Чаро осмон кабуд аст?

Савол: Барои чӣ осмон кабуд аст?

Ҷавоб: Осмон аз он сабаб кабуд (кабут) аст ки дар он шуълаи офтоб ҳар хел паҳн мешавад. Вақте ки нури офтоб ба замин наздик мешавад вай ба қабати атмосфераи замин бархурда ҳар як зараи нур ба ҳар тараф мераванд, ки дар натиҷа дар назари одамон осмон кабут менамояд.

Бинед, ки одатан осмон шафобу беранг аст вале чихел боз кабуд мешуда бошад ин аҷиб аст. Чихеле ки хабардорем нури офтоб аз мавҷҳои электронӣ иборат аст ва ҳангоми ба офтоб нигоҳ кардан ӯ зард метобад вале вақте ки ба осмон менигарем пас ранги кабуд зиёд аст.

осмони кабуд

Асосан нури офтоб аз мавҷҳои электроние мебошанд ки зичиашон гуногун аст ва ҳар як намуди зичии нури офтоб ба худ ранги махсусро дорад. Яъне аз офтоб рангҳои гуногун мебароянд ва вақте, ки ба қабати ҳавоии замин бармехуранд пас онҳо самташон ҳар тараф мепаранд.

Одатан мувофиқи қонуни табиат ҳарчиқадаре, ки зичии намуди ранги офтоб зиёд бошад ҳамон қадар вай бемамоният аз қабати атмосфераи замин бемаъмоният мегузарад. Яъне рангҳои Сурх, Зард, Сабз бемаъмоният ба замин меафтанд. Вале рангҳои кабут, бунафшранг ва кабутча аз сабаби баланд будани зичиаш ки бо ченаки «терагерса» ҳисоб мекунанд ба қабати атмосфераи замин бархурда самтҳояшонро доимо иваз карда дар осомон парвоз карда мегарданд. Барои ҳамин ҳам вақте, ки ба осмон нигоҳ мекунӣ пас дар назарат маҳз ранги кабут ба чашм мерасад.

Комментарии