Доллар дар Точикистон (Курс – Курб)

Арзиши Доллари ИМА дар Тоҷикистон бо суръати дучанду сечанд зиёд шуда аз аввали соли 2015 инҷониб тамоили зиёдшавии қурби (курс) худро нисбат ба қариб ҳаммаи асъорҳои кишварҳои дунё аз ҷумла сомониро касб намуд. Чи тавре ки дар сомонаи бонкҳои Тоҷикисон қурби доллари ИМА 7,4 сомонӣ навишта мешавад вале дар асл дар фуруш он несту дар бозори сиёҳ бо арзиши 8,2 то 8,9 сомонӣ мубодила (иваз) мешаванд. Барои маълумоти чандон ғайри ҳақиқӣ метавонед сайтҳои бонкҳои кишварро барои маълумот бубинед.

Доллар дар Точикистон

Доллар дар Точикистон

Сабаби боло рафтани қурби доллар

Ба қисми зиёди иқтисодчиёну роҳбарон маълум аст, ки қурби сомонӣ аз сабаби поён рафтаи арзиши нефт дар ҷаҳон мебашад. Албата Тоҷикистон нафт истеҳсол намекунад вале зиёда аз 1 млн. муҳоҷире ки дар Руссия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд дигар пас онқадар пули зиёди доллорро ба Тоҷикистон аз маоши мегирифтаашон равон карда наметавонанд. Ин ҳам бошад Руссия кишвари истеҳсолкунандаи нафт буда дар сарзамини он қурби асъори миллиашон 2-3 маротиба дар давоми 1,5 соли охир боло рафт.

Яъне Тоҷикистонро маҳз ҳамин муҳоҷирон мехуронанд ва имрузҳо бо сабаби поён фаромадани қудрати маоши онҳо дар Руссия  дигар мисли солҳои пештара 3-4 миллард доллар ба ватанашон равон карда наметавонанд.

Акнун чи мешавад?

Аз сабабе ки акнун асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон кам меояд ба таври автоматӣ нархи маҳсулотҳои хориҷӣ аз ҷумла: равған, орд, либоса, техникаи электронӣ ва мисли инҳо ки берун аз кишвар оварда мешаванд нархашонмутаносибан 2-3 маротиба зиёд мешаванд.

Худи қурби доллар бошад то ба 12-14 сомонӣ метавонад омада расад ва дар ин радиф қобилияти харидории пули Тоҷикиро аз ҷумла маоши аҳолиро ки бо сомонӣ муқарар шудааст паст гардонад.

somoni_dolar_kurs-2001-2017

Дар ин чо солхои 2016 ва 2017 пешгуи карда шудааст

Шояд нисфи тоҷирон-соҳибкорон даромаднокиашон дучанду якчан маротиба коҳиш ёфта мубталои бастани фаъолияти кориашонро бинанд. Буҷаи кишвар иҷро нашуда маоши кормандон ва нафақа дер дер дода мешавад. Нархи хона, мошинҳо, замин, ва дигар амволи ғайри манқул мефарояд. Шумораву андозаи бекорӣ зиёд мешавад. Ҳаҷми савдо кам шуда мардуми гурусна бештар мешавад. Нархи маҳсулотҳои ватанӣ аз нуқтаи назари доллар назар ба нархҳои ҷаҳонӣ хело паст мешавад аз ҷумла, гушт, картошка, помидор, меваҷот ва ғ.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаҳои нав кам шуда ба рушду нумуи самтҳои маориф, тандурустӣ, сохтмон, карахту коҳиш меёбад. Ғайбат зиёд шуда шумораи тую маракаҳо кам мешавад ва рушди аҳолӣ ва хусусан шумораи кудакони навзод кам мешавад.

Чи бояд кард андешид!

Бо назардоште, ки то ҳол Тоҷикистон Роғунро насохтааст, ҷои корӣ кифоя барои шаҳрвандонаш надорад пас зарур аст, ки дар ин замон аз харидани таҷҳизотҳои хориҷӣ аз ҷумла телефонҳои қиммат, автомобил, телевизор ва ғараҳо хело худдорӣ карда шавад.

Инчунин аз сохтани хона, харидани ҳар гуна молҳои ғайри аввалиндара ба мисоли либосҳои ҳориҷии  иловагӣ,  маҳсулоти тилловорӣ, мебель ва ғайраҳо. Барои гаштан бештар аз нақлиёти ҷамъияти истифода бурда бензин барои автомобили худ камтар истифода бурдан ва садҳо дигар хароҷотҳои беасосро кам кардан ва дар баробари ин аз маҳсулотҳои ватанӣ даст накашидан.

Ки акнун бурду ки Бохт?

Шахсони зер бурд карданд (аз ҳама зиёд):

  1. Касоне, ки маошашон бо доллари амрикорӣ муқаррар.
  2. Касоне ки қарзро бо сомонӣ аз бонкҳо гирифта буданд.
  3. Касоне ки бештари сармояашонро бо доллари ИМА доштанду ба шакли пасандоз дар бонкҳо гузошта буданд;
  4. Касоне ки то буҳрон хонаву мошинашонро фурухта доллар карда буданд;
  5. Касоне ки пули тоҷикиву рубл доштанду доллар карда монданд;
  6. Шахсоне ки ба шахсони пурқудрат бо доллар қарз доданду амволи хуби гарав гирифтанд;
  7. Шахсоне ки акнун таёрии харидани маҳсулоти нафтиро барои дар оянда таёрӣ дида истодаанд;
  8. Мардуме ки барои харидани маҳсулоти дохилии тоҷикӣ ки барои содир кардан акнун шароити муфид пайдо шудааст таёрӣ дидаанд.
  9. Нафароне ки то ин дам пулашонро бо доллар нигоҳ доштанду акнун хонаи арзоншударо мехаранд ва шояд автомобилҳоро низ;
  10. Кормандоне, ки бо тиҷорату истифодаи маҳсулотӣ нафтӣ сахт алоқамандӣ дошт.

Шахсони зер бохтанд (бой доданд аз ҳама бештар):

  1. Мардуме, ки бо сомонӣ маошу нафақа мегирифтанд;
  2. Мардуми муҳоҷире, ки дар Руссия фаъолияти меҳнатӣ менамуд;
  3. Шахсоне, ки дар соҳаи сохтмон фаъолият дошатанд;
  4. Касоне, ки бо доллар қарз гирифта буданд;
  5. Бонкҳои ватание ки бо сомонӣ қарзи зиёде доданду соҳиби пули зиёди русӣ буданд;
  6. Мардуме ки амонати худро бо сомонӣ нигоҳ дошт;
  7. Шахсе ки пеш аз буҳрон хонаву мошин хариданд;
  8. Ҳаммаи истиқоматкунандагони доимими кишвар ки даромадашон аз сомонӣ вобаста буд;
  9. Қариб ҳаммаи тоҷиронӣ ватанӣ;
  10. Афроде ки сарчашмаи даромадашро иловагию гуногун накард.

Маслиҳат барои оянда !

deval_neft_infflaciya_2014-2016Агар хоҳед, ки дар оянда аз чунин ҳолатҳо худро эмин дореду ва боз даромади дучанду якчанкарата зиёдро дарёт нмоед пас аз маслиҳати таҳлилгар  Абдулло Ҷалилова истифода баред. Барои тамос метавонед па почтаи электрони у нависед  finanssam@gmail.com

 

Комментарии