Агроинвестбонк кормандонашро ихтисор мекунад 

Охири моҳи августи соли 2017 –ум тақрибан ба 2000 корманди Агроинвестбонк огоҳӣ дода шудааст ки муҳлати шартномаи меҳнатиашон санаи 1-уми сентябри соли 2017 ба охир мерасад ва роҳбарияти бонк тасмис гирифтааст, ки дигарбора онҳоро тамдид накунад.  Ин хабар дар сомонаҳои ҷтимоӣ дарҷ ёфтаанд ва асоси расмӣ надоранд.

Ин маънои онро дорад ки Агроинвестбонк атрофи 2000 корманди худро ихтисор мекунад ва ин миқдор одамон бе ҷойи корӣ монда сафи бекорони Тоҷикистонро зиёд мекунанд.

Агроинвестбанк

Ин чорабинӣ бо тавсияи БАРТ (Бонки Аврупоии Рушд ва Тараққиёт) ба амал бароварда мешавад, ки онҳо низ яке аз саҳмиядорони Агроинвестбонк мебошанд. Пештар ҳам солҳои 2008-2010 БАРТ тавсия карда буд, ки ҳайати бастии кори Агроинвестбонк км карда шавад, вале ин тавсияҳо ба инобат гирифта нашуда буданд.

Ҳоло Агроинвестбонк ҳамчун бонки давлатӣ буда аз хориҷа сармоягузорони навро дар ҷустуҷу дорад ва тахминҳо меравад, ки Хитоиҳо ё Аврупоиҳо ҷиҳати харидорӣ кардани саҳмияҳои бонкро  мавриди чораҷӯи қарор дода истодааст. Ҳоло Агроинвестбонк дар чуқурии ниҳоят зиёди қарзӣ қарор дорад ки ҳаҷми умумии ӯҳдадориҳояш ба 100 то 200 млн доллари ИМА баробар аст.

Аз 1-уми сентябри соли 2017 ба фаъолияти корӣ зиёда аз 2000 кормандонӣ Агроинвестбок мисли пештара ба кор намераванд ва ин ба онҳо ҳамчун рузи сиёҳ маҳсуб меёбад ва ин дар таърихи бонкирҳои тоҷик сабти хотирмону шӯр боқи хоҳад монд. Агар дар тамоми Тоҷикистон санаи 1-уми сентябр рӯзи хонишу арафаи иди Қурбон таҷлил шавад, пас дар хонаи кормандони рондашудаи Агроинвестбонк рӯзи мотаму рӯзи пур аз андуҳ хоҳад шуд.

Акнун, чунин мешавад, ки ин Бонки аврупоӣ ба сари кормандони Агроинвестбонк балои сиёҳро оварду хонахаробашон кард. Ин мардуми аврупо мардуми тоҷикро талаву хароб мекунанд. Хуллас Бонки Аврупоӣ дар рӯзи иди Қурбон зиёда аз 2000 кормандони Агроинвестбонкро қурбонӣ мекунанд, ки кори нангин аст.

Дар бонкротшавии Агроинвестбонк худи ҳамин кормандон мусоидат карда бошанд, ҳам вале онҳо гунаҳкори асоси нестанд. Дар бонк гунаҳкорони асосӣ корашонро давом хоҳанд дод ва ҳолати наҷоти бонк ва амонатҳои мардум зери шубҳа аст.

Умуман маоши кормандони Агроинвестбонк ба ҳисоби миёна дар як моҳ ба 1000 то 2000 сомонӣ ва сардорони шубаҳояш бошад 4000-5000 сомонӣ ҳар моҳ мегиранд. Акнун бинобар сабаби зиёд будани ҷойи бекорӣ ва паст будани сатҳи маош дар дигар корҳонаҳи кишвар онҳо розиянд, ки бо маоши 2-3 маротиба камтарин низ кор кунанд.

Акнун тибқи тахминҳои мутахассисон 20%-и кормандони бонк ба Руссия ва дигар кишварҳо мераванд, 50%-ашон умуман ҷойи корӣ ёфта наметонаду дар хона мемонанд, 10%-ашон алакай кор ёфтаанд, 20 %-ашон хело саргардону сарсони корковӣ мекунанд.

Барои чи Агроинвестбонк муфлис (бонкрот) шуд?

Дар сомонаҳои гуногун сабаби банкротшавии Агроинвестбонкро дар нодуруст идора кардани фаъолияти ӯ аз ҷониби Роҳбарияти ӯ мегӯянд. Аммо дар асл ба муфлисшавии ӯ асосан саҳомони ӯ ва дигар шахсони таъсиррасон ки ба Раиси Агроинвнвестбонк супоришҳои ғаразнок додаанд, боис шудааст. Агроинвестбонк асосан аз қарзгузории калонҳаҷм зарар дидааст ва дар аёми коҳишёбии нархи нафт дар ҷаҳон аз охири соли 2014 инҷониб зарбаи ҷонкоҳ ба Тоҷикистону Агроинвестбонк ва дигар бонкҳои кишвар боис шудааст.

Комментарии