Аквапарки Делфин – Обози дар Душанбе

Аквапарки тобистона, ки номи Делфин-ро сохиб аст, мохи июли соли 2012 дар Душанбешахр кушода шудааст ва он якумин аквапаркест дар Точикистон фаъолияткунанда мебошад. Ин макони обозиву дилхуши бо чунин сатхи баланд ва аз хама бехтарин чоии шиноварию истирохатии тобистона дар кишвар махсуб меёбад.

akvapark-dushanbe-2015

Аквапарк Душанбе-Таджикистан

НАРХ

Барои ворид шудан ба аквапарки Делфин дар даромадгохи он хазина хаст, ки ба мизочон билет мефурушанд. Арзиши билетхо барои ворид шуда хизматрасониро кабул кардан аз 50 сомони то 100-150 сомони мебошад ва ин хам бошад вобаста аст аз соатхои воридшави ва рузхои хафта. Барои кудакони кадашон то 1 метр буда бепул аст. Рузхои истирохати (шанбе ва якшанбе) одатан нарх каме назар ба рузхои кори баландтар аст. Инчунин аз соати 17:00 то 20:00 нархояш каме поёнтар аст. Вакти кориашон аз 10:00 то 20:00 хамаруза аст.

Ба назар гирифт, ки билетхои мефурухта барои 3-соати дамгири таалук дорад ва касе, ки ин меъёрро ваирон мекунад аз хар як дакикаи барзиёди меъёри 0,5 сомони иловапардохт ё худ чарима месупорад. Одатан барои дар аквапарк хузур доштан 3 соат кифоя аст, чунки ин муддат обози ба дили кас мезанад ва афгор мекунад ва он чо пур аз одам асту овози мардуми сершумор. Хамчунин дар зери нурхои офтоби зиёд гаштан низ зарар дорад. Маълумоти муфасаллро бо телефон гирифтан мукин ки онхоро дар поён сабт шудаанд.

Умуман дар Точикистон аквапаркхо дар шахри Душанбе 2-адад, дар шахри Хучанд 1-адад ва шахраки Бохтар 1 адад вучуд дорад, ки дар онхо низ шахрвандон маили рафтан доранд.

Маълумоти техники:

Дар худуди аквапарки Делфин, ки онро мардуми Олмон сохтаанд иборат аз 5 хавзи шиновари хаст, ки яке аз онхо бо чукурии 40 см барои кудакон, дигаре бо чукурии 80 см барои наврасон ва нихоят бо чукурии 1,5 метр барои калонсолон вучуд дорад. Бокимонда хавзхои барои атраксионхои дунгак, яъне аз баланди ба об паридану чахидан махсусгардонидашуда мебошад.

Обози дар хавзхои замонавии Душанбе

Обози

Дети Таджикистана

Кудакон

Теппачахои пласмаси барои кудакон ғечида фаромадан ва тепачахои охани барои фаромадан аз баланди ба хавзхои оби барои калонсолон вучуд доранд ки алакаи зиёда аз 5 сол фаъолияти бехатару хубро барои мардум пешниход мекунанд. Ин маконро харруза атрофи 200-400 шахс барои дамгири зиёрат мекунанд, ки бархеи онро чавонон мебошанд.

Барои мардум рузхои духтарона низ чудо карда шудаанд ва духтарону занон дар ин рузхо метавонанд бевосита танхо худашон аз ин макон истифода баранд. Ин руз хар замон хар хел аст. Масалан солхои пеш рузи занона рузи Душанбе буд вале солхои охир он ба рузи «Чумъа» гузаронида шуд.

Инчунин дар худуди аквапарки Делфин чоихои хурокхури (Бар) хаст, ки ба мардум фуруши яхмос, нушокихои хунуку ғаири спирти, ширинихо ва ғаирахоро пешниход менамоянд, ки нархашон то андозае аз нархи бозор баланд аст. Барои дустдорони интернет инчунин Wi-Fi тарики роигон, ташкил карда шудааст.

Ногуфта намонад, ки барои дохил шудан  ба аквапарк бояд либоси шиновари дошт, ки дар холати надошатан дар дохили ин ташкилот низ фурухта мешаванд ва арзишашон атрофи 20-30 сомони вобаста ба чисми муштари аст. Ба хар хол дар худуди парк шахсони масъули назорат – инструктурхо ва духтурон дар холатхои садамави барои расонидани ёрии авалиндарача хузур ва омода хастанд.

Як катор коидахо барои бехатари ва бехтар гузаронидани дамгири дар аквапарки Делфин мавчуданд, ки номгуи онхо ба 3-забон (точики, русси ва англиси) дар даромадгохи он навишта овехта шудаанд. Чумлаи ин коидахо дар поён номбар шудаанд.

