Иктисодиёти Точикистон

Иктисодиёти Точикистон дар ҷаҳон аз нигоҳи ҳаҷми ММД бо маблағи 23,3 млрд. доллари ИМА, ҷойи 139-умро ишғол менамояд. Дар сохтори мачмуи махсулоти дохилии кишвар хиссаи сохаи хизматрасони – 57%, баъдан кишоварзи- 25% ва саноат – 17% мебошанд.

Богхои КонибодомГарчанде дар ҷаҳон имрузҳо иктисодиёти кишварро аз нигоҳи ҳаҷми умумии маҷмуми маҳсулоту-хадамоти дар дохили кишвар истеҳсолшуда баҳо диҳанд, ҳам вале дар ҳолати баҳодиҳии иктисодиёти Точикистон дурустараш аз нигоҳи маҷмуи маҳсулоту-хадамоти кулли шаҳрвандони Тоҷикистон истеҳсолшуда баҳо додан дурустар аст.  Ин аз он сабаб аст, ки тақдири истеъмолкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби муҳоҷирати қувваи корӣ ҳалли худро меёбад, ки он тақрибан 90% асъори хориҷии ба кишвар лозимаро таъмин менамояд. Яъне агар оддитар карда гуем, пас Тоҷикистон асосан аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии ба Руссия мерафта зиндагонии хуши худро мегузаронад.

Командони мавсимӣ ё доимие, ки дар соҳаҳои реалии иқтисодиёт аз ҷумла кишоварзӣ ва саноат машғулбуда тақрибан 3 млн нафарро ташкил карда атрофи муодил бо доллари ИМА ба андозаи 2 млрд. маҳсулот дар як сол истеҳсол менамоянд, ҳол он ки  тақрибан 70% ин маблағ ба хароҷот (маош, сузишворӣ ва ғ), бурда шуда ҳамагӣ 300 млн. доллар арзиши изофа (фоида), боқӣ мемонад.  Лек шумораи муҳоҷирон аз ин гуруҳи кормандони дохли кишварбуда, ду маротиба камтар буда фоидаи софи меовардаашон дар як сол 10 маротиба зиёдтар буда дар як сол 3-4 млрд. долларо ташкил менамод.  Ин маънии онро дорад, ки иктисодиёти Точикистон аз омилҳои беруна сахт вобастагӣ дорад ва ҳангоми мушкилие бо муҳоҷирони меҳнатӣ сар задан пас ба кулли Тоҷикистон таъсираш мерасад.

Ҳамин тавр бояд гуфт, ки иктисодиёти Тоҷикистон асосан аз ҳисоби даромади муҳоҷирони меҳнатӣ буда баъдан аз соҳаи кишоварзӣ, саноат, энергетика ва ғайраҳо вобаста аст.

Комментарии