Дарёхои Точикистон

Низоми дарёҳои Тоҷикистон иборат аст зиёда аз 25 ҳазор дарё ки дарозиашон 69,2 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Аз онҳо 947 дарё дарозии аз 10 то то 100 км ва 16-дарё 100 то 500 км. ва 4 дарё зиёда аз 500 км. мебошанд.

reki_tajikistana

Дарёҳои Тоҷикистон масоҳати кишварро аз нуқтаи назари ҷоришавии обҳо ба ба чанд гуруҳ тақсим карда мешавад, ки ҳаммаи онҳо асосан ду дарёи бузургро, аз ҷумла Сирдарё ва Амударёро бо об таъмин менамоянд.

reki_tajikis_gruppa

Аз нисф зиёди дарёҳои Тоҷикистон дарёи Ому (Аму) – ро бо об таъмин менамоянд, ки сарчашмаи онҳо иборат аз обҳои баландкӯҳи кишвар буда ҳаммаи онҳо ҷоришавандаи беҳудуд мебошанд. Танҳои дарёҳои шарқии Помир аз ҷумла дарёҳои ба кулҳои Қарокӯл ва дарёи Маркансув ҷоришавиашон сарбаста мебошанд.

Дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаҳои зер тақсим мешаванд:

  1. Зарафшон
  2. Сурхандарё (дарёҳои Қаратоқ ва Шеркент)
  3. Кофраниҳон
  4. Вахш
  5. Панҷ (дарёҳои Ғунт, Бартанг, Язғулом, Ванҷ, Қизилсув.
Харитаи дарёхои Точикистон

Харитаи дарёхои Точикистон

Аз ҳама калонтарин дарёҳои Тоҷикистон ин дарёи Панҷ бо дарозии 521 км., Вахш – 524 км., Бартанг – 528 км., Кофарниҳон – 387 км., Зарафшон 310 км. (дарозии умумиаш 877 км.) Сирдарё – 180 км. мебошанд. Ба ҳисоби миёна ҷоришавии оби дарёҳои Тоҷикистон 56,2 километри кубӣ мебошад. Сарчашмаи асосии обҳои дарёҳо асосан аз ҳисоби барфҳои мавсимӣ мебошанд.

Дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, Олой ва Қаротегин ба ҳисоби миёна дар як сол 2000 мм. боришот мешавад ки асосан дар шакли барф мебошанд ва онҳо то охири моҳи июн ба об мубаддал мешаванду ба дарёҳои ин минтақа ҷорӣ мешаванд. Дар баландкӯҳҳо аз сабаби хунукии  будан барфҳо ба пуррагӣ об намешаванд ва қисме аз онҳо сол то сол нимкола об шуда ба пиряхҳо мубаддал шуда ҷамъ шудан мегиранд. Маҳз ҳамин пиряхҳо дар мавсими гармою тасфони тобистон то 13 метри куби об медиҳанд ва бо ҳамин дар таъмини дарёҳо бо об саҳми босазо мегузоранг.

Дарёи Караток дар нохияи Шахринав

Дарёи Караток

Аз нигоҳи сарчашмаи обгирӣ, дарёҳои тоҷиистонро ба 4 гуруҳ тақсим кардан мумкин аст:

  1. Аз ҳисоби пиряху барфҳо ки дар як сол то 7 моҳро ташкил менамояд ва мавсими асосиаш моҳҳои июн то охирҳои моҳи август аст. Ба ин гуруҳ қариб ҳаммаи дарёҳои асосии Тоҷикистон алоқаманд аст аз ҷумла Ванҷ, Паанҷ, Зерафшон.
  2. Аз ҳисоби барфу яхҳо. Давраи обгириашон то ним солро ташкил медиҳад ва мавсими асосиашон моҳҳои май ва июн мебошад. Ба онҳо дарёҳои Қаратоғ, Ҳонақо, Ширкент, Кофарниҳон ва ғ.
  3. Аз ҳисоби Барф. Давраи обгирӣ 4-6 моҳро ташкил медиҳад ва мавсими асоси дар моҳҳои апрелу май мебошанд ва ба онҳо дарёҳои Кофарниҳон, Варзоб – Лучоб, Харангон ва ғайраҳо алоқаманд.
  4. Борону барф. Давраи обгириашон 4 моҳро ташкил карда мавсими баҳорон асосан ба онҳо сарчашмаи обдиҳӣ мебошанд. Ба чунин гуруҳи дарёҳо асосан Қызылсуви ҷануби, Яхсув, Тоирсув алоқаманд мебошанд.
Сирдарё дар шахри Хучанд

Дарёи Сир

Реки Таджикистана являются не только источниками влаги, без которой страна превратилась бы в пустыню. По потенциальным запасам гидроэлектроэнергии среди стран СНГ Таджикистан занимает второе место после России. Только главные реки республики и их притоки могут вырабатывать до 300 миллиардов киловатт/ часов электроэнергии в год. На Вахше уже работают пять гидроэлектростанций, среди которых крупнейшая в Центральной Азии Нурекская ГЭС мощностью З миллиона киловатт. Всего же Вахш может вращать турбины каскада ГЭС общей мощностью 8 миллионов киловатт, а Пяндж – вдвое больше.

Яке хусусиятҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон дар ҳамин аст, ки маҳз дар давраи мавсимӣ, онҳо сероб мешаванд. Тоҷикистон бо нишондиҳандаи таъминноки бо об хело дар дараҷаи баланд қарор дошта ба ҳисоби миёна аз як километри квадратӣ 354 ҳазор метри кубӣ буда ин назар ба нишондиҳандаҳои Осиёи Миёна 4 маротиба бештар мебошад.

Дарёи Панч

Дарёи Панч (Ому)

Дарёҳо ва бахусус мавсимҳои боришот дарёҳои Тоҷикистон хело сангу шағалу дигар пораҳои заминро канда ба поёнобҳо мебаранд ва бо ин роҳ заминҳои кишварро қисм-қисм вайрон менамояд ва ҷо-ҷо ҷазираҳоро дар дохили дарёҳо ташаккул месозанд. Масалан дарёи Кофарниҳон дар дар як сол ба ҳисоби миёна 10 миллион тонн модаҳои заминиро ва Қизилсув 15 миллион тонн заминро шуста дар як ҷо галаи сангу қумро ҷамъ оварлан пас дар дигар ҷой бошад замини фоидаоварро вайрон менамоянд.

Дарёҳо дар Тоҷикистон на танҳо сарчашмаи намнокӣ мебошад, балки бе он кишвар ба биёбони бесамар мубаддал мегашт. Дар байни давлатҳои собиқ шӯравӣ Тоҷикистон аз нигоҳи ҳачми умумии энергияи дарёҳо ҷойи дуюм пас аз Руссия ишғол менамояд. Танҳо дарёҳои калонтарини кишвар дар як сол то 300 млрд. киловат соат иқтидори тавлиди қувваи барқро доранд. Дар дарёи Вахш алакай 5 неругоҳи барқи фаъолият менамоянд, ки ҷумлаи онҳои НБО Норак бо иқтибори 3 млн кв. соат. ва диагрон. Дар маҷмуъ дарёи Вахш иқтидор дорад, ки то 8 млн. кв соат барқ истеҳсол намояд ва дарёи панҷ бошад 2 маротиба бештар.

Река Яхсу в Таджикистане Восе

Дарёи Яхсу дар н Восеъ

Мушоҳида кардани ҷоришавии дарёҳои Тоҷикистон дар аввалҳои солҳои 1889 оғоз ёта буданд ва он солҳо танҳо дарёи Зарафшон зери омӯзишу назорат қарор дошт. Солҳои 1920 бо назардошти талаботии ҳукумати шӯъравӣ барои обёрӣ кардани заминҳои корам зарурияти мушоҳидаи доимӣ кардани ҳамаи обҳои дарёву кулҳои кишвар ба миён омад. Бо ҳамин минвол солҳои шӯрави то 200 адад нуқтаҳои ченкунии обҳои дарёҳои кишвар мавҷуд буданд.

Бинобар сабаби чуқур ва ором набудани обҳои дарёҳои Тоҷикистон дар онҳо равона шудани воситаҳои нақлиётӣ оби чандон саҳми босазо надоранд. Лек аз сабабе ки обҳои дарёҳо аз барфҳову боронҳо ташаккул меёбанд шириноб буда дар он намудҳои гуногуни моҳиҳо ва хусусан гулмоҳиву ширмоҳи зиндагонӣ менамоянд, ки қимматашон хело гарон аст.

Дарёи Гунд (Помир)

Дарёи Гунд (Помир)

Гарчанде Тоҷикистон соҳиби дарёҳои зиёд бошад, ҳам вале масъалаи обёрӣ кардани заминҳои кишт хело мушкилӣ дора два худи об масъалаи баҳсталабу низошаванда байни давлатҳои ҳамсоя ва бахусус Узбекистон сабаб гаштааст. Чихеле ки маълум аст, Тоҷикистон дар дарёи Вахш бунёд кардани НБО «Роғунро» дар амал татбиқ карданӣ аст вале Узбекистон ба ин кор бо ҳар роҳу баҳона монеаҳо эҷод менамояд.  Умуман имрузҳо мисли қадима оби дарё масъалаи хело муҳим барои тараққиёти кишвар ва ҷамъият аст ва бе он Тоҷикистон ҳеҷ наметавонад ки худро рушд диҳад.

Дарёи Ягноб

Дарёи Ягноб

Дарёи Обихингоб

Дарёи Обихингоб

Комментарии