Бонки миллии Точикистон (БМ)

Бонки миллии Тоҷикистон ё худ шакли кутоҳаш «БМТ» – дар асоси қонун маркази интишори пули миллӣ ва нигаҳдорандаи захираҳои давлатӣ буда дар соҳибмулкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери итоати парлумони Тоҷикистон қарор дорад. Ба вазифаси асосии БМТ ин муяссар шудан ва нигаҳдории сатҳи нархҳои муътадил дар бозори дохилиҷумҳурӣ мебошад. Соли ташкилёбии БМТ 1992.

Бинои Бонки милли

Сурати бинои асосии БМТ дар ш. Душанбе

БМТ мисли дигар бонкҳои марказии дигар кишварҳои дунё мебошад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 722 аз 28-уми июни соли 2011 қабулшуда фаъолият менамояд.

Ҳамчунин вазифаҳои зерин ба БМТ вогузошта шудаанд:

  1. Устувор нигоҳ доштани низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Мусоидатнамоӣ дар фаъолияти судманду бетавақуфи низоми пардохтии Тоҷикистон.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудан хело баифтихор асту вале ба он ҷо ҳамчун корманд даромадан барои мардуми оддӣ кариб имконнопазир аст.

Сохтори Бонки миллии Тоҷикистон

Национальный Банк Таджикистана

Логотип НБТ

Ба аввали соли 2016 дар сохтори Бонки миллӣ 6-то, департамент, 9-то раёсат, 6-то шуъба, 5-филиалҳои минтақавӣ аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, Хоруғ, Кулоб, Қурғонтеппа ва Рашт мавҷуд аст. Дар баробари ин дар назди БМ як донишкадаи илмию тадқиқотӣ мавҷуд ҳаст вале бинои он валангор мебошад. Дар маҷмуъ дар Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 1000 нафар корманд фаолият карда сатҳи маошашон аз дигар бонкҳи тиҷорати  ватанӣ чандон фарқ наменамояд.

Дар рушди БМТ ва низоми молиявию қарзии Тоҷикистон раисони ин бонк бениҳоят саҳми босазо гузоштаанд, ки аз ҷумлаи онҳо ин Муродали Алимардон (1996 -2008сс) ва Шариф Рахимзода (2008-2012гг) мебошанд. Вобаста ба ин сабаб ин мардони пешқадамро дар байни кормандони молиёт ва аҳолии кишвар хуб медонанду эҳтиромашонро баланд қадрдонӣ менамоянд.

Суроға ва тамосҳои Бонки миллии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А
Индекси пӯчта: 734003
Тел: + (992 44) 600-32-01,  600-32-09
Почтаи элек.: info@nbt.tj   allomushtari@nbt.tj
Сомона: www.nbt.tj

Ҷойгиршавии бинои асосии БМТ дар харита

Инчунин руихатти дигар бонкҳои тиҷоратии дар ҶТ фаъолияткунандаро дар саҳифаи зер бубинед. http://life.ansor.info/bank-tajikistan-reyting-2015/

Маълумоти иловаги дар боари БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, дорои мeҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд. Бонки миллии Тоҷикистон аз раёсат ва 6-то шӯъба иборат мебошад. Ин шӯъбаҳо дар маҳалҳои зерин Ҷойгиранд: Хуҷанд, ПанҶакент, Хорущ, Кулоб, Қурщонтеппа ва Рашт.

Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

  • -нигоҳдории сатҳи мeътадили нархҳо дар доираи салоҳияти худ;
  • -таъмини рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат;
  • -мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.

Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.

Барои ба даст овардани мақсадҳои дар боло зикршуда, Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • -сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ менамояд;
  • -ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;
  • -таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти ҷомеа мерасонад;
  • -барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитӣи) uайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро танзиму назорат менамояд;
  • -барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мақоми қарздиҳандаи ниҳои мебошад;
  • -низомҳои пардохтӣ, клиринг, хисоббаробаркунӣ ва хизматрасониҳои пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд;
  • -ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ намуда, гардиш ва аз муомилот гирифтани онро ба роҳ мемонад;
  • -захираҳои байналмилалии дар ихтиёрдоштаро нигоҳдорӣ ва идора менамояд;
  • -аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо гирифта, амалиётеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои бонкию муносибатҳои пулӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ бармеояд, иҷро мекунад;
  • -тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад;
  • -амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонун метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ниҳоят бадастомада ва маблаuгузории терроризм чораҳои заруриро андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро танзим ва назорат намояд.

