Дуои хайр

Илоҳо оқибати кори ҷамъи муъминонро ба хайр гардонӣ, имонро саломат дорӣ, ба роҳи рост ҳидоят кунӣ, Тавфиқ бар тоъат ва парҳез аз маъсият каромат фармоӣ. Аз гуноҳҳои сағира ва кабира пок гардонӣ. Аз балов а офатҳо дар паноҳат нигаҳ дорӣ.

Бар ҷамъи муроду мақсадҳои неки динию дунявӣ бирасонӣ. Аз гавҳарӣ имон, ки ато фармудӣ, ҷудо нагардонӣ. Омин ё раббал ъоламин. Бираҳматика ё арҳамарроҳимин.

Комментарии