Иди истиклолият кадом руз?

9-уми сентябри соли 1991-ум мухимтарин вокеаи таърихии сарнавишти миллати точик ба вучуд омадааст: Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон эълон гардид. Ин ходисаи фарахбахш аввали мохи сентябри соли 1991 ба вукуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рузи Истиклолияти Чумхурии Точикистон кабул гардид. Аз хамон вакт то имруз ин санаи муборак барои миллати точик иди мукаддас махсуб мешавад.

Дар дарозои замонхо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишхои сахту сангин гузашта бошад хам, дастовардхои фарханги асил, хувияти милли, забони ноби модари, илму адабиёти оламгирашро нигох доштааст.

istiqloloyat-4Ба хамагон маълум, ки ниёгони мо бо талкини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» бехтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнхои ахлоки хамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурхикмат дар тули асрхо барои ташаккули арзишхои солими башардустона хидмат кардааст.

Бешак, махз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинхои дорои чанбаи хаёти, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди аклонии ниёгони мо буд, ки онхо ба ганчинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Мони сар карда, то Рудакиву Фирдавси, Абуали Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Газзоли, Шайх Аттору Чалолиддини Балхи, Саъдиву Хофиз, Хоча Камолу Мавлоно Чоми, Сайидою Бедил барин садхо нобиғахои илму адабу фархангро ато кардаанд.

Даврони Истиклолият барои мо имкони вокеи фарохам овард, ки рохи имрузу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи чомеаи демократи, хукукбунёд ва дуняви интихоб намоем.  Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкорхои пайгиронаи созандаги, азму талошхои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёси, иктисоди ва фархангиро омузонда, меъёрхои чомеаи шахрвандиро тахким бахшид ва дар як вакт хаёти озодонаи хар фард ва олитарин дарачаи бахту саодати вокеии миллатро таъмин намуд. Истиклолият барои мо нишони барчастаи пойдории давлат, бакои симои миллат, рамзи асолату хувият, мазхари идеалу ормонхои таърихи, шиносномаи байналмилали ва шарафу эътибори ба чахони мутамаддин пайвастани кишвари сохибистиклоли Точикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имруз ифтихор доранд, ки бисту як сол кабл аз ин нахустин хиштхои пойдевори истиклолияти вокеи ва давлатдории миллии худро нихода, аз шарофати мустакилият сохиби рамзхои давлати – Парчам, Нишон ва Суруди нави милли гардидем.

Ходисаву вокеахои пурошуби ибтидои солхои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлати, нигох доштани оромии авзои чомеа, пойдории сулху субот ва тахкими истиклолияту хифзи дастовардхои он андеша кунем, ки ин хама як кисми таркибии сиёсати давлатии мо махсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиклолият, аниктараш мохи ноябри соли 1992 дар Касри Арбоби нохияи Б.Гафуров Ичлосияи ХVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардхои минбаъдаи кишвар ба номи у иртиботи хамачониба доранд. Аз рузи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди баруманди халк Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон дар тамоми фишангхои хокимият асосхои сохтори конститутсиони, рукнхои тозаи идоракунии давлат, меъёрхои танзимкунандаи хаёти иктисоди, ичтимои ва фархангии кишвар роич гардида, пули милли ба муомилот баромад ва шиносномаи милли дар арсаи чахони эътироф гардид. Мо яке аз рукнхои асосии давлатдории мустакил – Артиши милли ва нерухои сархадиро таъсис дода, хифзи марзу буми Ватан ва сархади давлати худро тахти назорати доими гирифтем.

janozai_islom_karimovЧунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон таъкид кардаанд: «Яке аз мухимтарин дастовардхои мо дар даврони истиклолият давлатсози ва давлатдории муосири милли мебошад, ки мохиятан шакли хукукбунёд, ичтимои ва дунявиро дорад».

Халки азиятдидаи точик барои тахкими Истиклолият, нигахдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулху вахдат ва ягонаги, интихоби рохи рости рушду тараккиёт Конститутсия (Сарконун)-и мамлакати орзую ормонашро кабул кард. Агар гуем, ки аз хамон соли кабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Чумхурии Точикистон мархилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахохад шуд. Зеро барои расидан ба сулхи кулл ва Вахдати милли пеш аз хама пояи конунии фаъолияти Хокимият зарур буд ва инро метавонист танхо Конститутсия (Сарконун)-и хаматарафа такмилёфта ва мутобик ба талаби замон таъмин намояд.

Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз чониби тамоми халк нишони эътирофи Хукумати конуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомали Рахмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар чанги шахрванди харобгардида фаъолияти шабонарузи мебурд.

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халк ин хуччати мухим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндаги бошад, мехнати сидкидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати мехнати озодона, донишу хунаромузи, истирохат ва табобат, сахм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои хар шахрванд низ аз чониби давлат тавассути Конститутсия (Сарконун) муайян гардидааст. Кафили Конститутсия (Сарконун) бошад, Президенти Чумхурии Точикистон мебошад.

dilshod_nazarov-2Дар партави ин санади зиндагисоз Хукумати кишвар бо сарварии Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон баробари дар арсаи чахон баланд бардоштани обрую эътибори Точикистон боз ба чунин нуктахои талаботи Конститутсия (Сарконун) эътибори махсус ва чидди дод:

пеш аз хама, таъмини озодию осудагии хаёти инсон дар каламрави мамлакат, ки онро истикрори сулх ва вахдати милли тахким бахшид;

дуюм, фарохам овардани шароити мусоид барои мехнати озодонаи хар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоххо, хунаромузи ва гирифтани табобати бепул дар муассисахои тибби;

сеюм, таъмини озодии муоширати намояндагони халку миллатхои гуногуни маскуни кишвар, истифодаи забони модари дар зиндаги ва тадрис, харакат ва алокаи бемамониат, ки ин хама бо рохи шароити васеъ фарохам овардан ба амали забонхои гуногун дар каламрави мамлакат, ривочи сохибкорию тичорат дар тамоми нуктаи олам ва пайвастани минтакахои гуногуни кишвар тавассути бунёди шохроххо ба амал бароварда шуданд;

чорум, тахкими хуввияти милли, ру овардан ба асолати худшиносию худогохи, расму оини ачдоди, ватандустию инсонпарвари, ки ин хама тавассути тачлилу бузургдошти чашнхои таърихию милли ва симохои оламшумул амали гардид;

панчум, таъмини озодии вичдон, матбуот, афкору андешаи хар сокини мамлакат ва ғайра.

Сохиби давлати мустакил будан барои хар инсони сохибдил бахти бузург аст. Бахусус дар замони ходисахои чашмнодида ва гушношуданидаи катаклизми умумичахони, ки мамолики гуногуни олам аз офатхои табиию беморихои вогир ва нарасидани озукаю оби ошомидани азият мекашанд. Дар мамлакати рушдёбандаи мо хам соли гузаштаю соли равон чунин ходисахо рух доданд. Вале давлат нагузошт, ки шахрвандонаш бе хонаю чой, бе сарпаноху бе озука монанд. Дар муддати кутох хам барои сокинони Кулобу хам барои сокинони Айнию Панчакент бинохои замонавии мучаххаз сохта, бо тамоми ашёи рузгор ба истифода дода шуданд.

istiqloloyat-3Акнун – пас аз гузаштани солхо ва ба даст овардани баъзе комёбихои мухим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустакилона моро водор сохт, рохи ислохоти иктисоди, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иктисодиёти милли ва сохторхои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатхои бозоргони ва пайвастани низоми иктисоди Точикистон ба набзи иктисоди чахони рох кушоем».

Душвортарин муаммои мо дар зарфи бист як сол ин масъалаи истиклолияти энергетики буд, ки баъди ба низом даровардани сохторхои хокимият рохбари давлат хамаруза бо он машғул мешуд. Албатта раванди бонизоми пешрафти иктисодиёт ва инкишофи хамаи сохахои хочагии халк дар шароити имруза асосан аз истиклолияти энергетикиву коммуникатсиони ва вусъат пайдо кардани рохсози вобастагии амик дорад.

Бинобар ин нахустин икдомхои Хукумати Чумхури оғоз бахшидан ба сохтмони туннели Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои хама бунёдкорихои рохсозию коммуникатсияро дида, даричаи начотро низ дар он дарёфта буданд. Дар рохи таъмини истиклолияти энергетики, рахоии кишвар аз бунбасти коммуникатсиони, амнияти озукавори, ки хадафхои стратегии Хукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоххои хурду калони барки оби, хатхои интиколи кувваи барк, туннелхо, шохроххову пулхои байналмилалии мошингард ва даххо иншооти азими инфраструктураи ичтимои натичахои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандаги дар ин самтхо вусъати тоза пайдо карданд. Аз чумла, сохмони неругоххои барки обии «Сангтуда-1» ба охир расонда шуд ва он алхол ба манфиати халк хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтуда-2», як катор неругоххои хурд дар мухлатхои наздиктарин ба кор медароянд. Хатхои баландшиддати интиколи неруи барки Чануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтуда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Чануб–Шимол ва дар пойгохи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Хукумати Чумхури барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон махсуб мешавад.

