Дуғ – Дуг

Дуғ (Дуг) -  инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз узбекӣ гирифта, айрон ҳам меноманд. Ин ҷурғотест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархчӯб (пишкdu_jurgotак), хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро гирифта, боқиашро монда бошанд – ин дуғ аст. Беҳтаринаш он аст, ки тоза аз ҷурғоти шири гов дӯғ тайёр карда шуда бошад.

Мизоҷи ин дуғ дар дараҷаи дувум сард ва тар аст, вале тарӣ дар он назар ба хушкӣ зиёдтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бинӯшанд, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, боҳи (пушти қамари) Одамони гарммизоҷро ба ҳаракат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ мекунад, шиддати таби диқ (лоғаркунанда), заҳрҳои гарммизоҷ ва ҳароратро хомуш месозад; тафси меъда ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегардонад, инчунин ташнагиро таскин медихад. Агар инро бо рими (дажғоли) оҳан ва итрифал (маъчуни иборат аз ҳалила, балила ва омула) даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад; агар оҳани тафсонро дар он сард карда ё сангрезаҳои тафсонро дар он сард карда, баъд он дӯғро бинӯшанд, исҳоли хунин ва сафровиро мебандад. Биринҷ ё орди ҷави тафсонидашударо дар дӯғ пухта бихӯранд, барои исҳоле, ки аз гармӣ бошад, бисёр даво ва ба он одам ғизоӣ хубест ва инчунин барои фарбеҳ кардани бадан воситаи хубе мебошад.

Барои таби диқ 75 грамм дӯғро бо 45 грамм нони хушк ошомиданро раво медонанд ва аз ин зиёдашро ҷоиз намешуморанд. Дастури ошомидан ҳангоми таб, кай ва бемориҳои гарм ва тез чунин аст: дуғи нави ҷурғоти шири говро гирифта, нағз биполоянд, ки тамоми маскаи он ҷудо гардад ва равған дар он асло намонад. Баъд панҷ-шаш соат бигузоранд, ки таъмаш хуш ва андак туршмаза гардад. Сонӣ хуб барҳам зананд, яъне бикованд, то он ки обияташ дар худ омехта шавад. Пас нони тунукмайдаи холисро микдори 35 грамм гирифта, реза карда, дар 105 грамм аз он дуғ ҳамроҳ кунанду бигузоранд, то ба ҳам хуб омехта гардад, пас тановул намояд. Ва агар аз ин ним миқдор зиёда хоҳанд ва эҳтиёҷ бештар бошад, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд; рӯзи дувум 17,5 грам дуғро бияфзоянд ва аз нон 3,5 грамм кам созанд ва инак, ҳамчунин ҳар рӯз 17,5 грамм дуғгро зиёда карда,

аз нон  3.5 грамм кам намоянд, то он ки дуғи холис бимонад ва одат ба он ҳосил гардад – чун тарк намудан хоҳанд баръакс амал кунанд, то ба миқдори рӯзи аввала бирасад. Баъзе табибон аз нуқтаи назари камоли эҳтиёт гуфтанд, ки аз 35 грамм дуғ ва 3,5 грамм нон бияфзоянд, то ки дуғ ба 105 грамм расад ва агар зиеда аз 105 грамм хоҳанд, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд ва ба тадриҷ кам гардонанд.

 Аммо касоне, ки ба дуғ нӯшидан одат карда бошанд, ба ин тадбир муҳтоҷ нестанд, балки ҳамин риоят кифояти ҳазм ва ба он кас, ки ба таби бадбу гирифтор набошад, кифоя аст. Зеро ки дар вақти гирифтани таби бадбу нушидани он ҷоиз нест, балки фақат гармии ҳаво ва риқкат (суюқӣ) ва тезии модда, монанди таби рӯздармиёнгирандаи хошас ва монанди ин бемориҳои дигар ошомиданро талаб мекунад. Он ҷое, ки бадбӯйӣ дар ахлот (моддаҳо) мавҷуд бошад, бо курсӣ табошир (мағзи миёни най) тановул намоянд. Ва ҳангоме, ки мизоҷи он мулоимкунандаи дарун бошад ва боз бар болояш давои мулоимкунанда бихӯранд, боиси заиф гаштани гурда метардад.

Чун тухми чилмангӯштак (семизут)-ро куфта, се маротиба дӯғро ба он чаббонанду хушк кунанд, баъд миқдори камеро аз он тухм биёшоманд, ташнагй ва ҳоҳиши об нӯшиданро то чанд рӯз дафъ мекунад – ин аз асрори дарвешон ва зоҳидон аст.

Зарараш: нӯшидани дӯғ ҳангоми гирифтани табҳои бадбуйи хилтӣ (моддӣ) зарар дорад бинобар он, ки бадбуйӣ ба зиёда гаштани иллат сабаб мешавад. Ислоҳи он дуғи нӯшидаро қай намудан ва баъд ошомидани сиканҷабинӣ (сиркоасалӣ) биҳигӣ аст. Чун ду; дар меъдаи сардмизоҷ турш гардад, чарх задании сар ва беҳуширо ба амал меоварад. Ислоҳи он ҳам қай кардан ва гуворотараш (давоҳои ширинтаъми ҳазмовар)-и гармизоҷ хурдан аст.

Комментарии