Дарди ишк

Дарди ишк чист? – Дарди ишк ин ҳисёти руҳи инсон ва ё дигар ҷонваре ки аз муҳаббати ба ком нарасида, ранҷ мебинад номида мешавад. Ишқ худ ин эҳтиёҷоти зиёде ба касе ё ба чизе мебошад. Агар чизе ба касе хело зиёд лозим бошаду вай барояш хело қадрноку фоидавор бошад пас ҳамон кас ошиқи ҳамон чиз мешавад. Масалан ба касе духтари хушруй, писари хушқомат, пули бисёр, хонаи фасон, мошини навбаромад, либоси зебо, телефони гизала, доруи кайфдиҳанда, арақи тоза ва ғайра ниҳоят лозим аст ва барои ҳамин ҳам вай ошиқи ин ё он предмет шуда то ба соҳиб шудани онҳо ба дарди ишқи онҳо дармеафтад.

Дарди ишк

Асосан инсон ба дарди ишқ гирифтор шуда бар асоси дарёфти ҷинси муқобили мувофиқи худ ба дарди ишқ гирифтон мешавад. Масалан духтарон ба дарди ишқ дар сини алакай 12-14 солагӣ ва писарон бошанд дар 14-15 солагӣ ба дарди ишқ гирифтон шуда ба хондани адабиёти ошиқона аз ҷумла шеърҳои ошиқӣ ва дарёфти роҳи дилёбӣ мешаванд.

Дарди ишқро дар ҳаёт инсони солим метавонад қариб то охири умраш ҳис карда солҳои ҷавониаш 15-25 солагӣ нисбатан бештар азоб кашад. Бо назардошти дарди ишқ дар ҳаёти инсон хело мақоми калонро бозидан шеъру филмҳои зиёде истеҳсол шудаанд. Масалан Шаҳроми Абубакр бо Фариддуни Хуршед дар ҳамҷоягӣ шеъри «Дарди ишқро» хондаанд.

Дигар мисол ин аст, ки аз ҷониби киногардонҳои амрикои даҳҳо филмҳо бо номи «Дарди ишқ»-ро ба навор гирифтаанд. Шоирон бошанд вобаста ба дарди ишқ шеърҳои зиёдеро ба забонҳои гуногуни инсонӣ навиштаанд.

Шеъри дарди ишк (Шахром ва Фариддун)

Матни суруди дарди ишк:

Тавба кардам, ки дигар ошиқи шайдо нашавам,
Чун ғуборе ба рухи моҳи ту пайдо нашавам,
Айби ишқат ки расад аз бағалат ҳамчун мушк,
Буи он гар набувад ошиқи расво нашавам,

Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам поён надорад.
Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам поён надорад.

Гар чи сухтам зи ғам ишқи он ҳамчун
Аҳд кардам ки дигар ошиқи Лайло нашавам.
Аҳд кардам ки дигар ошиқи Лайло нашавам.
Буд замон ки маро дашту биёбон манзил,
Ай Худо кош дигар Маҷунуни саҳро нашавам.

Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам, поён надорад.
Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам поён надорад.

Бекасу бехуду беҷо будан буди сабааш,
Бе ту ҳам мондам агар вале ман танҳо нашавам.
Бе ту ҳам мондам агар вале ман танҳо нашавам.
Аз Худо дорам умед, дорам умед, дорам умед,
Кош бори дигар ман бо ту якҷо нашавам.
Кош бори дигар ман бо ту якҷо нашавам.

Тавба кардам, ки дигар ошиқи шайдо нашавам,
Чун ғуборе ба рухи моҳи ту пайдо нашавам,
Айби ишқат ки расад аз бағалат ҳамчун мушк,
Буи он гар набувад ошиқи расво нашавам,
Айби ишқат ки расад аз бағалат ҳамчун мушк,
Буи он гар набувад ошиқи расво нашавам,

Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам, поён надорад.
Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам поён надорад.

Азизоооооон,
Азизон дарди иииииииииииииииишқ.!

Тавсия менамоем, ки хамчунин шеърхои ошиконаро дар сомонаи http://sherho.ortgk.ru/category/zindagoni/oshiqona/  хонед!

Комментарии