Ангур

Ангур – ин як намуди меваи қадимии мардуми тоҷик мебошад ва ба оилаи ангуриҳо дохил мешавад. Дар ҷахон зиёда аз 75 намуди ангур маълум аст. Дар Тоҷикистон заминҳое ки боғи ангур (токзор) шуааст зиёда аз 29 ҳазор гектар заминро ташкил менамояд ва ба ҳисоби миёна аз он 0,5 млн. тонн. Ҳосил дар як сол руёнида мешавад. Ангур меваи ширин буда дар таркибаш витаминҳои А1, В1, Д, ва Р-ро дошта андозаи қанднокиаш то 25%-ро ташкил менамояд (ба ҳисоби миёна 12%).

Президент бо богбонхои Турсунзода

Сурати ангурхои Точикистон (н. Турсунзода)

Ба кишоварзонӣ тоҷик зиёда аз 50 намуди ангур маълум аст ва аз ҳама намуди ангури хуб аз нуқтаи назари даромаднокӣ имрузҳо чунин номгуйҳоянд: Чилликӣ (Ҳусайнӣ), Кишмич, Тойфӣ, Зарифӣ, Регарӣ, ва чашмони Буққа (гузал-қора).

Бо назардошти мутобиқтии ангур танҳо ба табиати хоса дар 45-ноҳияи Тоҷикистон ангурро мепарваранд – аниқтараш токро. Умуман гуфт ки ангур ин ҳосил (меъва)-и ток мебошад вале дар урфият бештар онро ангур мегуянд. Бинобар ин «Ток» ин дарахти ангур аст. Ноҳияиҳои пешқадам дар парвариши ток – ангур асоан, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Истаравшан, Данғара ва Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар онҳо ҳазорҳо гектар замин токзор карда шудаанд.

Намудхои ангур дар кутти

Намудхои ангур дар кутти

Гарчанде дар Тоҷикистон дар як сол зиёда аз ним миллион тонна ангур ҳосил гирифта шавад, ҳам ин  ҳаҷми зиёд нест ва ҳаммаи он бомувафақият фурухта мешавад.  Ба ҳисоби миёна сари ҳар як шаҳрванди кишвар 50-60 кг. ангури истеҳсолшаванда рост меояд. Нисфи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба хориҷа ба кишварҳои асосан Руссия, Хитой, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон барои фуруш равона карда мешавад. Ққариб 3-и маҳсулот ба сифати меваи хушк (мавиз) омода карда мешавад.

Аз ҳама ангури пешпаз моҳи май дар ноҳияҳои Вилояти Хатлон руёнида мешавад ки номи Ҳисори пешпаз ва ё Зарифӣ ном доранд. Агури Ҳисори навпаз аз ҷониби олимони тоҷик дар асри нуздаҳ, ихтиро карда шудааст ва он бон нархи баланд (1 то 2 доллор ҳар як килояш) дар бозор фурухт мешавад, гарчанде ки таъму лаззати баланд надорад. Гарониаш аз сабаби кам будани рақобат мебошад ва бар иловаи ин дар кашондан тавасути транспорт зуд вайрон мешвад ва роҳи дарзро тоқат надорад. Шакли сурхчаи ин намуди ангур аз он сабаб аст, ки ба хурдани кифояи нури офтоб фурсат надорад ва барои ҳамин ҳамин шаклаш чандон зебо нест.

Видеои ток-ангур дар Точикистон

 

Баъди ангури Ҳисорак, дар моҳи июн ангури Зарифӣ пухтанро оғоз менамояд ва аз ҷиҳати тамъ, симо, ҳосилнокӣ ва пуртоқатӣ дар роҳ нисбатан беҳтар аст. Дар бозор санаҳои 10-15-уми июн дар бозори шаҳри  Душанбе пайдо шуда бон архи тақрибан 1$ фурухта мешвад. Баъзан вақт ба хориҷ ва хусусан ба Руссияву Хитой онро бо назардошти зудвайроншавиаш, тавасути ҳавопаймо содир менамоянд . Дар қатори Ҳисорак ангури зарифиро дар Тоҷикистон ҳамагӣ дар якчанд сад гектар қитаи замин мекоранду халос.

Ангури  Зарифи

Ангур “Зарифи”

Дар Тоҷикистон якбора пухтани давраи ҳосилнокии ангурҳо дар моҳи август ба шумор меравад ва маҳз дар ин замон таъмӣ анугрҳо ширинтарин, хушбуйтарину бомазатарин мешваду онҳоро хурдан мумкин ва ба сифати онҳо: Ҳусайнӣ, Чашмони буққа, Кишмич ва хусусан Ҷавз (аз ҳама ширинтарин)  ва ғайраҳо мебошанд.

Аз ҳама ангури охирине, ки ҳосилчинӣ карда мешавад, ин Тойфӣ мебошад ва онро дар ҳаҷми зиёд ба хориҷа бо нархи 0,1 до 0,5$. равон карда мешавад. Ин намуди ток-ангур аз ҳама пуртоқат ба беморӣ, дар роҳ, рақобати бозорӣ ва нигаҳдорӣ мебошад.

