Имом

Имом – калимаи арабӣ « إمام‎‎  » буда маънояш шахси руҳонии роҳбарикунанда дар намоз-ибодат (Пешнамоз) мебошад. Дар дини Ислом нафаре, ки Имом аст ӯ ҳамчун шахси ваколатдор ва пешсаф дар хондани намоз ва раисикунандаи масҷид, мебошад. Ҳамзамон Имом дар гузаронидани маросимҳои оинии Исломӣ аз ҷумла хондани ҷаноза, дафннамоӣ, никоҳ ва ғайра ваколатдор мебошад.

Имом

Имом дар Намоз

Умуман Имом ин рутба-унвони диннӣ буда мартабааш аз Мулло болотар аст. Сунимазҳабҳо ба сифати ин кас шахсони барумандтарини фақеҳон аз ҷумла Абу Ҳанифа, Малик, аш Шафии ва Аҳмадро медонанд. Имомҳои шиагӣ бошанд ба сифати миёнарав байни Худо ва одамро иҷро менамоянд.

Сунимазҳабҳо чунин мешуморанд, ки Имом касе буда метавонад, агар аз беҳтарин, ашрофзода ва ё хубтараш аз ҷамъияти уммавиён бошад. Шиагиҳо бошанд чунин мешуморанд, ки Имом будан насл ба насл мегузарад.

Дар кишварҳои шимолии Қафқоз ва бахусус Доғистону Чеченистон  рутбаи Имомро худи роҳбар дорад. Дар Тоҷикистон бошад ба сифати Имом касонеро номбар менамоянд, ки дар масҷидҳои панҷвақта роҳбар аст.

Мувофиқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон Имом касе буда метавонад, ки агар номзадии ӯ аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ (Кумитаи дин) эътироф гардад. Дар ҷамъият бошад Имомҳоро хело эҳтиром менамоянду нисбати онҳо рафтори ноҷо наменамоянд.

Солҳои пеш дар Тоҷикистон ва то ҳол дар баъзеи давлатҳо дунё Имом будан аз ҷониби ҳукумат дахолату ба танзим дароварда намешавад. Дар вақтҳои намози муқаррарии умумӣ ба сифатӣ Имом нафари боимонеро интихоб кардан мумкин аст, ки аз ҷиҳати покӣ ва дониши исломӣ беҳтар, тавонотар ва новобаста аз миллат, забон, нажот ва мулкдориаш, бошад.  Барои ин нафари интихобшаванда соҳиби дониши баланди исломӣ ва Қуронро бояд хуб донад.

Таърихи Имом

Имоми аввалин худ Паёмбар – Муҳаммад (САВ) буду намозҳо бо роҳбарии ӯ хонда мешуданд ва дар солҳои пиронсоливу бемориаш ӯро Абубакр ба ҳайси Имом иваз кардааст.

ИмомДар гушаву канори давлат бошад ба ҳайси Имом ноибҳо буданду баробари ин масъалаҳои ҷориро ба душ доштанд, аз ҷумла ҷамъоварии андоз ва ғайра. Дар замони ҳукумронии Аббосиҳо (с. 749-1258) ба сифати Имом шахсони махсуси илмнок таёр карда мешуданд. Дар давраи мулкдории Фотимагиҳо бошад (с. 909—1171) дар моҳи шарифи Рамазон вазифаи Имомиро дар хондани намози ҷумъа, худи халиф (Шоҳ) ба уҳда мегирифт.

Дар урфият чунин шуморида мешавад, ки ба ҳайси Имом шахси муътабар ва илми ӯ дар соҳаи Қуръондонӣ бешубҳа бошад. Дар қишлоқҷойҳо бошад вазифаи имомиро шахси нисбатан афзалиятнок дар имону, дониши исломӣ ва обруй дошта бошад. Дар Туркия рутбаи имомиро бо пешниҳоди муллоҳо ва тасдиқи ҳукумат ба нафари соҳиби илмӣ исломидошта, дода мешавад. Гарчанде аз Имом будан илми зиёде талаб карда нашавад, ҳам вале баъдан онҳо имконият дар соҳиб шудани мақомҳои баландар аз ҷумла  Қозӣ ва Муфтӣ пайдо менамоянд.  Имомро асосан бо либоси ва саллаи сафед фарқ карда мешавад.

Аввалин Имоми шиагиҳо Ҳазрати Алӣ – домодӣ Муҳаммад паёмбар (САВ) буд ва баъди ӯ вазифаи имомиро писарони ӯ Ҳасан ва Ҳусен иҷро мекарданд.

Ҳамин тавр 12-имоми шиагиҳо ҳамчун шахсони муқаддас шуморида мешаванд, аз ҷумла аз Ҳазрати Алӣ сар карда баъдан Ҳасан ва Ҳусен писарони ӯ ва ҳамин тавр насли онон: Зайн ал Обидин, Муҳаммад ал Боқирӣ, Ҷафари Содиқ, Мусо ал Қозим,  Али ар Ридо, Муҳаммад ат Тоққӣ, Али ал Ҳаддӣ, Ҳасан ал Аскарӣ ва Муҳаммад ал Маҳдӣ.

Филм дар бораи Имом Алӣ ба забони форсӣ

Видео дар бораи Имоми Маҳдӣ ва Имом Ғазалӣ

 

Филми Имом Бухорӣ ва Имом Алӣ (ба забони русӣ)

 

Комментарии