Файзобод

Файзобод – ин нохия буда дар маркази ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аҳолиаш беш аз 100 ҳазор нафар (2016с.) буда масоҳаташ 0,9 ҳазор километри мураббаро ташкил медиҳад ва ба қатори ноҳияҳи куҳии ободу кишоварзии кишвар дохил аст. Нохияи Файзобод 14-уми июни соли 1931 ташкил ёфта алон ба Минтақаи Рашт таълуқ дошта аъзои Ноҳияиҳои Тоъбеъӣ Ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Кучаи маркази ва бозои нохиявии Файзобод

Сурати бозори марказии Нохияи Файзобод

Ноҳияи Файзобод дар харита аз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 50 километр шарқтар ҷойгир мебошад. Дар ғарбу шимол бо ноҳияи Ваҳдат, аз шарқ бо ноҳияи Роғун ва аз ҷануб бо ноҳияи Норак ҳамсарҳад мебошад.  Шаҳраки Файзобод маркази идоракунӣ, яъне маъмурии ноҳия мебошаду дар маркази он қарор дорад.

Деҳаҳои калонтарини Ноҳияи Файзоюод қишлоқи Мискинобод мебошад. Дар сохтори ноҳияи Файзоюод 1 шаҳрак, ва 8 ҷамоат мебошанд. Деҳаҳои калонтарин инчунин қишлоқҳои Меҳробод, Дустмурод, Алиева, Қалъаи Дашт ва Мискинободқишлоқ мебошанд.

Роҳбари идоракунандаи ноҳия Раис буда аз ҷониби Президенти кишвар таъин карда мешавад. Органи қонунбарор бошад маҷалиси депутатҳои ҳалқии ноҳияи Файзобод мебошад ва онҳо дар 5-сол як маротиба интихоб карда мешаванд.

Кучаи марказии нох. Файзабод

Кучаи марказии нох. Файзабод

Дар замони ташкили ноҳияи Файзобод маркази ноҳия қишлоқи Дарагиён буд. Баъдан соли 1963 ноҳия ба ҳудуди ноҳияи Ваҳдати имрӯза (собиқ Орҷеникидзе) дохил карда шуда буд. Баъди гузашти 6 сол дар соли 1969 боз ноҳия барқарор шуду маркази ноҳия номаш иваз шуду аз қишлоқи Дарагиён ба шаҳраки Файзобод мубаддал карда шуд.

Таърихи куҳани Файзобод аз замонҳои асри XYI-и томилодӣ мебошад. Дар он замонҳо минтақаи Файзобод, бо номи Вашгирд маълум буд ва маънояш тарозу мебошад. Вашгирд ин яке аз лашкаркашони турони шоҳи Афросиёб мебошад. Ҳоло ин номро яке аз деҳаҳои ноҳияи Файзобод соҳиб аст.

Тибқи маълумотҳои таърихӣ дар нимаи якуми асри VII-ум, Вашгирд яке аз марказҳои маъмурии Хуталиён бадааст. Мувофиқи қайдҳои таърихии «Таншу»-и хитоӣ, шаҳри У-шеке, яъне Вашгирд минтақаи вилоятӣ буда номи Хю-ми (Кумед) дошт ва ба Хуталиён дахл доштааст.

Дар сарҳади Вашгирд бо шаҳри Тамлийти Хуталиён дарё мегузаштааст, ки номаш Вахшаб будааст ва аз болои он купруки (пул) санги сохта шудааст, ки то замони омадани Искандари Зулқайнар мавҷуд будааст. Дар солҳои шоҳигарии Исмоили Сомонӣ (асри XI) шаҳри Вашгирд хело калон будаасту аз шаҳри Шумон бузургтар ва баробари шаҳри Термези имруза гуё будааст.

То замони омадани арабҳо ба мулки Файзобод дар ин минтақа работҳои бузурге буданд, ки дар онҳо китобҳо навишта мешуданд. Дар он замони қадим дар ин минтақа муҷасамаҳои таърихӣ будааст, вале аз онҳо имрузҳо боқие нест.

Карта Файзабадского района Таджикистан

Дар назди дарёи Элок замонҳои қадим шаҳраке бо номи Қалъаи Сангин будааст, ки масоҳаташ тақрибан 80 гектарро ташкил мекардааст ва атрофи он девору чуқуриҳо барои ҳифзи он сохта шуда будааст. Дар ин маврид таърихчиёни асри XII ас-Самани ва дар асри IX ал-Ёоқубӣ қайд кардаанд.

