Дандон

Дандон – яке аз узвҳои инсон ва як қатор ҳайвонҳои заминӣ буда дар ҷоғи даҳон мерўяд ва барои майда карда хурдани таом, доштани ин ё он намуди предмет, талафуз, мубориза бурдан ва дигар корҳо хизмат менамояд.

dandon-zub

Сурати дандони солим

Ҳангоми дарди дандон  дар назди чашмони инсони олам чунон нофорам шуда касро гоҳо ғазабнок мекунад ва баъзе вақтҳо бошад гирёну бемор менамояд.

Беҳуда нагуфтаанд: «Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад»

Аз ин сабаб дар матни мазкур барои зиёд кардани маълумотнокӣ дар ин самт, як қатор ахбори судманд ҷамъоварӣ карда шуда оиди дандони одамизот дар маҷмуъ ва роҳҳои муҳофизату табобаташ, гуфта шудааст.

Дандон асосан иборат аз устухони сахти сангмонанд аст, ки дар забони лотинӣ онро «dens» меноманд. Қабати болоии дандон аз эмал ташкил намуда қисми даруниаш иборат аз маҳсулоти сементи биологӣ мебошад. Ба ҳисоби мутахасисон муайян карда шудааст, ки 72%-и таркиби дандон аз маводҳои ғайри органикӣ ва 28% -ашро маҳсулотҳои органиқӣ ташкил менамояд.

Сохтори Дандон

Сохтори Дандон

Дандон шакли муайяни ҷисмиву афзоишнамоӣ дорад  ва ҳар яки он ҷойи баромадани худро бо тартиби муайян дорад. Дандон аз бофтаи махсус инкишоф ёфта дар ҳар яки он датгоҳи мустақили асаб, рагчаҳои хунбару хунбиёр ҳастанд.  Одатан як одам аз 28 то 32 дандон дорад, ки ин меъёрӣ муқарист.

Мавҷуд набудани дандони ақл ин ягон нишонаи манфӣ нест. Лек дар урфият мегуянд, ки бе дандони ақл ҳоло инсон соҳиби ақли комил шуда наметаваонад, ки ин ҳам бошад ҳоло ин гуфтаҳо заминаи илмӣ надошта мебошад. Дандони ақл дар сини аз 14 то 25-солагӣ мебарояд ва ҷояш дар даҳон охирин дар ҷоғ мебошаду шумораи умумиашон 1 – 8-то шуда метавонад.

Дар даруни дандон бофтаҳои озоди ба ҳам пайвастшуда мавҷуд аст, ки аз дохилашон риштаҳои асаб ва рагҳои хунгард мегузаранд.

Ширдандон

Ширдандон

Дандонҳо мешаванд «Ширӣ» ва «Якумра». Дандонҳои Ширӣ гуфта он дандонҳое, ки дар аёми кудакӣ (3-5 моҳагӣ) мерўянд номида мешавад ва шумораи умумиашон 20 ададанд. Дандонҳои Ширӣ иборат аз 8-дандони пеш, 4-дандони ашк ва 8-дандони курсӣ мебошад ки дар сини 6-12 солагӣ ба пуррагӣ афтида дар ҷояшон дандонҳои Якумра мерўянд.

Шумораи дандонҳои Якумра то 32-то буда, иборат аз 8-дандони пеш, 4 –то ашкдандон, 8-то пундонадандон, 8 дандонӣ  курсӣ ва 4 дандони ақл аст. Шумораи дандонҳо ва намудҳои он вобаста ба хўроку оби мехурда, генаи инсон, боду ҳавои макон ва дигар омилҳо вобаста бошад.  Дар ниҳоят кам ҳолатҳо шумораи ҷуфти дандонҳо фарқ мекунанд.

Видео аз Аловудин дар бораи Дандон (Хандаи Духтур)

 

Бемориҳои (касал) дандон

Дар ҳолати хуб нигоҳбин накардани дандон кас метавонад ба бемориҳои дандон печида шуда, азобҳои зиёд кашида ба талаф шудани онҳо рў ба рў гардад. Дар баробари аз даст додани дандони табиӣ инсон аз талафузи хуш, ҳисси хуби таом, саломатии бардавоми чашму дил, симои зебо, чусту чолокӣ ва дигар боигариҳо маҳрум шавад.

Асосан чунин намудҳои бемориҳои дандон маълум аст:

  1. Карис – Пусидани дандон аз ҳисоби як қатор омилҳои номатлуб ки эмали дандонро мехураду онро сиёҳу шикаста мегардонад;
  2. Пулпит – Хунукгирии дандон аз ҳисоби вайрон шудани он ва ё нодуруст табобат кардан;
  3. Периодонтит – Лойқашавии решаии дандон аз ҳисоби вайрон шудани дандон ва решаҳои дандон сиёҳ мешаванд;
  4. Пародонтит – вайроншавии даҳшатовари дандон ки аз ҳисоби нодуруст организми инсон дандонҳояшро наметавонад парвариш намояд;
  5. Санг – аз ҳисоби тоза накардани боқимондаҳои хўрок аз дандонҳо ва ҷамъ шудани чирку бактераяҳо мудати тўлони эмали дандоро хурда баъдан дандонҳоро вайрон мекунад.
  6. Сементома – аз ҳама баддарин бемории дандон буда ба вайрон шудани устуғони ҷоғ мебиёраду симои инсоро тамоман вайрон мекунад. Ин бемориро «РАК»  низ меноманд ва то ҳол сабаби пайдоишаш номаълум аст. Ин намуди беморӣ асосан дар кудакону занон зиёд буда кас онро бе ташхиси духтур худ наметавонад муайян намояд.
Беморихои Дандон

Намудхои бемории Дандон

Барои хуб нигоҳ доштани дандон чорабиниҳои пешгирикунандаро бояд андешид ки аз чунин корҳо иборат мебошанд.

