Азон гуфтан ва калимахои он

Азон калимаи арабӣ « أذان »‎ буда маънояш эълон барои даъват бар ибодат, яъне намоз хондан мебошад. Ҳангоме‌ ки‌ вақти‌ намоз фаро ме‌расад, чанд лаҳза‌ пеш‌ аз хондани‌ намоз руй ба‌ қибла‌ рост истода‌ ва бо садои‌ баланд калимоти‌ зайл‌ гуфта‌ ме‌шаванд, ки‌ дар истилоҳи шариат онро «Азон» ме‌номанд.

Калимаҳои АЗОН аз инхо ибортанд:

Аллоҳу акбар – 4 маротиба.
Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ – 2 маротиба;
Ашҳаду анна Муҳаммаду-р-расулуллоҳ – 2 маротиба
Ҳайя ъала-с-салоҳ – 2 маротиба
Ҳайя ъалал фалоҳ – 2 маротиба
Аллоҳу акбар – 2 маротиба
Ло илоҳа иллаллоҳ – 1 маротиба

 

Муаззин дар вақти азон гуфтан, ҳангоми «Ҳайя ъала-с-салоҳ» рӯяшро ба тарафи рост ва ҳангоми «Ҳайя ъала-с-фалоҳ» рӯяшро ба тарафи чап гардонад. Дар намози бомдод, баъди «Хайя ъалал-фалоҳ» ду маротиба «Ассалоту хайрун миннаннавм», яъне намоз беҳтар аст аз хоб гӯяд.

Тарҷумаи Азон ба точики:

«Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст.
Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ ба ҷуз Худо дигар маъбуде‌ нест.
Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ ба ҷуз Худо дигар маъбуде‌ нест.
Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) фиристодаи‌ Худованд аст. Гувоҳӣ‌ме‌диҳам,‌ ки‌ Ҳазрати‌ Муҳаммад (с) фиристодаи‌ Худованд аст.
Бишитобед ба‌ сӮйи‌ намоз, бишитобед ба‌ сӮйи‌ намоз.
Бишитобед ба‌ сӮйи‌ растагорӣ, бишитобед ба‌ сӮйи‌ растагорӣ.
Худо бузург‌ аст, Худо бузург‌ аст. Ба ҷуз Худо дигар маъбуде‌ нест».

ТАКБИР-ИҚОМАТ

Такбир худи азон аст, фақат тезтар гуфта мешавад. Баъд аз «Ҳайя ъалал фалоҳ», 2 маротиба «Қад қомасти-с-салот»-ро зиёда карда мешавад. Такбир пеш аз оғози намози фарз гуфта мешавад.

Комментарии