Дуо барои Гузаштагон (Маит) матн-текст

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон. Аввал такя ба зоти поки Аллоҳи Аҳаду Аллоҳи Самад ва ба ризогии Ҳақ субҳонаҳу таборак ва таоло.

murda

Бахшидем савобу самараи тиловати оятҳои каломи Раббониро ба ризогии Худои азза ва ҷалла ба рӯҳонияти ҷамеи пайғамбарони гузашта, алалхусус ба рӯҳонияти Одам Сафийюллоҳ, Нуҳи  Набийюллоҳ, Иброҳими Халилуллоҳ, Мусои Калимуллоҳ, Довуди Халифатуллоҳ, Исои Рӯҳуллоҳ ва алалхусус, ба рӯҳи пурфутуҳи  мутаҳҳари мунаввари Ҳазрати рисолатпаноҳ дастгири осиён дар рӯзӣ ҷазо-Муҳаммади Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба рӯҳонияти ҷамеи хулафои рошидин, саҳобагону тобиин ва табаа тобиин, хусусан ба рӯҳи Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ.

Бахшидем ба рӯҳи поки 124-ҳазор пайғамбарони мурсалин, ба рӯҳи анбиёҳои сиҳибмуъчиза ва авлиёҳои соҳибкаромоти мутақаддам. Бахшидем савоби каломи Раббониро аз Одам то ба Хотам[1] ва аз Хотам то ба ин дам ва ба рӯҳонияти сайидону шаҳидон, ғарибону бекасон ва мустамандону фотиҳаҷӯёни аҳли ислом. Бахшидем савобашро ба гузаштагони ҳамин манзилу макон аз падару модарон, бобову бибиён, пиру устодон ва хешу ақрабоён, аз ҳафт пушт то ҳафтод пушташонро ғариқаи раҳмат ва шоистаи Ҷаннат кунад.

Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

[1] Хотам – хотами пайғамбарон, яъне Ҳазрати Муҳаммад(с).

Комментарии