Доир ба рахоии кишвар аз бунбасти коммуникатсиони як силсила тадбирхои мушаххас амали шуда, сохтмонхои китъахои алохидаи роххои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, накбхои автомобилгарди Истиклол, Шахристон бо суръат идома доранд. Шохрохи Душанбе – Хучанд – Чанак ва накби Шаршар ба истифода дода шуданд.

Баъди истифодаи роххои бузурги байниминтакави имкон фарохам омад, ки харакати наклиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслхои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашони ба манотики гуногуни кишвар сад дар сад бехтар гардад.

Чунонки таъкид гардид, чангу талошхои ибтидои солхои навадуми асри гузашта тамоми фишангхои давлату давлатдори ва истехсолиро фалач карда буданд. Хукумати Чумхурии Точикистон роххои расидан ба истикрори сулх ва вахдати миллиро чустучу мекард ва сарвари давлат пайваста талош меварзид, то осудагию ороми дар саросари мамлакат хукмфармо гарданд.

Хушбахтона, чунин руз хам фаро расид: 27 июни соли 1997 дар Москва – пойтахти Федератсияи Русия Созишномаи истикрори сулх ва ризоияти милли байни Хукумати Точикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рузи муборак Рузи Вахдати милли эълон шуд. Аз хамон вакт инчониб чомеаи чахони муосир тачрибаи пешкадами «Сулхи точикон»-ро меомузад ва барои насли имруз чун намунаи бехтарини гуфтушуниди созанда пешниход мекунад.

nigora_kholov-07Ба шарофати истиклолият ба дастовардхои назарраси сиёсиву иктисоди ва ичтимоиву фарханги ноил шуда бошем хам, дар мархилаи мураккабу хассоси чахони имруза ба иттиходу хамраъйи, вахдати милли, маърифату зиракии сиёси, худошиносиву худогохи ва эхсоси баланди ватандустиву ватандори бештар ниёз дорем. Ин нуктаро сарвари давлат Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон пай бурда, борхо таъкид кардаанд, ки хушёрии сиёсиро аз даст надихем.

Президент аз чумла мегуянд: «Солхои охир дар чахон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз кабили тахдиди терроризми байналмилали, экстремизм, гардиши ғайриконунии маводи мухаддир, кочоки силох ва фаъолияти гуруххои чинояткори трансмилли кувват мегиранд, ки инхо метавонанд ба оромиву суботи минтака ва амнияти давлатии кишвархои алохида таъсири ногувор расонанд. Аз ин ру, мову шумо бояд якчоя хатари вусъатёбии ин амалхои номатлубро пешгири намоем, барои бакои такдири миллат, таъмини вахдати милли ва амнияти давлат, пойдории сулху субот ва оромии чомеа тадбирхои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулху субот, ризоияти чомеа ва вахдати миллиро, ки давлати точикро аз нобудшавию миллатро аз парокандаги начот бахшид, яке аз дастовардхои бузурги даврони истиклолият мешуморем».

Ба тамоюлхои ғаразнок икдомоти созандаро рохбарияти давлати мо мукобил гузошта, обрую эътибори Точикистонро дар арсаи чахон баланд мебардоранд. Чунончи, бо ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Чаноби Оли мухтарам  Эмомали Рахмон Соли оби тоза эълон намудани соли 2003 басо рамзи буд. Хамин тавр, паси хам саъю эхтимоми мамлакати мо дар мукаррар шудани «Дахсолаи амалиёти об барои хаёт» ва чонибдори ёфтани таклифхои Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба тозагии мухити зист ва хифзи сайёра дастовардхое буданд, ки мавкею манзалати кишвари моро дар арсаи олам мукаррар менамоянд.

Дар шароити кунуни, ки чахони муосир дорад, тахкими Истиклолият, устувор гардонидани пояхои давлат ва баланд бардоштани сатх ва сифати зиндагии инсон барои на танхо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни хаётан мухим пайдо мекунад. Зеро дахсолахои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди кувват гирифтаистодаи чахонишави инсониятро ба мухити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иктисоди, ичтимоиву фарханги ва иттилоотиву маънави гардидааст.

