Гулхои Душанбе ва Точикистон

Гул дар Душанбе ва Точикистон яке аз зеботарини моли табиате, ки дар кишвар дар фасли баҳор ва хам зимистон пайдо кард номбар кардан мумкин аст. Беҳтарин мавсими гул дар Тоҷикистон дар моҳи апрел ва май вақте, ки мавсими шукуфонии дарахтон ва растаниҳо сар мешавад огоз меёбад. Калимаи Гул дар якчанд номҳои духтарони тоҷик ҳамчун пешоянд ё пасоянд меоянд, аз чумла ба монанди Гулшан, Гуландом ё Рузигул ва г.

Гул ва гулзори водии Хисор

Гул ва гулзори водии Хисор

Тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои дунё ба гулҳо диққати хоса медиҳанд ва медонанд, ки гулҳо буи хуш, хусусияти табобатӣ, зебоӣ ва ҳамчун моли туҳфашаванда барои бардоштани таъби кас метавон хизмат расонад.  Дар Тоҷикистон гулҳои табии асосан дар қисмати ҷанубии кишвар аз ҷумла Вилояти Хатлон ва Водии Ҳисор вомехурад.

Гулҳои сунъӣ бошанд асосан дар бозору кӯчаҳои шаҳрҳои калонтарин ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Қурғонтеппа ва Кӯлоб во мехуранд.

Сияхгуш (Сиёвуш) или сиявуш

Сияхгуш (Сиёвуш) или сиявуш

Аз ҳама гули пешрӯи (якумрӯй) дар Тоҷикистон ин «Сияхгуш» мебошад, ки онро Сиёвуш низ меноманд. Сияхгуш аз метавонад вобаста ба боду ҳаво аз оғози моҳи феврал ва ҳатто январ ҳам бируяд. Макони сабзишаш асосан талу тепаҳо ва кӯҳҳо мебошанд, ки дар он ҷой хок мавҷуд аст.

Мактаббачаҳо новобаста аз ҷинс ки синашон 8-14 сола мебошанд гули Сияхгушро аз саҳроҳои ёвоӣ чинда ба сари кучаҳое, ки шаҳрҳои калонро пайваст менамояд бо нархӣ 0,3-0,5$  ба фуруш пешниҳод менамоянд. Гули сияҳгушро то 5 руз дар об нигоҳ доштан мумкин. Номи ин гул дар бо сабаби гушҳояш сиёҳранг буданаш чунин номгузорӣ шудааст ва ҳатто ӯро дар китобҳои қадимии форсӣ низ зикр кардаанд.

Гули Сияҳгуш ин яке аз рамзҳои Иди Навруз мебошад, ки дар маҷму 7-рамз мавҷуд аст.

Решаи гули Сияҳгуш пиёзшакл буда дар чуқурии 1-5 сантиметр дар хок ҷойгир аст ва дар як сол як бор меруяд. Тухми (пиёз) ӯро қучонида ба боғи шахси ник коридан мумкин аст ва он ягон нигоҳубинро талаб намекунад.

Гули зардак

Гули баҳман,

Дигар гули пешрӯй ин Зардак (Гули баҳман) мебошад, ки вай дар охири моҳи январ ва ё аввали феврал дар теппаву адирҳои хокдор меруяд. Давомнокии мавсими  шукуфоии гули Зардак 10-20 рузро дар бар мегиад ва моҳи март бади санаҳо 15-20-ум алакай вай дигар намеруяду намешукуфад.

Мактаббачаҳои деҳот ки синашон 6-14 сола мебошад, дар чиндани ин гул завқ доранд ва мавсими омадани баҳорон ба саҳрову куҳҳо рафта чидани зардак барояшон ин як намудани саёҳӣ ва хушгузаронии вақт мебошад.

Ин гулро намефурушанд ва сабаби асосиаш дар он аст, ки вай зуд вайрон мешавад ва ҳатто дар шароити хона онро на зиёда аз 1-2 руз дар об нигоҳ доштан мумкин аст. Тухмаш пиёзшакл буда дар чуқурии 1-5 сантиметр дар хок меруяд ва кучондани он ба дигар ҷой ягон мушкилӣ надорад. Ягона ҳангоми ба ҷойи дигар кучонидан бояд он замин поймол карда нашвад, чун ки вай аз пахш (сум) кардани замин хело ҳасос аст.

Дар кӯхҳову теппаҳо ҳамчунин гули Лола, Тюлпан, Чимчим, Наврузӣ, Қоқу ва дигар намудҳои гулҳои ёбоӣ меруянд ки онҳоро ҳар як Точикистонӣ медонад.

Тюлпан дар куххои Точикистон

Тюлпан дар куххои Точикистон

Ба саёҳон пешниҳод карда мешавад, ки табиати ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Муъминобод, Данғара, Ховалинг, Балҷувон, Турсунзода, Дарвоз ва Варзобро дар мавсими сабзиши растаниҳо аз моҳи апрел то охири моҳи июн бо мақсади ҳаловат бурдан аз буидани ҳавои гулҳои зебову табиати хуши Тоҷикистон майл намоянд.

Цветы садов

Цветы садов

Агар ба шумо гулҳои суннӣ барои оро додани кучаҳои Душанбе ва ё манзилу макони дахлдор гулҳои ороишӣ лозим бошад пас аз ниҳолҳои гули парваришшавандаи ташкилоти Боғистон метавонед истифода баред  http://bogiston.ansor.info/

Сурати гулхои Точикистон

chim-chim_gul_cvetok_

Чим-чим

luga_tajikis

Луга

navruz_gul_cvetok_gor

Сурхак

navruzi-gul_cvet

Наврузи

qoqu_gul

Коку

Сунъи

Сунъи

 

_______________________________________________________________________________

dushan_gorod_cvetok

Цветы Душанбе

Вахдатский район

Вахдатский район

Дар Тоҷикистон одатан ба мардҳо гул ҳадя наменамоянд ва агар ҳадя кунанд, каме тааҷубовар мешавад. Гулҳоро асосан ба модарону духтарони тоҷик туҳфа менамоянд. Аз ҳама гули хуб ба фуруш мерафта ин асосан Садбарг, Лолаҳои сунъӣ, Астра ва дигарҳо мебошад. Инчунин урфи ба сари манзили дар қабр будагон низ гул коридану гузоштан дар Тоҷикистон ба чашм мерасад, ки ин нишонаи эҳтиром ба шодравонон мебошад.

Видео ва суруд дар бораи гулхои Душанбе ва Точикистон

 

Сияхгуш (Сиёвуш) Гул

Сияхгуш (Сиёвуш) Гул

Комментарии