Бо сабаби пуртоқату сахт буданӣ Тойфӣ онро дар шароитӣ муқарарӣ дар дохили хона зимимтон дар ҳарорати аз -1 то +15 гарус селсия то 5-моҳ нигоҳ дошатн мумкин. Давраи ҳосилчинӣ аз сенябр то декабрро метавонад ташкил намояд.

Тойфи ангур

Тойфи (Ангур)

Дар замони шӯъравӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди меваҷот хело хуб фаъолият мекарданду аз ҳосили токзор, ҳаргуна нушокиҳо аз ҷумла май ва консерва тайёр карда ба давлатҳои иттиҳод равон карда мешуд. Лек имруз баъди барҳамхурии Итиҳоди шуравӣ ва барбод рафтани корҳои босуботи тамоми низоми иқтисодии кишвар зарурияти вайрон кардани заминҳои токзорбуда ба миён омада хело андозаи онҳо кам карда шуданд.

Бо сабаби аз соли 2014-инҷониб баъд шудани муносибати байни Руссияву давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Туркия таваҷуҳ аз ҷониби мардуми рус ба маҳсулотҳои мевагии  Осиёи миёна ва бахусус Тоҷикистону Узбекистон афзоиш ёфта истода талабот ба ангуру себ ва дигар меваҷот зиёд гашта истодааст. Лек ин барои қонеъ кардани ин талабот вақти зиёду сармояи зиёд лозим ва бахусус:

  1. Из-за того, что Таджикистан не является членом таможенного союза, ей предстоит платить НДС на ввозимые фрукты в Россию и в результате чего цена фруктов растёт и становится менее рентабельной;
  2. Барои хело зиёд кардани майдони токзор ва истеҳсоли меваҳои гуногун ва бештар таъмин кардани Руссия бо меваҷот зарурияти шинонидани ниҳолҳои нав мавҷут аст, ки он ҳам бошад баъди на кам аз 3-4 сол ба ҳосилдиҳи оғоз менамоянд.
  3. Бо сабабе буҳрони иқтисодие, ки аз соли 2014 инҷониб зиёда аз думаротиба таъсири манфӣ расонидааст кишвар ва мардум дигарбора қудрате надоранд ки ба кушодани заминҳои нав қуваву моликияти худро равона намоянд.
  4. Масалаи нақлиёт барои кашонидани бор ба Руссия дигар ҷабҳаи муаммо аст. Ҳоло барои кашонидани бор ба Руссия маблағи зиёде ташкил менамояд, ки ҳангоми онро ба арзиши меваи содиршаванда зам кардан нархи маҳсулот дар кишварҳои хориҷ ба рақобат тоб оварда наметавонанд ва ҳатто бозарар мешаванд.
  5. Бинобар сабабе, ки Тоҷикистон аъзои иттиҳодияи гумрукӣ нест ба вай зарур аст, ки ҳангоми борҳоро ба Руссия ворид кардан боҷ диҳад ва ин ҳам сабаби гарон шудани нархи маҳсулот мешаваду ба фуруш рафтани он зери шубҳа мегардад.

Агарчи заминҳои нави лалмӣ ба токзору боғзор мубадал шаванд, ҳам оянда номаълум аст, ки шароит дар Руссия дигар шуда дигарбора зарурият ба меваи зиёди Тоҷикистон мешуда бошад ё на. Ин метавонад ҷунбиши шадиди манфӣ гардаду шаҳсоне, ки сармояи худро ба ин самт равона кардаанд зарар бинанд.

Пеш кишоварзон дар муҳофизат кардани растаниҳои худ душворӣ мекашидан вале имрузҳо доруҳои гунонун ҳастанду сифати онро касе назорат ва роҳбарӣ наменамояд. Маълумоти муфассал оиди ангур дар сахифи http://life.ansor.info/vinograd_tajikistan/ мавчуд аст.

Ангури Чашмони Букка

Ангури Чашмони Букка

Нархи ангур

Нархи ангур

Майдонҳои ангур дар Тоҷикистон

Ноҳия Токзор (га)
Истаравшан 3 470
Б. Ғафауров 3 126
Ҳисор 3 110
Данғара 2 032
Турсунзаода 1 789
Панҷакент 1 589
Ваҳдат 1 458
Ашт 1 421
Ёвон 961
Хуросон 958
Шаҳринав 840
Ғончӣ 761
Муъминабад 630
Душанбе 528
Рӯдакӣ 511
Восеъ 492
Мастчоҳи кӯҳӣ 489
Шаҳритуз 478
Вахш 410
А. Ҷомӣ 387
Бохтар 380
Қубодиён 377
Файзабод 368
Варзоб 361
Темурмалик 328
Исфара 303
Шурообад 143
Ҳамадонӣ 141
Қумсангир 131
Норак 121
Зафаробод 102
Ховалинг 85
Конибодом 70
Ҷаббор Расулов 55
Румӣ 44
Н. Хусрав 41
Балҷувон 38
Спитамен 30
Панