Бонки Эсхата

Бонки Эсхата – яке аз бонкҳои тиҷоратии бомувафақи Тоҷикистон, ки ҳаҷми сармояву, дороиву дигар нишондиҳандаҳои асосиаш дар сатҳи миёнаад, ба ҳисоб меравад. Макони асосии фаъолияташ ба қисми шимолии ҷумҳурӣ афзалият  дода шудааст.

Логотип Эсхата

Логотип Эсхата

Бонки Эсхата санаи 29-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳу ба кор оғоз намудааст ва дар муддати кӯтоҳ тавонистаат ба боварии мардум ворид шуда худро ҳамчун ташкилоти боэътимод ба ҳалқ, нишон диҳад. Исми ташкилот аз номи куҳани шаҳри Хуҷанд, ки дар замони мустамликадории Искандари Зулқайнар  чунин номида шуда буда, сарчашма мегирад.

Саҳомони Бонки Эсхата шаҳрвандони Тоҷикистон ва Бонки Аврупоӣ Таҷдид ва Тараққиёт мебошад, ки онро дар шакли ҷамъияи саҳҳомии пушида ифтитоҳ намудаанд.

Ба аввали соли 2016 Бонки Эсхата соҳиби 23-филиал ва 150 марказҳои хизматрасонии бонкӣ буд ки дар он зиёда аз якуним ҳазор корманд фаъолияти меҳнатӣ менамуданд ва сатҳи маошашон баробари дигар ташкилотҳои қарзии кишвар мебошад.

Ин ташкилоти қарзӣ-молиявӣ ҳамчунин байни мардум бо номи «Эсхата Бонк» маъруф аст.  Бурдбори асосии Бонки Эсхата дар қабули стратегияи дурусти роҳбарияти он мебошад, кии борат аз пешниҳоди қарзҳои хурд ва кор бо аҳолӣ мебошад. Дигар сабаби рушди бомувафақияти Бонк ин ҷалби захираҳои хориҷии арзон мебошад.

Бинои идораи асосии Бонки Эсхата

Бинои идораи асосии Бонки Эсхата

Бонки Эсхата ташкилоти универсалии қарзӣ буда ҳизматрасониҳои гуногуни замонавиро ба мардум пешниҳод менамояд, ба мисоли қарзҳои хурду миёна, интиқоли маблағҳо, мубодилаи асъор, кортҳои пластикӣ, интерент бонкинг ва ғайраҳо.

ЭсхатаБонк тули солҳои зиёд ҳамчун пешсаф дар самтҳои фаъолияти бонкии кишвар ва бахусус дар масъалаи интиқоли маблағҳо, дилинг ва қарздиҳии хурд мебошад.  Ба ин асосан сатҳи баланди дониши роҳбарияти Бонк боис гардидааст, ки тавасутти кормандони зиёде ба ин нишондиҳандаҳо ноил гардидаанд.

Бо назардошти нишондиҳандаҳои сифатию ададии Бонк уро ҳамчун бонки №1 дар ҷумҳурӣ унвон додаанд. Бонк тавонисьаст, ки баҳои рейтингии ташкилти Мудисро соли 2011 бо сифати «B3» соҳиб шавад. Афзоиши миёнаи нишондиҳандаҳои бонк дар як сол ба 20% -ро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаҳои молиявии Бонки Эсхата ба аввали соли 2015 ум.

  • Сармоя – 176 млн. доллари ИМА;
  • Сандуқи қарзӣ – 115 млн. доллари ИМА;
  • Сармоя ҳамагӣ –  34  млн. доллари ИМА;
  • Воситаҳои асос – 9 млн. доллари ИМА;
  • Воситаҳои пулӣ  – 24  млн. доллари ИМА;

Ҷойгиршавии суроғаи асосии Бонки Эсхата дар харита  

Суроға ва воситаҳои тамоси Бонки Эсхата

Саридора
735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳри Хуҷанд, кучаи Гагарин, 135
Тел. (+992 3422) 66-999
Почтаи электронӣ: info@eskhata.tj
Сомона: http://www.eskhata.com

Видео дар боари ҷашни 20-солагии Бонки Эсхата

 

* Ҳолатҳои аҷоиб: 

  1. Шумораи рафтани кормандон аз Бонки Эсхата зиёд аст. Ба ҳисоби миёна дар филиалҳо 20-фоизи кормандонро дар як сол меронанд ё худи онҳо бо хоҳишашон аз кор мераванд.
  2. Кумитаи Андоз дар саридораи Бонки эсхата ҳолатҳои ниҳон кардани даромадро дарёфтаанд.
  3. Қисмати асосии кормандони бонк аз худи Хуҷанданд. Яъне дар ин бонк маҳалчигарӣ зиёд аст.
  4. Гарчанде бонк даромади зиёд дошта бошад ҳам вале бинои саридорааш чандон зебо нест.
  5. Бонки Эсхата ҳамчун Бонки мардуми шимолӣ-суғдӣ дар байни мардум маълум аст.
  6. Таъсисдиҳанда ва Раиси Раёсати Бонки Эсхата худи Насиров Хуршед Диловарович буда дар аъзои шурои директорон бонк бародари у –  Носиров Айюбджон Диловарович хаст.

 

Комментарии