Бахисобгирии Бухгалтери

Бахисобгирии бухгалтери чист?

Баҳисобгирии бухгалтерӣ ин низоми батартибдаровардашудаест, ки дар бахши ҷамъоварӣ кардан, бақайдгирӣ ва ҷамъбаст намуданӣ маълумот дар шакли пулӣ дар бораи ҳолати дороии молу мулкӣ, ӯҳдадориҳо ва сармояи фарди ҳуқуқӣ (корхона) ё шахси инфиродӣ (одам) сару кор дошта ҳамзамон оиди ҳаракати (тағйирёбии) амалиётҳои ин самтҳои гуфташуда тариқи ҳуҷҷатӣ мунтазам ба роҳ мондашавандаро ба роҳбарӣ мегирад.

Бахисобгирии молияви ва аудит

Бахисобгирии молияви ва аудит

Баҳисобгирии бухгалтерӣ ин илм ва корест, ки дар бахшҳои баҳисобгирии «Сарвати корхона», «уҳдадориҳои он», «даромаду хароҷот» дар давоми фаъолияти кориаш  равона шудааст.

Баҳисобгирии бухгалтериро дар Тоҷикистон аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарпарастӣ ва танзим қарор дорад ва қариб ҳаммаи масъалаҳои баҳисобгирии бухгалтериро маҳз ҳамин сохтори давлатӣ таҳия, омӯзиш, тасдиқ ва назорат қаор медиҳад.

Дар корхонаҳо масъалаи баҳисобгирии бухгалтерӣ мувофиқи қонун дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ аз тарафӣ Сармуҳосиб ки мутобиқи шартномаи меҳнатӣ ба кор гирифта шудааст, ба роҳ меандозанд.

Вазифаи асосии баҳисобгирии бухгалтерӣ ин ташкили пурраву дурусти маълумоти молиявӣ (пулӣ ва материалӣ) дар бораи фаъолият ва вазъияти корхона ба дилхоҳ сана (давра).

Имрузҳо истилоҳи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ» ба «Баҳисобгирии муҳосибавӣ» иваз карда шудааст ва дар корхонаҳо Сармуҳосиб ин шахси роҳбари дувуми корхона ва «Муҳосибот» ин сохторест, ки масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибавиро сарукордошта мебошад.

Комментарии