Гули Лола

Лола - ин як намуди гулҳо буда аз оилаи Лилиягиҳо мебошад. Гули Лола аз тухмдонаи нави ҳарсолааш руида дар моҳҳои апрел-май дар саросари кишварҳои дунё бахусус Осиёи Миёна ниҳоят зиёд  ба чашм мерасад. Умри гули Лола ҳамагӣ қариб 100 рузро ташкил менамояд.

Сурати Гули Лола дар водии Хисор

Сурати Гули Лола дар водии Хисор

Тоҷикон зери мафҳуми гули Лола ҳамчунин Тюлпанро низ дар назар доранд вале онҳо аз лолаи оддӣ каме фарқ менамояд.

Лолаи оддӣ нисбатан нозук мешаваду ниҳоят бо галлаи зиёд даруни алафзорҳо меруяд ва агар замини киштмешуда бошад у қариб ҳамасола даруни гандумзор ва зағерзор афзоиши хуб меёбад.

Сурати Тюлпан

Сурати Тюлпан

Тюлпан бошад аз заминҳои кишмешуда ҳарос дорад ва бештар дар он ҷойҳое меруяд ки дасти инсон он ҷойҳо кам расанд. Тюлпан одатан тухмаш мисли пиёз буда дар чуқурии 1-3 метр қарор дорад ва дар як сол ҳамагӣ як дона гул карда шуморааш на зиёда аз 5 адад аз ҳисоби тақсим шудани пиёздонааш бисёр мегардад.

Лола бошад ҳамагӣ бо як решаи патакиаш ҳамасола дар замин руида  аз як тухмаш садҳо адад тухмчаҳои хурдакак меруяд. Лолаи оддиро асосан ҳайвонҳо мисли хурок истифода мебаранду барои туҳфа кардан тамоман нолоиқанд.

Тюлпанҳо бошанд нисбатан пуртоқатанд ва онҳоро бештар писарбачаҳои мактабӣ аз куҳу даштҳо ҷамъ карда ба сифати туҳфа ба шахсони наздиконашон медиҳанд. Тюлпан дар об гузошта то 5-10 руз нигоҳ доштан мумкин аст.

Дар бозор Тюлпанҳои хориҷиро дидан мумкин аст, ки тухми онро махсус мекоранду нигоҳубинӣ хосаро талаб менамояд ва номашонро асосан тюлпани Холандӣ (Голандӣ) менаманд ва нархашон ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА мебошад. Барои харидани тюлпанҳои Холанди метавонед ба Хочагии Богистони Нохияи Хисор муроҷиат кунед.

Суруд – шеър дар васфи Гули Лола (видео)

 

Комментарии