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиклолият давлати чавони точикон дар байни мамолики ахолияш мусалмон ва умуман чомеаи чахони муосир мавкеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханронихои Президенти мамлакат Чаноби Оли Эмомали Рахмон дар чаласахои бузурги байналхалкии давлатхои аъзои Конфронси исломи, чонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани у ба даъвогарони хамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилали, хамкорихои мутакобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаходат медиханд, ки имруз Точикистони сохибистиклол аз зумраи давлатхои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардуми анъанахо ва маросимхои дини риоя мегарданд. Озодии вичдонро Конститутсия (Сарконун)-и Чумхурии Точикистон кафолат медихад.

Ба тамоми мардуми эътикодманди кишвар маълум аст, ки Хукумати Точикистон бо сарварии Чаноби Оли Эмомали Рахмон ташаббускори хакикии барпо кардани чашнхои 1310-солагии рохбари мазхаби ханафи Хазрати Имоми Аъзам, 800-солагии Мавлоно Чалолуддини Балхи, шайххои бузург Камоли Хучанди ва Мир Саид Алии Хамадони, Имом Газзолию Имом Бухори ва дигарон мебошад. Тачлили санахои мухими таърихи ва бузургдошти шахсиятхои барчаста дар тарбияи маънавии халк, бахусус насли наврасу чавон ахамияти калон доранд. Аз ин лихоз хар иду маросим хадафхои махсуси худро дорост ва бешубха ба ягонагии рухию маънавии чомеа, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон, начобати хайрхохию хамдигарфахми, дустию рафокати одамони касбу кори гуногун бетаъсир нахохад монд.

Бо вучуди хамаи дастовардхои бесобикаву беназири худ инсон хануз ба ормону орзухои деринааш, яъне эчоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофхо дастёб нашудааст. Баръакс, имруз инсоният бо хатархои нав ва мушкилоти сангинтар ру ба ру гашта, гирифтори ихтилофхои мафкуравию мазхаби ва бархурди манфиатхои сиёсиву иктисодии чахони мебошад.

Сарвари давлати точикон хамеша таъкид мекунанд: «Вазъи имрузаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкурахо, бархурди манфиатхо ва ихтилофи тамаддунхо, балки аз робитахои дустона, хамзистии мусолиматомез ва гуфтугуи тамаддунхо харф занем.

Мо вазифадорем, ки хама гуна амалхои ба зиндагии осоиштаи башарият тахдидкунандаро махкум ва пешгири карда, талошхои созанда, дастовардхои фарханг ва дину оинхои халку миллатхои гуногунро хамчун чузъхои таркиби тамаддуни башари эътироф намоем ва ба онхо эхтиром гузорем.

Чумхурии Точикистон чун узви комилхукуки чомеаи чахони табиист, ки аз равандхои чахонишави берун буда наметавонад. Муносибатхои мо ба кишвархо ва минтакахои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо харчи бештар вориди муносибатхои сиёсиву иктисоди ва фархангиву гуманитарии байналмилали мегардем.

Дар чунин шароит амик дарк кардани максад ва хадафхои худ, тахкими дастовардхои таърихи ва хифзи манфиатхои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилали амри зарурист».

Барои амали гардидани ин хадафхо муносибатхои баробархукук ва хамкорихои мутакобилан судманд бо кишвархои минтака ва мамолики пешрафтаи олам ахамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натичаи пешбурди сиёсати «дархои кушода» чунин муносиботу хамкорихо руз аз руз тахкиму густариш меёбанд.

Хадафи аслии мо эъмори давлати мустакили хукукбунёд, демократи, дуняви ва фарохам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.

Дар чараёни татбики ин хадаф дар Точикистони сохибистиклол дар фосилаи на чандон тулони арзишхои демократи хамчун чузъи фарханги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онхо ба тахкими дастовардхои истиклолият, ташаккули чомеаи шахрванди ва институтхои он, инчунин ба таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд мусоидати фаъол намуданд.

Максади асосии низоми демократи дар чомеаи мо, пеш аз хама таъмини хукук ва озодихои шахрвандон, фарохам овардани шароит барои мехнат ва зиндагии осуда, волоияти конун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатхои давлатдории милли, арзишхои ахлокиву фархан-гии миллат ва дастовардхои тамаддуни башари такя мекунанд.

Ичрои тадбирхои зикршуда дар навбати аввал аз сатхи рушди иктисодии кишвар вобаста аст. Бо назардошти ин, мо рохи густариши муносибатхои бозори ва рушди устувори иктисоди миллиро пеш гирифта, дар ин самт тадричан ба комёбихои назаррас ноил шуда истодаем.

