Газна – растании шифобахш

Газна (русс. Крапива  ва ба лотинӣ Urtica) – ба забони точики ин як намуди растании бисёрсолаи гулдор буда ба оилаи гузнагулон (Urticaceae) дохил мешад. Пояаш рост ва сершох то 30-150 см. қад мекашад. Баргаш ба барги тут шабоҳат дорад ва рангаш сабзи хира мебошад. Гули Газна майда, ранги сабз дошта, ба шакли хӯша дар сабад гул дар таги каши баргҳо ҷойгир мебошад. Газна аз моҳи июн сар карда то охири тобистон гул мекунад. Қариб дар ҳамма ҷойи Газна пашмакҳои хорнамуд мавҷуд буда ҳангоми ба кас халидан заҳри он (гистамин, холин и кислотаи мурча)  пустро месузонад. Газна дар бисёри давлатҳо аз ҷумла дар Тоҷикистон низ меруяд.

Газна (Крапива)

Газна (Крапива) дар сурат

Истифодабар: Дар тиб ба мақсади шифобахши навдаҳои ҷавон, барг ва решаи газнаро истифода мебаранд. Ҷамъоварии навдаҳои ҷавон дар аввали баҳор, сонияяи баргҳо ва нуги алафро ва баъдан барги гулу решаро дар охири тирамоҳ ҷамъ оварда дар ҷойи соя ва ҳавогузар хушк намуда дар қутиҳо, халтаҳо дар муддати 2-сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.

Хосиятҳои шифобахшии Газна: Ин растанӣ алафи шифоҳӣ ва ғизоӣ буда хосиятҳои хунбандкунӣ, пешобронӣ, қувватдиҳанда фаъолкунанда, илтиҳомовари захм ва витаминдор мебошад.

Истифодабари дар тиб: Газнаро табибон бисёр вақт дар шифоӣ бемориҳои даруниву берунӣ дар шакли алоҳида ва ё омехтагӣ бо дигар гиёҳҳои шифоӣ истифода мебаранд. Дорувории газна илтиҳомовари яра ва захм буда ҷавонадорӣ (грануляция) ва пушидаи захмро ба заҳра (эпителия) метезонад. Дар соҳаи стомотология одам, шира, ҷавҳар, кӯфта ва хокаи газнаро бо усули берунӣ дар табобати касалиҳои илтиҳоби милки дандон, луобпардаи ковокии даҳон, илтиҳоби римноки бофтаи атрофи дандон (парадантоз), захмҳои тазиявӣ бо усули чақондан, шустан, ғар-ғара кардан истифода мебаранд.

Барои истифодабарӣ як чумча тухм ё решаи майдакардаи газнаро, дар як истакон 200 гр. об гузошта, дар муддати 30 дақиқа дар оташи паст меҷушонанд, баъд онро соф карда барои обгардон намудани ковокии даҳон ҳангоми хунравӣ дар таносуби (10 мл: 200 мл) об истифода мебаранд.

Ба назар гирифта шавад, ки маводҳои аз газна тайёр мешуда ба мемороне, ки низоми хуншахшавиашон истеъмол кардан манъ аст!

Комментарии