Дар тули 15-соли баъди истиқлолият дар ноҳияи Файзоюод зиёда аз 1000 гектар замини холӣ ба боғот табдил дода шуд. Ҳоло иқтисодиёти ноҳияи асосан ба соҳаи кишоварзӣ махсус гардонида шудааст. Масулотҳои асосии истеҳсолшавандаи ноҳия меваҷот, аз қабили себ, ангур, нок ва сабзаваот: картошка, помидор, пиёз ва ғаладона машғул аст. Дар соҳаи парандапарварӣ ноҳия низ дар кишвар пешқадам буда дар як сол зиёда аз миллион тухму мурғ истеҳол менамояд ва дар ин самт корхонахои ҶСП «Мурғи Ҳилол» ва Мурғи Марҷон фаъолият менамоянд.

Торговый магазин в Файзабаде  2014 год

Торговый магазин в Файзабаде

Дар ноҳия ҳамчунин масъалаи коркарди меваҷоту сабзавот дар мавриди истеҳсоли маҳсулоти молҳои консервабарорӣ хело тараққӣ кардааст. Мардуми куҳ бошанд дар парвариши занбуру асал хело рушд кардаанд. Дар маркази ноҳия садҳо ташкилотҳо аз ҷумла дар соҳаи молия (бонкҳо), алоқа, савдо, коркард, транспорт, маориф, санъат мавҷуданду рушд ёфта истодаанд.

Дар ноҳия осорхона, маркази ҷавонон, мактаби санъат (музыкальный), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои тиббӣ ва хусусан беморхона фаъолият менамоянд.

Харитаи зинлдаи ФАЙЗОБОД аз Кайхон

Мардуми ноҳияи Файзобод хело бофарҳанг, босаводанд ва диндор мебошанд ва барои ҳамин ҳам аз ҷумлаи чунин шахсони номдор Нигина Раупова (сарояндаи халқӣ), Моҳсафари Яҳёзод (Журналисти машҳур), Муҳиддин Кабирӣ (раиси партияи Исломӣ), Раҷабов Сафаралӣ (вазири Маориф) ва ғайраҳо номбар кардан мумкин.

Боду ҳавои – иқлими ноҳия Файзобод континенталӣ буда зимистоннаш хеле хунук ва тобистонаш гарм мебошад. Қариб тамоми сол шамол дар ноҳия бо суръати баланд мевазад ва суъати он ба мисоли шамолҳои ноҳияи Конибодому шаҳри Хуҷанд мебошад.  Зимстон то -30 дараҷа хунук ва тобистон то +45 дараҷа гарм мешавад. Боришот дар баандиҳои файзобод ва хусусан дар минтақаи ҷамоати Мискинобод хело зиёд буда барфи зиёд меборад (то 2 метр) ва то охири моҳҳои март боқӣ мемонад. Борон ва умуман дараҷаи боришот дар минтақаи Файзобод дар як сол атрофи 800-1000 мм. мебошад.

Телефонҳои сохторҳои асосии давлатӣ

  • Ҳукумати ноҳия –  32776
  • Прокуратура – 32361
  • Суд-  32-234
  • Военкомати ҳарбӣ – 32255
  • Милисия-  32438
  • Сухторнишон-  32783
  • Беморхона – ****
  • Пучта-  32314
  • Амонатбонк – 44 610-10-23
  • Агроинвестбонк – 32193, 3-24-16

Основные показатели Файзабадского района

Название на русском языке: Файзабадский район
Глава района: Председатель
Страна: Таджикистан
Статус: Административный район
Входит в: Районы Республиканского Подчинения
Включает: 8-сельских общин и 1 городок
Административный центр: городок Файзобод
Дата образования: 14 июня 1931 года
Официальные языки: Таджикский
Население (2015г.): 91 211
Национальный состав: Таджики и узбеки
Конфессиональный состав: мусульмане-сунниты
Площадь: 0.9 км²
Часовой пояс: UTC+5
Аббревиатура: TR
Код ISO 3166-2: TJ.RR.FA
Координаты: 38°33′00″ с. ш. 69°19′00″ в. д
Этнохроним: Файзободи
Высота над уровнем море (в мерах): 1012 до 2451
Почтовые индексы: 737450
Интернет-домен: .tj
Код автомобильных номеров: 07 РТ
Телефонный код: (+992) 3135
Общая площадь земли (га): 87411
Орошаемые земли (га): 6055
Богарные земли (га): 81356
Пахотные земли (га): 7867
Сады (га): 3485
Виноградники (га): 368
Тутовники (га): 134
Луга (га): 139
Цитрусы (га): 0
Площадь под саженцев (га): 15
Заброшенные (га): 136
Пастбища (га): 50619
Зданий : 342
Дехканские хозяйства (вид колхоза): 1163
Официальный сайт: www.fayzobod.tj

Ачоибот!

Дар Хиндустон низ нохия бо номи Файзобод хаст ва ахолиаш зиёда аз 10 млн аст. Инчунин дар Афгонистон хам нохияи Файзобод хам хаст.

Комментарии