Ашт – Нохияи Шайдон

Ашт – ин ноҳияи аз ҳама шимолтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда масоҳаташ 2 785,5 километри мураббаъ   ва аҳолиаш зиёда аз 155 ҳазор (2017с.) нафарро ташкил карда ба минтақаҳои кӯҳии кишвар мешиносанд ва расман он соли 1926 ифтитоҳ ёфтааст. Маркази маъмурии ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон мебошад.

Сурати куххои нохияи Ашт

Сурати куххои нохияи Ашт

Аз нуқтаи назарӣ ҷуғрофӣ Ашт аз се тараф яъне шимол, ғарб ва шарқ бо ноҳияҳои Намангон, Фарғона ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ва танҳо аз ҷануб бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурову ноҳияи Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад.

Нохияи Ашт ба вилояти Хуҷанди ҶШС Узбекистон то соли 1928 дохил буд. Танҳо соли 1929 вақте, ки вилояти Хуҷанд ба Тоҷикистон ворид, гашт пас дар соли 1938 он ба ҶШС Тоҷикистон мутаалиқ шуд.  Таърихи Ашт чунин буд, ки ӯ солҳои 1939-1962 ба вилояти Ленинобод ворид шуда баъдан бо номи минтақаи Суғд дар соли 2000-ум дониста шуд.

Ашт ноҳияи ҳамсарҳад буда роҳбарони ноҳияҳои ҳамсарҳад нақшаи ҳамкории соли 2014-2017 ба имзо расонидаанд ва тибқи он бояд ҳолати босуботи минтақа ва муносибатҳои гуногунҷабҳа, таъмин карда шавад.

Харитаи Ашт аз кайхон-спутник:

Ноҳияи Ашт иборат аз як маҳалаи унвони шаҳракдошта мебошад ва 9 ҷамоат дорад. Аз ҳама ҷамоатҳои (қишлоқ-деҳа) калонтарин аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ Шайдон, Ориён, Ошоба,  Понғоз ва Ашт мебошад.

Маркази ноҳияи Ашт макони обод мебошад ва дар он маҷмааи ҳозиразамонаи варзишӣ соле пеш кушода шудааст ва дар он ҳамаи шароитҳои беҳтарин барои варзиш муҳаё карда шудааст.

Дар соҳаи маориф бошад ҳамаи мактабҳо бо компютерҳо таъмин карда шудаанд. Дар ноҳияи роҳҳо ободу мумфаршанд.

Табиати АШТ

Зимистон Ашт нисбатан мулоим ва кутоҳмуддат буда каме барф дар он меборад. Баҳораш кутоҳу барвақт фаро мерасад. Ҳарорати ҳаво аз +26 то +40 дараҷа боло рафта зимистон то -25 дараҷа хунук мешавад. Боришот дар як сол 250-300 мм. ташикл медиҳад.

Иқтисодиёти Ашт

Аҳолӣ асосан ба кишварзӣ машғул буда дар ноҳия як корхонаи коркарди меваҷот бо номи «Зардолу» фаъолият менамояд, ки дар коркарди меваҳои хушку тар машғул мебошад ва дар як сол то 50 тон маҳсулот мебарорад.

Пахтакорӣ ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолият мебошад. Соҳаи тандурустӣ ҳам тараққӣ кардааст ва дар ноҳия як беморхонави нав сохта бо таҷҳизоти ҳозиразамонаш ба хизматрасонӣ андохта шудааст.

Тамос бо сохторхои асосии давлати:  

Маъмурияти нохич- 8_3453 22424
Прокуратура -8_3453 21073
Суд 8_3453 22301
Комиссариати харби – 8_3453 22260
Милисия – 8_3453 22956
Сохторнишон 8_3453 22040
Беморхона 8_3453
Пучта – 8_3453 21272
Амонатбонк (Сбербанк)  – 630-64-40
Агроинввестбонк 8_3453 223 50, 22114, 21350,

Нишондиҳандаҳои асосии ноҳия Ашт

Ном ба руссӣ Ноҳияи Ашт
Ном ба тоҷикӣ Ашт
Сардори ноҳия Раис
Кишвар Тоҷикистон
Мақом Ноҳияи маъмурӣ
Дохил аст Вилояти Суғд
Иборат аз 1 шаҳрак ва 9 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Шайдон
Санаи ташкил 29 сентябри 1926
Забонҳои расмӣ Тоҷикӣ
Аҳолӣ 155 000
Миллатҳо Тоҷикон ва узбекон
Конфессияҳо Мусулмонҳои сунимазҳаб
масоҳат 2,8 ҳаз. км²
Миёнбанди соатӣ UTC+5
Аббревиатура TR
Код ISO 3166-2 TJ.SO.AS
Координатҳо 40°38′15″ с. ш. 70°29′14″ в. д
Этнохроним Аштӣ
Баланди аз сатҳи баҳр 450 – 1700
Индекси пучта 735790
Интернет-домен .tj
Код автомобильных номеров 02 ҶТ
Коли телеыон (+992) 3453
Заминҳо ҳамагӣ (га) 279 001
Заминҳои обёрӣшаванда (га) 36 350
Заминҳои лалмӣ (га) 242 651
Заминҳои киштшаванда (га) 13 326
Боғот (га) 12 837
Ангурзор  (га) 1 421
Тутзор (га) 320
Дашт (га) 25
Цитрусиҳо  (га) 17
Заминҳои ниҳолӣ (га) 0,2
Партовӣ  (га) 3 123
Чарогоҳ (га) 135 037
Биноҳо 2 108
Хоҷагиҳои деҳқонӣ 744
Сомонаи расмӣ www.asht.tj

Комментарии