Хазрати Мусо

Ҳазрати Мусо – яке аз бузургтарин пайғамбарони Худо буда, асосан ӯро ҳамчун наҷотдиҳандаи халқи ҷуҳуд ва ҳамчун асосгузори дини Яҳудӣ медонанд. Тибқи адабиётҳо Муссо дар асрҳои XV—XIII пеш аз мелод дар сарзаминҳои Мисри араб, зистааст ва ӯ яке аз расулҳое мебошад, ки китоби  “Таврот” (Панҷкитоб) аз Парвардигор қабул кардаасту мардумро ба яккахудои ҳидояту даъват намудааст. Номи ин паёмбар дар китоби Қуръон ҳам зикр шудааст. Худи номи Паёмбар ба забони тоҷикӣ “Аз об гирифташуда” мебошад.

Хазрати Муссо

Расми Хазрати Муссо

Таърихи паёмбар: Мусо зодаи Миср буд. Волидайни ӯ ғуломони исроилии замони давлатдории фиръавни Миср буданд. Бо фармони фиръавн бояд ҳамаи тифлони навзоди ғуломони Миср пас аз ба дунё омаданашон ба қатл расонида мешуданд. Пас аз таваллуд шудани ҳазрати Мусо модараш аз тарси оне, ки зертобеъони фиръавни лаъин писарашро ба қатл мерасонанд, ӯро чанд муддат дар хона пинҳон нигоҳ медошт. Моҳҳо мегузаштанд ва ҳазрати Мусо дар канори модар ба воя мерасид. Пас аз чанде модари ҳазрати Мусо дигар имконияти пинҳон нигоҳ доштани фарзанди худро надошт. Бинобар ин модараш ӯро ба сабаде ҷо карда он сабадро ба лаби дарё овард ва ба рӯи об гузошт. Ҳамин тариқ модар баҳри эмин нигоҳ доштани ҷигарбандаш аз ӯ ҷудо шуд. Сабад бошад шинокунон то ба наздикии қасри фиръавн расид. Бо амри тақдир он рӯз духтари фиръавн ба лаби дарё омада буд. Ӯ сабадро дида, онро аз болои об гирифт ва дар он тифли хурдакакеро дид. Дили духтар ба кӯдак сухта барояш доя пайдо кард ва фармон дод, ки тифлро ба дарбори падараш оранд.

Фильм дар бораи Муссо (ба забони русӣ  ва форсӣ)

 

Ҳамин тавр ҳазрати Мусо ба дарбори подшоҳӣ пазируфта шуда ба воя мерасид. Пайғамбар Мусо тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медод, ки аз илмҳои замони хеш баҳравар шавад. Ӯ бо ақлу фаросат, зиракӣ ва доноии худ аз ҳамсолонаш ба куллӣ фарқ мекард. Новобаста аз он, ки ҳазрати Мусо дар қасри подшоҳӣ умр ба сар мебурд, ӯ медонист, ки ба мисриён мансуб нест.

Рӯзе ҳазрати Мусо барои сайругашт аз дарбор берун шуд ва дид, ки мисрие ғуломи исроилиро зарбу лат мекард. Ҳазрати Мусо аз ин амали мисрӣ ба хашм омад, чунки худ исроилӣ буд. Ҳазрати Мусо бо хашму ғазаби бепоён ба атрофи худ назар афканд, аммо касеро ба ғайр он ду кас надид, пас ӯ мисрии золимро кушта ғуломи исроилиро озод намуд. Ин хабар паҳн шуда то ба дарбор расид.

Фиръавн амр намуд, ки Мусоро дастгир карда ба қатл расонанд. Аммо ҳазрати Мусо аз дарбори фиръавни лаъин фирор намуда рӯ ба биёбон ниҳод. Пайғамбар Мусо давоми чил сол дар кӯҳу биёбонҳо умр ба сар бурд.

Рӯзе ҳазрати Мусо дар биёбон гӯсфандчаронӣ мекард ва дуртар аз худ буттаеро дар оташ дид. Чун наздик омад шоҳиди он шуд, ки бутта дар алангаи оташ намесузад. Дар ин ҳангом пайғамбар Мусо овозе шунид. Худованд аз байни бутта овоз бароварда ба Мусо муроҷиат намуд “Ман туро пайғамбари худ интихоб намудаам ва туро барои наҷот додани исроилиён ба Миср мефиристам”.

Ҳамин тариқ ҳазрати Мусо бо Худо мусоҳиба менамуд. Фиръавнро чандин маротиба хоҳиш намуд, то ғуломони исроилиро аз Миср озод намояд. Аммо фиръавн ба суханони Мусо гӯш намедод, баръакс ӯро масхара мекард. Оқибат Худованд ғазаби худро ба Миср фиристод, мамлакатро гуруснагӣ фаро гирифт. Тамоми обҳо ба хун табдил ёфтанд. Заминҳо пур аз малах, қурбоқа ва магас шуданд. Одамон аз ҳар гуна бемориҳои номаълум азият мекашиданд.

musso-moisey-2Оқибат ғуломони исроилӣ бо роҳбарии ҳазрати Мусо аз Миср берун шуданд. Фиръавн бошад бо лашкари худ онҳоро таъқиб мекард. Вақте ҳазрати Мусо бо пайравони худ ба дарёи Нил наздик шуданд, дарё якбора хушк гардид ва онҳо бе ягон мушкилӣ ба соҳили дигар гузаштанд. Чун лашкари фиръавн хост аз дарё гузарад, бо амри Худованди бузург сатҳи оби дарё чандин маротиба зиёд шуда бо суръати баланд омада тамоми лашкари фиръавнро нобуд кард. Ҳазрати Мусо бошад исроилиёни озодшударо ба ҷои бехавф кӯчонида чандин солҳо роҳбарии онҳоро намуд ва онҳоро ба роҳи дуруст даъват мекард. Онҳоро барои парастиши Худои якка ва ягона ва бемислу монаанд даъват менамуд.

Марги Муссо: Тибқи маълумотҳои донишмандони диннӣ Ҳазрати Муссо соли 1272 – и пеш аз мелод дар куҳҳои Аварим ин дунёро падруд гуфтааст. То ҳол ҷойи аниқи қабристони Муссо, муайян карда нашуддаст.

Комментарии