Артуч – макони беҳтарини сайёҳии Тоҷикистон

Ба диққати ҳамватони азиз ва ҳаводорони табиати нотакрор, ҳавои тоза, кӯҳҳои сар ба фалак кашида мерасонем, ки Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии “Артуч” дар соли 2020 дарҳои худро ба меҳмонон боз намудааст. Дар пойгоҳ ҳамаи шароитҳо баҳри буду бошт ва хуш гузаронидани вақт фароҳам оварда шудааст. Пойгоҳ аз шаҳри Душанбе дар масофаи 250 км. ҷойгир шудааст.
Артуч зона отдыха
Хоҳишмандон метавонанд бо истифода аз хатсайрҳои сайёҳии пойгоҳ ё ин ки мустақилона бо нақлиёти шахсии худ ба инҷо ташриф оваранд. Пойгоҳи Артуч дар доманакӯҳҳои Фони дараи Уреҷ дар баландии 2200м. ҷойгир шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво +25 дараҷаро ташкил медиҳад ва дар бегоҳирӯзӣ ҳарорат аз 15 то 20 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар пойгоҳ барои меҳмонон 3 намуд ҳуҷраҳои ҷойгиршавӣ пешниҳод карда мешавад.
artuch-zona-otdixa (4)Дар хонаҳои алоҳида (котежҳо), дар бинои асосӣ ва дар бинои тобистона. Ошхонаи пойгоҳ ҳамарӯза бо хӯрокҳои миллии тоҷики дар хизмати меҳмонон мебошад. Инчунин хоҳишмандон метавонанд аз дигар хизматрасониҳо истифода баранд. Ба монанди: Ҳаммом, иҷораи таҷҳизоти кӯҳгардӣ (хаймаҳо, бистари хоб), машқҳои харсаворӣ, роҳбалад, нақлиёти мусофиркаш ва дучархаронӣ истифода кунанд.
artuch-zona-otdixa (1)

artuch-zona-otdixa (2)

artuch-zona-otdixa (3)

artuch-zona-otdixa (6)

Пойгоҳи Артуч бо макони ҷойгиршавии муфид барои истироҳаткунандагон имконият медиҳад то онҳо ба кӯҳгардӣ машғул шуда, тамрини бадан кунанд. Аз пойгоҳ то кули Ҷуқурак 40 дақиқа роҳ аст ва Кӯли калон дар масофаи 7 км. мебошад, ки  3-4 соат роҳ аст.

Мо Шуморо интизорем! Марҳамат ба табиати биҳиштосо!
 + 992 928886888  (whatsapp/viber)
 Телефон + 992 927307939

Комментарии