Фитри Руза – садакаи мохи шарифи Рамазон

Савол: Фитри рӯза (фитри садақа) чист ва киву дар чи қадар ҳаҷм онро бояд диҳад?

zakot_2Ҷавоб: «Садақаи фитри рӯза» чун закот дар дини Ислом яке аз талаботҳои қонунӣ барои иҷроиш буда сарфи харҷи пулро дар назар дорад. Номи «Садақаи фитри рӯза» бо он сабаб чунин номгузорӣ шудааст, ки  садақаро бинобар сабаби тамом шудани моҳи шарифи рамазон хайр карда мешавад.

Паёмбар Муҳаммад (САВ) таъкид карда буданд, ки садақаи фитри рӯзаро барои як нафар дар ҳаҷми на кам аз 1 саа хурмои арабӣ ва ё ҷав ба ғулом, шахси озод, мард, зан, ҷавон, пире ки мусалмон бошанд дода шавад. Тибқи суханҳои Имом Бухороӣ садақаи фитри рӯзаро то намози ид бояд тақсим карда шавад.

Тақсим кардани садақаи фитри рӯза яке аз амалҳои воҷиботи ҳатмӣ мебошад. Додани садақаи фитри рӯза ҳатмист барои ҳар як марди озоди мусалмони, дорои сарвати кофӣ (ҳадди ақал) буда ки пулаш аз нисоби муайяншудаи камтарин, афзудааст. Зери мафҳуми сарвати кофӣ ё пули нисобӣ ҳаҷми пуле ки ба қарз гирифта шудааст ва ё барои харҷ кардани аъзои оила равона мешуда ба инобат гирифта намешавад. Сарвати кофӣ ва ё пули нисобӣ ин маблағи зиёде (дороӣ), ки зиёда аз як сол ба ҳаҷми зиёд дар тасаруфи шахс мавҷудбуда мебошад. Дар Тоҷикистон ҳадди ақал дар ҳаҷми тақрибан 10 875  сомонӣ дар соли 2016 тахминан ҳисобида шудааст. Яъне агар касе аз ин маблағ зиёдтар пулро ба муддати беш аз аз як сол дар тасаруфи худ бе истифодаи эҳтиёҷоти зарурӣ нигоҳ дошта бошад, пас ин нафар одам бояд садақаи фитрро доданаш лозим.

Дар қиёс ба «Закот» доштани ақли комил ва сину соли балоғатӣ барои додани садақи фитри рӯза талаботи ҳатмӣ нест. Масалан агар ягон бачаи  камақли 5-6  сола дорои саравати зиёда аз ҳадди ақалро (нисобшуда) дошта бошад пас, аз номи ӯ парасторони бачча садақаи фитри рӯзаро ба шахси мӯҳтоҷ, диҳанд. Агар парасторон ин корро накунанд пас бачча садақаи фитрро пас аз оне, ки ба сини балоғат расидан ва ё соҳиби ақли комил шудан садақаи фитрро тақсим кунад.

Мусалмони калонсол (соҳиби оила-хона) садақаи фитри рӯзаро аз номи фарзандони ба сини балоғат нарасидааш низ бояд диҳад. Ин ҳам бошад агар фарзандонаш мулки шахсии худро ва ақли комил, надошта бошанд.

Мард вазифадор нест, ки садақаи фитри рӯзаро аз номи ҳамсараш (занаш) низ диҳад. Ин аз он сабаб аст, ки мард ба мулки зан ҳақу ҳуқуқи идоракунӣ ҳангоми зинда будани зан надорад. Мусалмони калонсол низ вазифадор нест, ки садақаи фитро аз номи фарзандони мустақили балоғатрасидааш ки мулку сарвати худро доранд, тақсим кунад. Яъне шахси мусалмони комили калонсол вазифадор аст танҳо аз номи нафароне садақи фитри рӯзаро диҳад, ки ҳуқуқи ӯ нисбати молу мулк ва уҳдадориҳои онҳо  мебошад.

sadaqa-2Садақи фитри рӯзаро дар шакли мол яъне баробари 1 саа (2,25 килограм) гандум ё ҳамарзиши онро дар шакли пул ба муҳтоҷон ё ба хазинаи масҷид додан қобили қабул аст. Дар навбати худ шахсони масъули масҷид тибқи маълумоти доштааш ба шахсони дахлдор садақи фитри рӯзаро тақсим менамоянд. Дар Тоҷикистон ҳаҷми садқаи фитри рӯза баробари 4 сомонӣ сари як нафар дар соли 2016 ҳисобида шудааст.

Тибқи мазҳаби Ҳанафӣ тақсимоти садақаи фитри рӯза барои аз байн бурдани муҳтоҷӣ дар байни мардуми камбағал рӯзи иди моҳи шарифи рамазон мебошад.

Тақсимоти садақаи моҳи шарифи рамазонро – фитри рӯзаро тамоми ҳаёт (ҳар сол) амалӣ кардан ҳатмист. Садақаро то субҳ дамидан ва баъди он ҳам амалӣ кардам қобили қабул аст. Дар таърих тақсимоти садақаро 1-3 рӯз пеш аз рузи иди моҳи шарифи рамазон тақсим мекарданд, то ин ки камбағалон ҳам рӯзи ид барои хурсандӣ кардан шароити модди худро беҳтар намоянд. Тибқи дигар адабиёти исломӣ фитри рӯзаро барои комилтар ё подош кардани рӯзаи худ дода мешавад.

Яке аз нозукии тақсимоти садақаи фитри рӯза ин муаянкунии қабулкунандаи он мебошад. Имрузҳо бисёриҳо аз гирифтани садақаи фитри рӯза шарм ва нороҳат худро ҳис мекунанд. Барои ҳамин ҳам пеш аз додани фитри рӯза ба аз қабулкунандаи он пешаки пурсидан оиди қабули садақа хубтар аст.

xurmoi_arabi

Хурмои араби

Дер кардан дар додани садақаи фитри рӯза касро аз ин амал сабукдуш намекунад ва барои ҳамин ҳам ҳарчи барвақтар диҳед ҳамон қадар мукофоташ ҳамон қадар хубтар аст. Садақаи фитри рӯзаро метавон ба як кас ва ё чанд кас тақсим карда дод, лек ҳаҷми ҳар як садақа набояд камтар аз арзиши 2,25 кг гандум ё 1 кг. хурмои арабӣ  бошад.

Дар назар гирифт ки гандум назар ба хурмои арабӣ якчанд маротиба арзон аст ва барои ҳамин ҳам тавсия дода шудааст, ки шахсони бой арзиши садақи фитри худро бо арзиши хурмои арабӣ ҳисоб кунанд ва нафарони нисбатан камтар доранда бо арзиши гандум. Масалан дар соли 2016 нархи гандум баробари 1,5 сомонӣ буд ва нархи хурмои арабӣ 10 сомонӣ барои як килограм.

Комментарии