Дар шароити ҳозира назорати бонкӣ яке аз роҳҳои муҳими таъмини устувории бонкҳои тиҶоратӣ ба ҳисоб меравад.

Назорати бонкӣ – дар назди худ мақсадҳои муайянро мегузорад, ки ба ҳама истифодабарандагон ва идораҳое, ки назорати бонкиро амалӣ менамоянд, фаҳмо фаҳмо ва аниқ бошанд.

Дар назди тамоми низоми назорати бонкӣ ду мақсади асосӣ меистад:

  1. Гарви низоми бонкии устувор ва мусоидати бонкҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат.
  2. Ҳимояи амонатгузороне, ки дар бонкҳо амонатҳои худро нигоҳ медоранд.

БМТ дар Ҷараёни назорати худ дурустии додан ва ситонидани қарзҳоро аз Ҷумла самти истифодаи онҳоро дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ муайян месозад.

Сабабҳои асосии зарурияти танзими фаъолияти бонкҳо аз он иборат аст , ки пардохтҳо дар хоҷагии халқ тавассути онҳо сурат мегирадвап аз муътадилии низоми пардохтҳо тараққиёти соҳаҳои хоҶагии халқ вобастагӣ дорад.

Назорати бонкӣ тамоми низоми бонкиро бояд дар бар гирад , зеро пешгири кардани норасоиҳо дар як бонк боиси муътадил шудани фаъолияти дигар бонкҳо мегардад.

Вазифаи назорати бонкӣ он аст, байни бонкҳо рақобати мукаммал ташкил намояд, то ки маблащҳои пулӣ ва имконияти иқтисодӣ дар ихтиёри як ё ду бонк Ҷамъ нагардад.

Вазифаи дигари назорати бонкӣ ин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонкҳост , ки аз он тараққиёти иқтисодиёти мамлакат вобастагии зиёд дорад.

Назорати бонкӣ боз бояд ба он равона карда шавад , ки риоя намудани дастурамалҳои меъёриро ҳаматарафа санҶад, то ки онҳоро бонкҳои тиҶоратӣ дар Ҷараёни фаъолияти худ истифода ва риоя намоянд.

Ташкили назорати бонкӣ дар ҳар мамлакат мувофиқи сиёсати иқтисодӣ ва пуливу қарзӣ амалӣ мегардад. БМТ мақоми асосии низоми молиявӣ ба шумор меравад ва қонунҳои мавҷудае , ки ба фаъолияти ӯ тааллуқ доранд ӯро водор месозанд, ки фаъолияти бонкҳоро назорат барад. Назорат аз тарафи БМ ба ӯҳдаи яке аз мудириятҳои бонк , яъне идораи назорати бонкӣ гузошта шудааст, ки он назоратро бо дастури раис ё раёсати БМ анҶом медиҳад.

Назорати бонкӣ барои гузаронидани амалиёт ба бонкҳои тиҶоратӣ иҶозатнома медиҳад ва амалиёти бонкҳоро танзим менамояд , ки ин тавассути  талаб  намудани сармояи кофӣ назорати устувори , захираҳои ҳатмӣ дар БМ ва риоя намудани имеъёрҳои иқтисодӣ сурат мегирад.

Корманди БМ аз рӯи фаъолияти бонкҳои тиҶоратӣ назорат мебарад ва иҶрои талаботи дар боло зикрёфтаро тафтиш мекунад.

Назорати бонкӣ дорои усулҳои хоси худ мебошад. Назорати бонкиро дар асоси маълумоти , яъне бонкҳо ҳисоботҳои молиявии худро, ки ширкатҳои аудиторӣ санҶидаанд ба Бонки миллии ТоҶикистоп барои таҳлил ва назорат пешниҳод мекунанд.

