Вайрон кардани қойидаи аз дигар мошин гузаштан (обгон) – аз 150-250 сомонӣ;
  6. Ҳаракат ба самти муқобили ҳаракат, ҳангоми тамба будани роҳ – аз 250 то 300 сомонӣ;
  7. Сабабгори пайдо кардани ҳодисаҳои садамавӣ – аз 150 то 250 сомонӣ;
  8. Сиёҳшишаи ғайриқонунӣ ва ё овехтани пардаҳо – 6250 сомонӣ;
  9. Нишаста рондани техника бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 13000 сомонӣ;
  10. Рондани техника дар ҳолати мастӣ – маҳрум кардан аз озодӣ аз 10 то 15 сол;
  11. Рондани мошине, ки чамбаракаш аз тарафи рост аст – 500 сомонӣ;
  12. Нодуруст ҷойгир кардани техника – аз 70 то 150 сомонӣ;
  13. Истифодаи телефонии мобилӣ ҳангоми сари чамбарак будан –аз 100 то 150 сомонӣ;
  14. Рондани мошин бе гузаштани муоинаи техникӣ ва надоштани ҳуҷати тасдиқкунанда аз ҷумла суғуртаи ҳатмии масълуят – 150 сомонӣ;
Штраф ГАИ в Таджикистане

Кодекси БДА

Агар шуморо корманди БДА (ГАИ) ҷаримабандӣ кард пас аз шумо ҳуҷҷати ронандагӣ (права)  ва варақаи сабти ҷаримаҳоро мегирад ва ба дастатон баъди протокол намудан варақаи махсус ки номаш «Иҷозатномаи муваққатӣ» мебошад, медиҳад, ки муҳлаташ то 1-моҳ мебошад. Ҳуҷҷатҳои гирифташудаи корманди БДА барои баррасӣ ба шуъбаи БДА маҳалли зисти ронанда ирсол мешавад, ки баъди ситони ҷарима ҳуҷҷатҳо ба ронанда баргардонида мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ба вуқуъ мепайвандад агар ҳолати кор вазнин набошад.

Солҳои охир барои муайян кардани ҳаҷми ҷарима хизматрасониҳои махсус кушода шудаанд ки ба мардум тариқи онлайн гирифтани маълумот имконпазир шудаас. Яке аз роҳи муайян кардан ин тавассути равон кардани паёмак (SMS) тавассути телефонии мобили ба рақамҳои махсус. Масалан барои муштариёни ширкати Индиго (T-Cell) ба рақми 1881 ва ба муштариёни ширкати мобилии Вавилон –М ба рақами «4444» ирсол кардан лозим.

Чунин хизматрасониро «Шаҳри бехатар» меноманд, ки он барои дилхоҳ нафар имконияти гирифтани маълумот оиди ҷаримаҳои камераҳои мушоҳидавии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад. Инчунин дигар чаримахоро дар кодекси Хукуквайронкунии маъмури хаст, ки дар сахифаи http://komron.info/cr/kodeksi-huquqvaironkunii-mamuri/ чойгир аст.

Комментарии