Фарзи айн (Точики)

Фарзи ъайни тоҷикиро бо ҳарфҳои кирилӣ бароятон азизон пешниҳод карда қайд карда мегузарем, ки ҳар чизе, ки дар ин ҷой оварда шудааст аз китоб гирифта шудааст.

Китоби Фарзи ъайн

Китоби Фарзи ъайн

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки барои мусалмонон Фарз худ ин он чизест, ки собит шудааст ба далелли қатъӣ ва шубҳае дар ҳамон далел нест. Ҳукми фарз савоб аст дар ҳолати иҷро кардан, иқоб аст дар мавриди тарк кардан ва куфр аст агар инкор карда шавад. Ба амалҳои фарз мисли намоз хондан, рўза доштан, ҳаҷи Байтуллоҳ кардан, закоти мол додан, амри маъруфи наҳйи мункар кардан.

Фарз ду хел мешавад: Фарзи ъайн ва Фарзи кифоя!

Фарзи ъайн он чизест, ки то худи банда ба ҷо наорад, аз гарданаш соқит намешавад. Масалан намоз хондан.

Фарзи кифоя он чизест, ки як кас ба ҷо оварад аз дигарон соқит мешавад. Мисли намози ҷаноза ва ҷавоби салом.

Ҳамин тавр азизон ба шумо мафҳуми фарз, намудҳои фарз ва худи фарзи ъайн мухтасар гуфта гузаштем ва дар поён бахшҳои асосии динниро қайд намудаем.

  1. Шаш калимаи дини >>>
  2. Бинои мусулмонӣ – 5 сутун >>>
  3. Таърифи Имон >>>
  4. Усули Дин >>>
  5. Ояталкурси >>>
  6. Намози ҷумъа >>>
  7. Китоб ба пурраги дар сахифаи >>>

 

Комментарии