Чихати баланд бардоштани самаранокии иктисодиёт, иктидори содиротии кишвар ва фарохам овардани чойхои нави кори тибки барномахои махсуси давлати оид ба коркарди махсулоти кишоварзи, нахи пахта ва дигар сохахои истехсоли як катор корхонахои саноати ба кор даромаданд ва холо мувофики стандартхои чахони махсулоти худро ба фуруш мебароранд. Дар нохияхои Зафаробод, Спитамен, Мастчох корхонахои азими коркарди пахта фаъолияти худро сар карданд. Дар назди ин корхонахо коргоххои бофандаги, нассочи низ амал мекунанд, ки барои натичаи нихои шароит фарохам меоваранд.

Татбики Стратегияи рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатхи камбизоатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2007 – 2009 имкон доданд, ки густариши ислохоти иктисоди, рушди устувори иктисоди милли ва сатхи баланди зиндагии мардумро тадричан таъмин гардонем.

Дар сохахои илму маориф, тиб, фарханг ва дигар бахшхои ичтимои як силсила хадафхои стратеги ва афзалиятнок муайян карда шудаанд. Холо бо бовари гуфта метавонем, ки дар натичаи ба рушди сохахои ичтимои равона кардани беш аз 50%- и бучети давлати дар доираи татбики лоихахои сармоягузори доир ба бунёд, таъмир ва аз навсозии инфраструктураи ичтимоии соха пешравихои назаррас мушохида карда мешаванд.

Ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатхи зиндагии мардуми кишвар, ки дар рохи он маъракаву маросимхои серхарочот монеахои чидди эчод мекарданд, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон» уфукхои тозаро дурахшон кард. Бо ин икдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халкамон шароити мусоид фарохам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбик ва риояи катъии конуни мазкур расму ойинхо ва маъракаороихо ба тартибу низом ва меъёри мукарраршуда дароварда шаванд.

Мо бо амали намудани сиёсати рушди устувори иктисоди максад дорем, ки ба паст кардани сатхи камбизоати, тадричан бехтар шудани сифат ва сатхи зиндагии мардум муваффак шавем. Бовар дорем, ки дар давоми чанд соли наздик ба халли ин масъалахо ноил мегардем.

Дар раванди тахкими сулху субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ бахрабардори аз арзишхои волои таърихиву фарханги, таблиғи хувияти милливу ифтихори ватандори, худшиносиву худогохи ва ба шохрохи созандагиву ободонии сарзамини ачдоди рахнамои кардан ва сафарбар намудани мардумро вокеан хам дар маркази сиёсати давлати карор додем.

Бо орзую умедхои нек гуфтани хастем, ки дар остонаи 21-солагии Истиклолияти Чумхурии Точикистон хамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории милли ва карзи мукаддаси шахрвандиашонро дарк намуда, барои хифзи дастовардхои истиклолият, пуштибонии амнияти милливу давлати, тахкими сулху вахдат ва суботи сиёси, таъмини рушди иктисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерую дониши худро дареғ намедоранд.

Соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишварамон, Чаноби Оли, мухтарам  Эмомали Рахмон хатти баландшиддати интиколи баркии 500 кВт “Чануб – Шимол” сохта, ба истифода супорида шуд, ки дар таъмин гардидани истиклолияти энергетикии вилоят басо роли мухим мебозад. Дар баробари ин сохтмони хатти баландшиддати интиколи баркии 220 кВт “Хучанд – Айни”  натичахои хуб дод. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нер=гоххои хурди барки дар давраи солхои 2009-2020 даххо нерeгохи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Вобаста ба ичрои супориши Президенти кишвар Чаноби Оли, мухтарам  Эмомали Рахмон дар бобати сохта ба истифода додани корхонаи истехсоли лампахои каммасраф тадбирхо андешида шуда, дар ЧСШК “Чароғ”-и шахри Исфара ва коргохи “Сомон”-и шахри Чкалов соли 2010 истехсоли лампахои каммасраф ба рох монда шуда, дар мачмeъ 120 чойхои кории нав таъсис гардонид. Соли 2006 тачдиди рохи автомобилгарди «Душанбе-Хучанд-Б=стон-Чанок» ва сохтмони накби Шахристон бо арзиши 296 млн. доллари ИМА оғоз гардида, дар масофаи 354,1 км ба анчом расонида шуд. Сохтмони накби Шахристон бо суръат чараён гирифта, охири мохи сентябр ба истифода дода мешавад.