Бонкҳои тиҶорати бояд ҳисоботҳои худро оиди фаъолият тавассути васоити ахбори омма нашр карда , саҳмдорон , амонатгузорон ва аҳлӣ Ҷомеаро  аз натиҶаҳо ба дастомада дар ин ё он давра шинос намоянд, ки инҳам як шакли назорат , зеро муттахассисону олимон ин пешниҳодҳо ва натиҶаҳоро омӯхтак ба кори бонк баҳо медиҳанд ва ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти бонкҳо, маслиҳатҳои муфид ,доданашон  мумкин аст .

Дар рафти гузаронидани дафтиш БМТ камбудиву норасоиҳои бонкҳои тиҶоратиро муайян сохта баҳри бартараф намудани онҳо маслиҳат ва муҳлат медиҳад.

Сиёсати пуливу қарзи ва асъории ҶТ ҳамасола аз Ҷониби БМТ самтҳои асосии он таҳия шуда , бо қарори МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон қабул мешавад. Дурнаммои ҳуҶҶати молиявии мазкур аз маълумотҳо ё худ нишондиҳандаҳои зерин иборат мебошад:

  1. Вазъи макроиқтисодии ҶТ дар соли гузашта. Дар навбати худ маълумотҳои зайл дар ин қисм нишон дода шуда , ба қатори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дохил мешаванд:
  • а). маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
  • б). таваррум
  • в). қурби асъори миллӣ
  • г). Амонатҳо
  • д). Интиқолҳо
  • щ). Маблащгузориҳои қарзӣ
  • е). Тавозуни пардохт
  • ё). Қарзи беруна.
  1. Иҷроиши сиёсати пулиау қарзӣ ва асъории ҶТ дар соли гузашта. Дар ин қисм чунин нишондиҳандаҳоиникос меёбанд:
  • а). Фаъолияти БМТ
  • б). Рушди низоми бонкӣ
  • в). таъмини ҳуқуқи низоми бонкӣ.
  1. Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пуливу қарзӣ ва асъорӣ барои соли навбатии молиявӣ. Ин қисм аз нишондиҳандаҳои зерин иборат аст:
  • таъмин шароит баҳри рушди воқеъии ММД.
  • нигоҳ доштани сатҳи таваррум.
  • афзоиши захираҳои асъории мамлакат.
  • Таъмини устувории қурби мубодилавии сомонӣ ва қобилияти харидории он.

Барои амалӣ намудани мақсадҳои дар боло зикршуда иҶрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

  • афзоиши ҳаҷми пулҳои захиравӣ
  • фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи монетизатсияи иқтисодиёт

Монетизатсия – нишондиҳандае, ки вобастагии байни нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул ММД-ро муайян мекунад ва таъминоти сатҳи иқтисодиётро бо пул нишон медиҳад.

  • иҶрои нишондиҳандаҳои барномаи стратегии паст кардани сатҳи камбизоати
  • васеъ намудани доираи хизматҳои бонкҳо ва беҳтар кардани сифати онҳо
  • ташкили амалиётҳо дар бозори асъор, бозори байнибонкии қарз ва бозори қощазҳои қиматнок
  • мустаҳкам намудани базаи амонатии бонкӣ , махсусан амонатҳои шахсони воқеъӣ ва таъмини кафолати нигоҳдорӣ ва додани фоизи онҳо
  • мустаҳкам намудани нақши бонкҳо дар самти додани қарзҳои хурд ба соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон
  • инкишоф додани қарздиҳӣ ба хоҶагиҳои деҳқонӣ дар маҳалҳо
  • афзоиши сармояи оинномавии бонкҳо. Ҷиҳати баланд кардани обрӯи бонкҳо берун аз кишвар, воридшавии сармояҳои хориҶӣ
  • кафолати ҳатмӣ ва доимии бонкӣ , аз рӯи сари вақт баргардонидани маблащҳои шаҳрвандон.

Саволҳои санҷишӣ:

  1. Бонки миллии ҶТ ҳамчун бонкдори давлат дар шароити муосир
  2. БМТ танзимкунандаи низоми бонкӣ
  3. Мақсади ташкил ва фаъолияти БМ
  4. Назорати БМ ва мақсади он
  5. Мақсади Ҷорӣ намудани сиёсати молиявии БМ дар шароити муосир

Комментарии