Pretty Tajik

Pretty Tajik

Pretty Tajik

Теппачахо

 

СУРОҒА

Боғи обии «Делфин» вокеъ дар нохияи Синои шахри Душанбе, махалаи 101, дар пахлуи тарабхонаи Канд, ё худ чанубтар аз таваллудхонаи №103 мебошад.

Тамос:

  • кучаи Богоутдинова 7/2
  • шахри Душанбе
  • Телефон: (48) 702 00 20
  • Сомона: delfin.tj

Коиддхои всосии АКВАПАРКИ «ДЕЛФИН»

Дар худуди Аквапарк гаштугзори ашхоси зерин манъ мебошад:

  • Шахсони дар холати масти ва мадхуши карордошта.
  • Шахсони маили зуровари ва мочароцуи дошта.
  • Шахсоне, ки чарохатхои кушода доранд.
  • Шахсони гирифтори беморикои сирояти, пуст ва дигар беморихо.
  • Шахсони бе либоси шиновари.
  • Шахсони бо поиафэоли кучагч.

Delfin aqwapark dushanbe

ИЧОЗАТ ДОДА НАМЕШАВАД:

  • Ба Аквапарк овардани маводи хурока ва нушоки.
  • Овардани хаивонхои хонаги.
  • Танхо шахсоне, ки дорои дастбанди электрони мебошанд, хукуки ворид шуданро доранд.
  • Дастбанди электрони чиптаи воридшави ва истифодаи хизматрасонихои аквапарк ва чевончаи инфироди мебошад.
  • Дастбанди электрони моли шахсии аквапарк мебошад.
  • Бо гирифтани дастбанди электрони, мизоч барои риоя намудани коида ва шархои аквапарк ризогии худро медикад.
  • Баъди гирифтани дастбанди электрони, мизоч барои риоя намудани коида ва шартхои аквапарк ва конунхои амалкунандаи Ташкилот чавобгар мебошад
  • Аз меъёри пардохтшуда зиёд истифода намудани вакт, мизоч дар вакти баромадан аз аквапарк барои вакти иловаги мувофики нархнома музди иловаги пардохт менамояд.
  • Мизоч барои амнияти дастбанди электрони чавобгар мебошад.
  • Дар холати гум намудани дастбанди электрони мизоч ба маблаги 50 сомони чарима пардохт менамояд.
  • Пардохти вакт аз лахзаи гирифтан ва супоридани чиптаи эектрони мувофики нархи мукарраргардида дар хазина пардохт гардида, барои як бор даромаду баромад эътибор дорад
  • Дар холати кам истифода бурдани вакти пардохтгардида, маблағ бар гардонида намешавад.
  • Дар холати рух додани холатхои ғаиричашмдошти техники дар атс аксарон аснои боздид, паст намудани нарх дар назар дошта нашудааст.
  • Аквапарк хизматрасониро дар асоси речаи кабулгардида пешникод менамояд.
  • Мизочоне, ки дар Аквапарк ба коидаваиронуни рох медиханд, мувофики конунхои амалкунандаи ташкилот ба чавобгарии модди, маъмури ва чинои кашида мешаванд.

aqvapark-delfin-qoida

Коидахои умумии истифодаи хизматрасонихои Аквапарк.

  1. Дар худуди аквапарк занон ва мардон Бояд бо либосхои шиновари буда, кудакони то 2 сола памперсхои махсус дошта бошанд.
  2. Истифодаи атраксионхо бо либосхои шиноварие, ки тасмахо ва дигар намуди ороишотхои металли доранд.
  3. Бо худ доштани ороишоти заргари, гyшвора ва ғаира манъ мебошад.
  4. Мизочон Бояд ба хамдигар бо хисси эхтиром муносибат намуда, истирохати дигар мизочонро халалдор нанамоянд.
  5. Дар холати рабудан ё зарар ворид намудан ба моликияти мизоч, зуд ба кормандони аквапарк хабар додан лозим мебошад.
  6. Кормандони аквапарк бояд санади лозима тартиб диханд.
  7. Бо максади таъмин намудани бехатарии чамъияти, мизочон бояд ба хадамоти бехатарии аквапарк чизу чораи шахсии худро барои тафтиш пешниход намоянд.
  8. Барои хисоби намудан дар кахвахонаи Аквапарк мизочон бояд дар дастбанди электронии худ пешпардохт намуда, хини баромадан аз аквапарк аз хазина бакияи худро гиранд.
  9. Дар холати зиёд будани кор Маъмурияти аквапарк метавонад дохилшавии мизочонро боз дорад.
  10. Фуруши чиптахои воридшави бо салохияти Маъмурият метавонад манъ шавад.
  11. Мизочон бояд тамоми хохишу талаби инструкторхо ва дигар кормандони Аквапаркро оиди таъмини бехатари, тозаги ва интизом дар худуди Аквапарк ичро намоянд.

Коидахо аз Аквапарк дидан намудни ноболиғон.

