Гузориш чист ва намунаи вай

Гузориш ин ҳуҷҷати расмӣ буда дар бораи ягон ҳолат нақл мекунад, номида мешавад. Масалан ягон касс мехоҳад дар бораи ҳолати техникии автомобили худ ба роҳбараш маълумот диҳад. Ба забони руссӣ гузоришро «Доклад» ва ё «Рапорт» меноманд.

imagesДар гузориш танҳо дар бораи ҳолати ҷойдошта маълумот дода мешавад. Лек агар дар ҳуҷҷат маълумоти ҳисоботӣ дода шавад пас номи он алакай «Гузориш» нею балки «Ҳисобот» мешавад.

Гузориш метавонад бо супориши роҳбарон навишта шавад ва ё бо хоҳиши мустақилона. Дар охири гузориш баёнкунанда метавонад изҳори хоҳиши худро нависад. Баъзеҳо дар охири гузориш пешниҳоди худро оиди бартараф кардани камбудӣ ва ё беҳтар кардани ҳолат менависанд, ки ин тарз низ дуруст аст.

Гузоришро метавон бо ручка ва ё тариқи компютер навишта шавад ва аз якчанд саҳифа иборат бошад. Гузориш дар давлатҳои тараққикарда дар формати виде, аудио, сурат ва ё дигар намуд мешавад.

Дар поён тарзи намунаи гузориш оварда шудааст, ки метавонед хонеду нигаред.

Ба Раиси Раёсати

ҶСП «ФононБонк»

                                                                                               Муҳтарам  Зиёев И.С.

 

Гузориш

        Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки мизоҷ Юсуфов Эркин Садридинович тибқи шарномаи қарзии №1055 аз санаи 16.03.2015с. ба маблағи 50 000 сомонӣ қарз гирифта буд.  Мизоҷ то инҷониб тибқи ҷадвалӣ пардохти қарзӣ ӯҳдадорияшро саривақт иҷро намудааст ва дар санаи 30.10.2017 бояд 1831,11 сомонӣ пардохт менамуд. Бинобар сабаби дар санаи 31.08.2017с. аз вазифаи  аудитори Хадамоти аудити дохили ҶСК “ Агроинвестбонк” аз вазифаи ишғолқардааш хориҷ шудааст. Айни ҳол мизоҷ Юсуфов Э.С. ҳамчун бекор мебошад.

    Ба унвонии филиали ҶСП “Фононбанк” дар н.Синои ш.Душанбе аз тарафи мизоҷ Юсуфов Э.С. аризаи дархостӣ барои боздошт ва аз эътибор соқит намудани фоизҳои ҷаримавии аз рӯи ҷадвали пардохти қарзӣ ҳисобшуда  ворид гардидааст. Дар баробари аризаи худ мизоҷ ӯҳдадори мегирад, ки то давраи ба кор баромадан минбаъда қарзу фоизҳои қолабиро тибқи ҷадвали пардохти қарзӣ пардохт менамоям

Бинобар сабаби дар салоҳияти филиали ҶСП “Фононбанк” дар н.Сино ш.Душанбе баррасӣ намудан ва қонеъ гардонидани дархости мизоҷ имконпазир будан, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо таври мусбӣ ҳал гардидани аризаи дархости мизоҷро мусоидат намоед.

    Замима: Аризаи  дархостии мизоҷ  дар як варақ

 

Сардори филиал                                                               Камолов Д.Б.    

10/10/2018           

Комментарии