Хазрати Али

Хазрати Али

Расми Хазрати Али аз филм

Абул- Ҳасан Алӣ ибни Абу Толиб ал-Қурайшӣ - бештар бо номи Алӣ ибни Абу Толиб машҳур аст ва инчунин, Ҳазрати Муҳаммад (САВ) ӯро Муртадои Мавло ном мебурд ва у халифаи чаҳоруми хилофати араб, писари амак, домод ва саҳобаи ҳазрати Муҳаммад (САВ), буд.  У 17 марти соли 599-600 дар Макка дар оилаи бузурги Бону Ҳошим қабилаи қурайшхо таваллуд шудааст. Падараш Абу Толиб ибни Абд ал-Муттолиб бародари аслии Абдуллоҳ падари Мухаммад (с) буд. Алӣ ягона одамест, ки дар Каъба ба дунё омадааст.

Алӣ дар сини 9 ё 10 солагиаш дини исломро қабул мекунад ва якумин кӯдаке буд, ки дини исломро қабул мекунад ва ҷоизаи амир ал-мумининро мегирад. Алӣ дар ҳамаи воқеъҳаои муҳими таърихии ислом ва дар ҳамаи ҷангҳое, ки пайғамбар бо душманонаш меҷангид иштирок кардааст. “Агар ман шаҳри илм бошам, Алӣ калиди ин шаҳр аст”- мегӯяд ҳазрати Муҳаммад (с).

Духтараш – Фотимаро Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Алӣ ба занӣ медиҳад.  Вақте, ки халифаи Усмонро ба қатл мерасонанд, се рӯз пас Алӣ халифа мешавад. Алиро сунниҳо аз байни чаҳор халифа, халифаи чаҳорум меноманд, шиаҳо бошад, ӯро халифаи якум ва саҳобаи беҳтарин меноманд. Пеш аз вафот кардан Алӣ медонист, ки ӯро мекушанд чунки ҳазрати Муҳаммад (с) ба ӯ гуфта буд ва худаш ҳам инро ҳис карда буд.

Абдураҳмон ибни Мулҷам духтареро бо номи Катами бинти аш-Шичнуро ба зани гирифтанӣ мешавад ва у бо як шарт розӣ мешавад ва мехоҳад, ки Абдураҳмон ба у -ҳазор дирҳам, ғулом ва куштори Алиро мехоҳад. (Духтар мехост, барои мурдани хешовандонаш қасос гирад) Шаби 22 январи соли 661 Абдулоҳон бо 3 нафар ҳамсуҳбатонаш дар масҷиди Қуфи дар мобайни одамоне, ки то саҳар ибодат мекарданд истоданд. Субҳи барвақт вақте, ки Алӣ ба масҷид барои ибодат Абдулоҳон уро бо корди заҳролуд мезанад ва уро мекушад.

Филм дар бораи Хазрати Али ба форси-точики ва руси

 

Комментарии