Хочи Мирзо – Маъруфтарин Факехи Ислом дар Точикистон

Сурати Хочи Мирзо

Сурати Хочи Мирзо

Ҳоҷи Мирзо – яке аз маъруфтарин фақеҳони Исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мирзо 22-юми сентябри соли 1967 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда ба воя расидааст ва дар он ҷо истиқомат менамояд.

Тарҷумаи ҳол: Номи пурра ин шахси баруманд – Ибромов Мирзоҷон буда соли 1974 ба мактаби миёнаи рақами 9-и шаҳри Кӯлоб барои таҳсил рафта онро соли 1984 бо баҳои хубу аъло хондааст. Баробари дар мактаб хондан касби муҳосибро дар мактаби миёна низ аз худ кардааст. Соли 1985 ба сафи қувваҳои мусалаҳи Иттиҳодӣ Шӯравӣ ҷалб шуд ва ӯ ба як сол дар шаҳри Киев (пойтахти Украина) адои хизмат карда баъдан барои рафъи оқибатҳои фоҷиаи Нерӯгоҳи Атомии Чернобил ҷалб карда шуд.

 

Соли 1987-ум, Мирзо ба ватан (ҶШС Тоҷикистон) баргашту ба ҳайси муҳосиб ба ташкилоти ҷамъияти истеъмолии умумии шаҳри Кӯлоб ба кор ҷалб карда шуд. Соли 1990 ба Донишкадаи Исломии Имом Термезии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишкадаи Исломии Абу Ҳанифа) дохил шуда онро соли 1995 хатм кард ва бо маълумоти олии исломӣ дар сини 28-солагӣ соҳиб гашт.  Солҳои 1994-1995 ба Хонаи Худо (Макка) рафта пас аз зиёрат намудан мақоми Ҳоҷиро соҳиб гашт. Соли 1995 ба донишгоҳи Фейсали шаҳри Исломободи Покистон рафта дар факултаи «Методологияи дин» хонду онро соли 1999 хатм кард. Соли 1999-2011 ба ҳайси имом хатиби масҷиди «Ҳилоли Аҳмар»-и шаҳри Кӯлоб фаъолияти меҳнатӣ кардааст вале ҳоло расман бекор мебошад.

Исламский Институт Таджикистана

Исламский Институт Таджикистана

Мавсуф, донандаи забонҳои арабӣ, англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ мебошад. Солҳои 80-уми асри 20-ум дар назди домулло Шарифи Кӯлобӣ (Самеи Одиназода) сабақ омухтааст.

Ҳоҷи Мирзо дар байни аҳолии Тоҷикистони имрӯза аз ҳама бошуҳраттарин шахси диндори исломӣ мебошад  ва маъруфияти ӯ дар сатҳи баланд дар солҳои 2010-2016 хело аён буда то ҳол зиёд гашта истодааст. Ҳоҷи Мирзо байни хал обруву эхтибори баланд дошта дар ҷамъият пешсаф ва мутабар мебошад.

Сухану ҳидоятҳои ӯ аз тарафи мардуми боимон хело қадрдонӣ карда мешавад. Найҳи мункар- амри маъруфе ки ӯ менамояд дар шабакаи интеренет хело зиёд кофта мешаванд ва мавҷудияти маводҳо дар ин самт ҳам хело зиёданд. Суханҳои Ҳоҷи Мирзо асосан аз фиқҳи Абу Ҳанифа (Имоми Азам) буда дар забони тоҷикӣ ба самъи мардум расонида мешаванд. Дар Тоҷикистон ва берун аз он дар дарёфти амри маъруфи Ҳоҷи Мирзо назар ба дигар намояндаҳои динии тоҷик аз ҷумла Эшони Нуриддинҷон 2-3 маротиба бештар мебошад.

Хочи Мирзо (аудио, видео, MP3) — амри маъруф — найҳи мункар

 

 

Суханҳо, ки Ҳоҷи Мирзо ба мардуми тоҷик расонида мешаванд хело мақоми баландро дар ҷамъият мебозанд ва барои ҳамин ҳам ташкилотҳои дар бахши васоити ахбори омма кор мекарда барои наворгириву ҳамсуҳбати бо ин шахси баруманд дар ҳамкорианд аз ҷумла Радиои Озодӣ, Маҷалаи Азия Плюс, Пресса Tj ва ғайраҳо

 

Комментарии