Ба Дастурамали 227 чи тағийру иловаҳо шуд?

  1. Дар Дастурамали мазкур иловаҳо доир ба хизматрасонии хазинавӣ дар Бонки исломи  қайд карда шудааст.
  2. Дар маҳзан ва хизина дар ҳолати ҷой набудан, иҷозат дода мешавад, ки пулҳо дар қопчаҳо, касетаҳои банкомат ва чархакҳои гардон пул нигоҳдори карда шавад.
  3. Бозшумориро хазинадорони хазинаи амалиёти иҷро карда метавонанд.
  4. Илова доир ба камера дар Замимаи №1 “Таҷҳизонидани ҷойҳои кории хазинадорон”.
  5. Китобҳои хазинавиро на бо муҳри сурғучӣ балки бо муҳри рангдор муҳргузорӣ намудан мумкин.
  6. Китоби №171 (Книга учёта бланков срогой отчётности) аз дастурамал бардошта шудааст.
  7. Китоби №123 (Китоби супоридани пули нақд ба хазинадорон, барои коркард ва бозшумори) аз дастурамал бардошта шудааст.
  8. Агар маҳзан бо пулти посбонии элэктронӣ муҷаҳҳаз гардонида бошад ва агар акчанд маротиба амалиёт дар маҳзан дар давоми рӯз гузаронида шавад, дар ин ҳолат иҷозат дода шудааст, ки ҳар дафъа шарт нест бо муҳри сурғучӣ махкам карда шавад.
  9. Ҳамчунин баъзе иловаҳо ва ислоҳотҳо аз қабил иваз намудани калимаи кассавӣ  ба хазинавӣ ва ғ.
  10. Ҷаримаҳои БМТ илова карда шудаанд:

kitobБарои ҳар як варақи пули коғазӣ ва ҳар як дона тангаи камомад, бешомад, ғайрипардохт ва қалбакие, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ мураттаб намудаанд, ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима баста мешавад.

Ҳангоми дар бастаҳои пулҳои коршоям ошкор шудани пулҳои фарсуда ва дар бастаҳои пулҳои фарсуда ошкор шудани пулҳои коршоям ва ё дар халтачаҳои тангаҳои коршоям ошкор шудани тангаҳои фарсуда ва дар халтачаҳои тангаҳои фарсуда ошкор шудани тангаҳои коршоям барои ҳар як варақи пули коғазӣ ва ҳар як дона танга ба андозаи зерин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима баста мешавад.  (Замимаи №9 Дастурамали мазкур):

 – пулҳои арзиши то 50 сомонӣ – 25 фоизи як нишондиҳанда

    барои ҳисобҳо;

– пулҳои арзиши аз 100 сомонӣ то 500 сомонӣ – 50 фоизи як

нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Комментарии