Ариза – намунаи навиштани он!

Ариза чист? – Ариза ин ҳуҷати расмӣ мебошад, ки барои муроҷиат намудан ба нафаре ё ташкилоте лозим аст. Аризаро асосан аз даст тариқи ручкаи – ҳомии шарикӣ ки ранги кабут дорад бояд навишт.

Аризаро ба забони руссӣ «Заявление» меноманд ва нисбати навиштани он тибқи қонун ягон стандарт – таабот муқаррар карда нашудааст.  Лекин ғайри расман талаб карда мешавад, ки аризаро ҳатман тариқи даст навишта шавад ва набояд он чоппӣ – компютерӣ бошад. Ин талаботӣ тариқи дастӣ навиштани ариза ананаи куҳна мебошад ва дар Тоҷикистон ин амалӣ муқаррарӣ ва ҳатмӣ мебошад.

Дар давлатҳои тараққикарда аризаро тариқи садо (аудо-овоз), видео, электронӣ қабул мешавад ва мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ариза худ маънои «арз» яъне муроҷиатро дорад. Дар ҳар як корхона муроҷиати аризаҳо муҳлати муаяни баррасӣ дорад ва ин вобаста ба ваколату сиёсати ҳамон корхона аст. Масалан дар сафоратхонаҳо аризаҳои шаҳрвандон то 1 ва аз ин ҳам зиёд мавриди баррасӣ мешавад, вале дар ташкилотҳои тиҷоратӣ аризаҳо хусусияти баррасии фавриро доранд, аз он сабаб ки баррасии бармаҳал фоидаихос меорад.

ариза

Мутобиқи қонунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабули шаҳрвандон бояд аризаҳои шаҳрвандон ҳатман маридӣ баррасӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба амал бароварда шавад ва ҷавоби расми ба аризадиҳандаҳо дода шавад. Дар ҳолатӣ бе ҷавоб мондани аризаҳо нисбати роҳбарони муассисаҳо ҷазоҳои вазнин муқаррар карда мешавад.

Ариза чи хел навишта мешавад: Аризаҳо бештар вақт ба ҷамъияти имруза ба кор даромадан, дохил шудан ба донишгоҳҳо, аз кор рафтан, харидани хона, гирифтани қарз, мондани амонат, кушодани суратҳисоб ва ғайраҳо лозиманд.  Аризаҳо дар ҳар як кишвар мутобиқи қонунгузории давлат бояд ба забони давлатӣ навишта шаванд ва дар Тоҷикистон аризаҳо ба забони тоҷикӣ (точики) бояд навишта шаванд.

Ариза бояд фаҳмо ва мазмуни муроҷиатро баръало тафсир намояд. Яъне барои чи муроҷиат карда мешавад, ва хуб мешуд, ки ба саволҳои: «Аз кай», «Чи қадар», «Барои чи ё ки», «Чаро – яъне сабаб», «То кай», «Суроғаи зист», «Рақамҳои телефон» ҷавоб навишта шуда бошад.

Намунаи матни аризаҳо:

Аризаи барои ба кор даромадан

 

Ба номи Директори ҶСК «Қолинҳои Тоҷикистон»

Муҳтарам Алибоев Кароматулло

Аз номи шаҳрванд: Шарипов Исматулло

Истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кучаи  Неъмат Қарабоев, 54. Ҳуҷраи 47.

Телефон: 918-445-878

 

АРИЗА

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки маро ба вазифаи инженер технологи ҶСК «Қолинҳои Тоҷикистон» ба муҳлати 2 сол ба кор қабул намоед. Ман ваъда медиҳам ки уҳдадориҳои худро дар сатҳи баланд иҷро карда саҳми босазои худро дар фаъолияти корхона гузорам. Соҳиби тахассуси дахлдор ҳастам ва вобаста ба он ҳуҷҷатҳои дахлдорро бо ҳамроҳи аризаи мазкур пешниҳод менамоям.

Бо эҳтиром,

Шарипов Исматулло

Сана: 10.02.2018      ___________ имзо

 

 

Аризаи барои дохил шудан ба донишгоҳ

 

Ба Ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон

Муҳтарам Шеров Самад

Аз номи шаҳрванд: Олимов Одил

Истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, кучаи  Лолаи Сурх, 21. Ҳуҷраи 14.

Телефон: 93-444-333

 

АРИЗА

 

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки маро аз сабабӣ бемории саратон муолиҷа карданам аз санаи 01.01.2018 то 05.02.2018 ба инобат гирифта масъалаи давом додани хониши худ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро иҷозат диҳед.

 

 

Бо эҳтиром,

Одил Шарифзода

Сана: 10.03.2018      ___________ имзо

 

  

 

 

Комментарии