Ислом

islom

Ислом – ин дини яккахудоӣ буда ба гуруҳи динҳои Иброҳимӣ шомил аст.  Маънои калимаи «Ислом» ин “бахшидани  худ ба Худо», “итоаткунӣ”,  “фармонбардорӣ”, мебошад. Дар забони арабӣ калимаи Ислом маънои «бобарор будан», «раҳои ёфтан», «боқӣ мондан», «озод буданро» дорад.

Аз нуқтаи назари Шариат бошад мафҳуми калимаи «Ислом» ин яккахудогӣ буда бар гуфтаҳои Оллоҳ итоат карданро мефаҳмонад.

Таърихан Ислом дар асри VII пайдо шудааст, ки инро дар гуфтаҳои паёмбар Муҳаммад (С.А.В) во хурдан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи роҳнамоиҳои дини Ислом расулони қаблӣ аз ҷумла ҳазрати Муссо ва ё Исои Масеҳ ба назди халқиятҳои гуногун равона карда шудаанд, то ин ки онҳо дар мавриди яккахудоӣ, паёмбарӣ намоянд. Лек бо мурури замон баъзе одамон ба паёмҳо андешаи худро ҳамроҳ карда тағийрот медароварданду касонро гумроҳ менамуданд, ки дар ниҳоят этиқод хато карда мешуд.

 

 

 

Комментарии