Дини Ислом чист?

Ислом – калимаи арабӣ (الإسلام‎ ) буда, номи дини яккхудоӣ дар ҷаҳони имрӯза мебошад ва ба гуруҳи динҳои Иброҳимӣ таалуқ медонанд. Маънои калимаи дини Ислом ин «Бахшидани худ бар Худо» ва ё «Итоат кардан бар фармонҳои Аллоҳ» мебошад. Инчунин дар забони арабӣ Ислом маънои «Раҳоӣ ёфтан», «Наҷотёбӣ», «Озод будан» ва «Нигоҳдорӣ»-ро дорад. Дар луғатҳои шариат маънои Ислом ин «яккахудоӣ» мебошад ва итоат ба Аллоҳ мебошад.

Таърихан Ислом дар асрҳои ҳафтуми мелодӣ дар замони Паёмбар Муҳаммад (САВ) ба миён омадааст. Муҳаммад паёмбари аввалин ва охирини дини Ислом мебошад. Китоби дини Ислом – «Қуръон»-и карим, мебошад. Шахсоне, ки Исломро эътироф менамоянд ва калимаи шаҳодатро талафуз намуда ба Аллоҳ боварӣ менамоянд – пас онҳоро мусаллмон мешуморанд.

Ислом‌ инро меомӯзад, ки‌ Аллоҳ ягона‌ аст‌ ва фақат‌ Ӯ шоиста‌ ва сазовори бандагӣ‌ аст‌; Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) бандаи‌ Худо ва фиристодаи‌ Ӯст‌; Қуръони‌ маҷид китоб‌ ва қонуни‌ илоҳӣ‌ аст‌; Ислом‌ дини‌ барҳақ‌ ва рост‌ аст. Ислом‌ тамоми‌ хубиҳои‌ дину дунёро ба‌ мо меомӯзад.

Ҳадаф‌ аз аҳкоми‌ исломӣ панҷ‌ аст мавриде,‌ ки‌ поя‌ ва асоси‌ Ислом‌ ба шумор меравад, мавриди аввали‌ онро имон‌ гуянд, ки‌ шарҳи‌ он‌ дар бахш‌и аввал‌ баён‌ шуд. Чаҳор мавриди боқимонда‌, яъне‌ намоз, закот, рузаи‌ Рамазон‌ ва ҳаҷҷи‌ хонаи Худоро аҳком‌и исломӣ‌ мегӯянд. Дар ин‌ бахш‌ аз намоз баҳс‌ хоҳад шуд.

Комментарии