Давлати боғи Падар (Шеъри тарбияви)

Агар рӯзгор туро ширу шакар аст,
Бидон, аз давлати боғи Падар аст!

Агар тоҷе туро ин дам ба сар аст,
Туву ҳам молат аз они Падар аст.

Туро Аллоҳи Пок чун офаридаст,
Туро домони Модар парваридаст…

Падар ҷону дили худро адо кард,
Падар ҷону дили худро фидо кард.

Ки ту одам шавӣ эй одамизод,
Валекин, меҳнаташро додӣ барбод…

Маноз бо пулу молу давлати хеш,
Ба фардо хоҳи дид, аз қисмати хеш…

Агар чӣ, ифтихорат молу зар аст,
Ҳама молат бидон, моли Падар аст!

Дилшоди Рамазонӣ

Комментарии