Иди Курбон 2016

Иди Курбон соли 2016-уи рузи 12 сентябр тибки тахминхо тачил карда мешаванд.

Жертвоприношение  в Курбане

Таърихи Пайдоиш: Мувофики китоби мукаддаси «Қуръон», фаришта Джабраил ба хоби паёмбар Иброхим даромада ба у расонидааст, ки Аллоҳ фармудааст, ки у фарзанди худро курбони намояд. Дар китоб номи фарзанди пайгамбар гуфта нашудааст, вале мутобики навиштачотхо номи писари калонии расул – Исмоил, бештар номгирӣ карда шудааст.

Дар навиштачотхои яхуди номи дигари паёмбар- Исхок зикр карда шудааст. Иброхим ба водии Мино ки холо ин чо шахри Макка мебошад барои таёри дидан рафтааст. Дар бораи донистани курбонии худ писари паёмбар пай мебарад, вале ба ин ягон мухолифи намекунад. Чун ки вай фармонбардори Аллох ва итоаткунандаи падар буд. Лек ин санчиш аз Парвардигор буд ва хангоме, ки паёмбар кариб буд ки писари худро аз сар бетан кунад, ин хангом корд кунд шуд. Ин исбот шуд ки паёмбар ба Парвардигори худ содик аст ва ба чои моли курбонишаванда чорво (гусфанд) кобили кабул дониста шуд. Баъдан ба паёмбар як тои дигар фарзанд (писар) такдим карда шуд, ки номаш Исхок буд.

Дар рузи Иди Курбон намоз хонда мешавад:

Ният кардам, бигузорам ду ракаъат намози иди курбон бо Чумлаи такбироташ, ки вочиби хамин вакт аст, руй овардам ба кибла, киблаи ман ба чихати Каъба, иктидо кардам ба имоми хозиристода, холисаллилохи таъоло Аллоҳу акбар.

namoz_

Ин сухани дар боло гуфташуда, Нияти намози идонаи Курбон буда дар аввали намози Курбон аз тарафи иштирокчиёни намоз гуфтан хатми мебошад, ва ин ба забони точики аст.

Маълумоти мухтасар дар бораи намози идонаи Курбон:

Хондани намози идонаи Курбон, воҷиб буда беҳтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар аст. Ин намози ҷамъиятии мардона буда дар масҷид субҳидам рузи 10-уми моҳи Зулҳиҷа- яъне 70-руз пас аз моҳи шарифи Рамазон, хонда мешавад.

Вақти намози идонаи Курбон пас аз тақрибан 30 дақика баромадани офтоб то нисфирузи (вакти намози пешин) хондан мумкин аст вале асосан хубтараш субхидам.

Санаҳои Иди Курбон
Солшумори Руз± 1 друз
Хичри Камари
10 Зул-Хиҷа 1437 13 сентябри с. 2016
10 Зул-Хиҷа 1438 2 сентябри с. 2017
10 Зул-Хиҷа 1439 22 августи с. 2018
10 Зул-Хиҷа 1440 12 августи с. 2019
10 Зул-Хиҷа 1441 31 июли с. 2020

Рузи хондани намози идонаи Курбони хатман ботахорат ва хубтараш – гуслдор, буда либоси тоза ва таъби болида доштан зарур аст. Пас аз намози идона кас метавонад ба аёдати бечорахолон, наздикон, азизон, беморон, мазор ва хонадонхое ки чанде пеш наздиконашон фавдидааст рафта пораҳхои Қуръонро хонанд амалҳои нек хисобида мешавад.

Дар рузи Иди Курбон тибки талаботхои исломи шахси доранда бояд Курбони – яъне хайвони солиму болигро курбони намуд гушти онро ба мардум таксим намояд. Дар Точикистон ба мисоли дигар давлатхои исломи рузи иди курбон дар оилахои доранда курбониро бо рохи куштани хайвони халол пас аз намози иди курбон ба рох монда шуда гушти он хайвонро ба мардум хурок карда пешниход менамоянд.

Иди Курбон ё худ онро «Ид ал адха» низ меноманд. Ин иди курбони намудан буда дар байни халки мусалмон маълум аст.

 

Умуман намози идонаи Курбон хамаги аз ду ракаъат буда пеш аз хондани он мардум хачи барвактар ба масчид омада якдигарро бо ин ид якдигарро муборакбоди гуфта баъдан дар нишаста то огози намоз гуш бар амри маъруф ва табрикоти рохбарияти минтака (деха, нохия, вилоят ва гайра) намуда ба хондани намоз омода мешаванд.

Барои ба хатоги руй надодан дар баъзе холатхои аз чониби имом ба иштиркчиён (ибодаткунандагон) тартиби хондани намози идона такроран ба ёд меорад.

Комментарии