  • Як нафар калонсол хаметавонад зиёда аз ду нафар кудаки кадашон то 120 сантиметрро хамрохи намояд.
  • Дар худуди аквапарк кудакони то 16 сола бояд тахти назорати калонсолоне, ки бо онхо чавобгаранд хамрохи намоянд
  • Шахси ба кудак чавобгар, ташрифи кудаконро дар худуди аквапарк бо доштаги либохои начотдихи ва асбобхои дамондашуда таъмин намуда, барои риоя нанамудани коидахо чавобгар мебошад.
  • Нархномаи «Кудакон» аз руи баландии кад то 140 см муаиян карда мешавад.

Тарзи истифодаи чои либоспуши ва шустушуи.

  1. Баъди аз хазина гузаштан мизоч ба чои либоскашии умуми, ки чевонхои либосивазкуни дорад, ворид мешавад.
  2. Чевон бо рохи ryзоштани дастбанди электрони ба кулф ё кушода мешавад.
  3. Бояд либосхоро иваз намуда, чизхои шахсиро ба чевон чои намуда аз махкам буданаш бовари хосил намоед.
  4. Дар холати гум намудани дастбанди электрони чевонро Маъмурият мекушояд.
  5. Пеш аз ба худуди аквапарк дохил шудан мизоч бояд шустушуи намояд.
  6. Бо максади пешгирии латхури ва шишабури, набояд аз зарфчахои шишагин истифода шавад.

Тарзи рафтор дар дар атраксионхои оби ва хавзи Аквапарк.

Ташрифи ашхоси зерин 6а атраксионхои Аквапрк МАНЪ МЕБОШАД:

  1. Гирифторони беморикои дилу раг.
  2. Гирифторони беморикои рухи.
  3. Гирифторони беморихои сутунмухра ва устухону мушакхо.
  4. Занони хомила.

МАНЪ АСТ:

  1. Чахидан ва ғута задан ба об аз пахлудевор.
  2. Дар зери об нигох доштани якдигар.
  3. Дод задан, истифодаи усулхои акробати.
  4. Нигох доштани нафас дар зери об.
  5. Тез рох рафтан ва давидан дар худуди аквапарк.
  6. Аз шарашарахо фуромадан ва истифодаи хавзхо ба мизочоне, ки малакаи шиновари надоранд.
  7. Бо шикам, сар ба пеш ё росто аз шаршарако поин шудан.
  8. Дидаю дониста тағиир додани самти харакат, дар холати дар дохили шаршара будан, алвонч додани туби дамкардашуда, сар додани дастаи туб ва ғаира.
  9. Истифодаи атраксион бо либоси болои, почахои дароз, либосхои шиновари бо тасмахо ва дигар ороишоти металли.
  10. Ворид шудан ба апраксион бо соат, дастбанд, гyшвора ва халкахо
  11. Лағжидан аз шаршараи беоб.
  12. Поин шудан аз шаршара ба шахсоне, ки дар зери таъсири дорухои пасткунандаи вокуниш (реаксия) карор доранд.
  13. Якбора поин шудани ду ва ё зиёда нафар аз шаршара.
  14. Дар холати риоя нанамудан ва ваирон намудани коидахои зикршуда аз тарафи кудакон, калаонсолоне, ки онхоро хамрохи менамоянд, пурра чавобгар мебошанд.
  15. Пеш аз истифода намудани атраксионхои оби мизоч бояд бо коидахои бехатари шинос гардад.
  16. Мизочон шаршараи обиро бо хохиши худ ва тарсу таваккали худ истифода менамоянд.
  17. бо паидо шудани савол мизочон ба Маъмурият мурочиат менамоянд.
  18. Тарзи гузаштан аз шаршарахои оби аз тарафи намояндаи аквапарк танзим карда мешавад.
  19. Мизочон Бояд тамоми хохишу талаби инструкторхо ва дигар кормандони Аквапаркро оиди таъмини бехатари, тозаги ва интизом дар худуди аквапарк ичро намоянд.
  20. Фуромадан аз шаршараи оби бо хохиши худи мизоч дар асоси талаботхои бехатари сурат мегирад.
  21. Махдудият аз руи вазн ва кад сурат мегирад:
    1. Мизочоне, ки вазнашон аз 120 кг зиёд мебошад ба шаршарахои оби рухсат дода намешаванд.
    2. Кудакони кадашон аз 120 см пастар ба шаршарахои оби, ғаир аз кудакона рох дода намешаванд.
    3. Кудакони кадашон аз 140 см паспар ба атраксионхои мушкил рухсат дода намешаванд.
    4. Дар холати риоя нанамудан ва ваирон намудани коидахои кабулшуда аз тарафи кудакон, калаонсолоне, ки онхоро хамрохи менамоянд, пурра чавобгар мебошанд.

Ба Шумо истирохати хуб ва таасуроти гуворо орзумандем!  Делфини Шумо!

Комментарии