  1. Тоза нигоҳ доштани даҳону дандонҳо тавасутти ҳарруза на кам аз 2-маротиба тоза кардан бо хокаву мисвок;
  2. Аз хизматрасонии дандонпизишки бехтарин истифода бурдан барои тоза кардан аз сангу, бактерияву, зардиву дигар чизҳои зарарнок;
  3. Истифода аз маводҳои нигоҳубинкунандаи дандон аз ҷумла латаҳои махсус, риштаҳо, чубчаҳо ва ғ.
  4. Эҳтиёт кардан ва нахурдани маводҳои зиёди ширин аз ҷумла қанд, шоколад ва ғ;
  5. Нахурдани оби хунук ва ё истеъмол накардани чойи ҷуш баъди истеъмоли яхмос. Яъне гармо хунук накардани дандон;
  6. Дар задухурдҳои ҷисмонӣ роҳ надодан;
  7. Барвақтар табобат кардани дандон ҳангоми дарёфти камбудӣ дар дандонҳо;
  8. Доимо назорат кардан аз болои сифати рушд ва мавҷудияти дандонҳо;
  9. Аз хизмати духтурони камтаҷрибаву бесавод худро дур кашидан

Чи бояд кард ҳангоми дарди дандон?

Дар ҳолати дард кардани дандон зуд ба ойна нигоҳ карда ҳаракат кунед ки кадоме аз дандонҳо дард карда истодаасту ва барои чӣ ин ҳолат рўй дода истодааст. Баъдан ба духтури дандон муроҷиат карда шавад.

Лек агар духтурхона дур бошаду имконияти дастрасии он ҳоло ба шумо муяссар нест пас метавонед чунин роҳҳоро барои раҳоӣ ёфтан аз дарди дандон истифода баред (бо назардошти будани шароит).

  1. Хурдани яке аз доруи зер: Баралгин, Кетанол, Кетанов Нурофен, Дексалгин ва ё Аналгин;
  2. Гузоштани намак ва ё содда;
  3. Чайқондани (шуштан) дандон бо оби ҷўшонидашудаи алафҳои табобатӣ аз ҷумла мармарак, кампиргулак, ташнак ва ё баҳмани сур.
  4. Пустлохи булутро ҷушонида обашро ба даҳон гирифта истодан;
  5. Арақ ва ё конякро ба даҳон нигоҳ дошта истодан.

Нархи табобат ва ҷойҳои хуб барои табобат

Барои табобати ё кандани дандон ҳоло дар Тоҷикистон на кам аз 5 – ҳазор дандонпизишк фаъолияти меҳнатӣ менамоянд ва дар ҳаммаи ноҳияиҳои кишвар ё дар нуқтаву беморхонаҳои махсус онҳоро дарёфт кардан мумкин.

Евродент

Евродент

Мардум асосан духтури хуби дандонро мекобаду мехоҳад, ки баробари он маблағи гаронро харҷ накунад. Ба Шумо тавсия менамоем, ки доимо ба духтури баладихтисос барои табобати дандони худ муроҷиат кунеду саломати худро зери хавф нагузоред, ки дар ҷамъият мутахассисони камсаводу бефаросат ҳам  ҳастанд. Аз беэҳтиёти одамон маблағ, вақт ва дандонҳои бардавоми худро аз даст медиҳанд аз он сабаб, ки худ ҳам дар баробари баъзе дандонпизишкон камсаводанд.

Агарчи дандони шумо каме шикаставу сиёҳ шуда бошад ҳам дарҳол ба кандани дандонатон саросема нашавед ва ба дард тоқат карда беҳтараш онро ҳамчун гаҳвараки чашматон нигоҳ дореду табобат намоед. Баро духтурон ҳарчи маблағ гирифтан авлотар аст назар ба оне ки дандони шуморо нигоҳ доранд. Инчунин азизону наздиконатонро ҳам ҳидоят кунед ки дандонҳои хуб муносибат намоянд.

Ҳоло дар пойтахти кишвар дар шаҳри Душанбе якчанд марказҳои Дандонпизишкии хуб фаъолият менамоянд ки бароятон барои истифодаи хизматрасониҳои онон пешниҳод менамоем:

  1. Садбарг
  2. ЕвроДент
  3. 1-ум советский
  4. Маҳалаи 33
  5. Гулистон

Ба ҳисоби миёна кандани дандон дар Тоҷикистон  3-5 доллор, пломба 5-10 доллор ва табобат 10-50 доллор ва дандошшинонӣ 10-200 доллор мебошад.

Дандонҳоятонро эҳтиёт намоеду ба шинондани дандони тиллову садафу дигар намудҳояш ҳавас нанамоед!

Комментарии