Дар баробари истифода аз сармояи хоричи, аз р=и имкониятхои мавчуда аз бучети вилоят низ барои тачдиди роххои каламрави вилоят маблағхои зарури чудо шуда истодааст. Соли 2008 барои таъмири  рохи  автомобилгарди «Хучанд-Ғафуров» – 6,2 млн. сомони, соли 2009 барои роххои автомобилгарди шахри Чкалов – 7,0 млн сомони, соли 2010- барои роххои автомобилгарди шахри Хучанд – 8 млн. сомони чудо карда шуданд.

Дар ин давра дар вилоят сохтмон ва таъмиру тармими садхо иншоотхои истехсоли, маданию маиши, фарханги, ичтимои ва баркароркунии роххою к=прукхо, иншоотхои мавриди истифода ба рох монда шуданд, аз чумла варзишгох барои 25 хазор нафар, мучассамахои Аб=абдулло Р=даки ва Исмоили Сомони беморхонахои эндокринологи ва гемотологии бачагона, маркази вилоятии солимгардонии шараёни дил, хонаи истикомати дар шахри Хучанд, чойхонаи милли дар “Боғи Вахдат”-и нохияи Б.Ғафуров, литсеи Президенти дар шахри Чкалов, мактабхо дар хамаи шахру нохияхои вилоят ва ғайрахо вусъат ёфтанд.

Ба муносибати чашни 20-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон бо иштироки Президенти мамлакат, Чаноби Оли, мухтарам  Эмомали Рахмон иншоотхои хаётан мухим, ба мисли “Хавзи шиновари”, “Кохи матбуот”, хиёбони Исмоили Сомони дар шахри Хучанд ва Муассисаи истирохатию солимгардони дар нохияи Чаббор Расулов мавриди истифода карор дода шуд.

Имсол низ бахшида ба санаи таърихи дар каламрави вилоят  бунёд ва мавриди истифода карор гирифтани беш аз 200 иншоот дар назар аст. Дар рохи ичрои яке аз самтххои мухими сиёсати Хукумати Точикистон – аз бумубасти коммунакатсиони рахои бахшидани кишвар накби Шахристон дар мохи сентябр мавриди истифода карор хохад гирифт, ки ичрои ин амал дар бехбудии сатхи зиндагии мардуми кишвар таъсири мусби хохад гузошт. Хамчунин оғози корхои таъмиру азнавсозии рохи наклиётгарди Айни – Панчакент идомаи ин самти мухими сиёси ба шумор меравад, ки ичрои ин корхо танхо бо шарофати оромии кишвар ва мехнати бунёдгаронаи хар сокини диёр ба мо насиб гаштааст. Сокинони вилоят хуб медонанд, ки таъмири азнавсозии касри сулховари «Арбоб» дар арафаи анчомёбист ва он симои худро куллан дигаргун намуда, ба як маркази мухими фархангию фароғати ва худшиносии милли табдил ёфтааст. Дар подоши ғамхорию дастгирихое, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат нисбати сохибкорон иброз гардида буд, сохибкорони бонангу ор ва бо саховату бунёдкори вилоят ба чанд икдоми начиб аз кабили бунёди корхонахои саноати, марказхои фароғати, муассисахои таълимию тибби, варзишгоххо, мағозаву марказхои савдо  машғул шудаанд, ки ичрои ин амалхо дар баробари симои махал ва марказхои ахолнишинро дигаргун намуданд, барои таъмини ахоли бо чои кор ва фаровонии махсулот мусоидат хохад кард. Мардуми вилоят тасмим гирифтаанд 20-солагии баргузории Ичлосияи шонздахуми Ш=рои Олии Точикистонро низ бо дастовардхои назарраси мехнати ва таъмини накшаю =хдадорихои мехнати сазовор тачлил намоянд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои карни ХХ1 ва хазорсолаи сеюм барои мо шохрохи тахкими истиклолияти кишвар, пойдории сулху субот, рушду нумуи давлатдории милли ва кишвари сохибистиклолро ба суи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини чахони хохад кушод. Аз ин лихоз бо чунин орзухо гуфтанием:

Бигузор иди мукаддаси Истиклолият барои хар фарди сохибдилу озодаи кишвар саломати, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишхо оварад! Поянда бод вахдати милли ва давлати сохибистиклоли точикон!

Комментарии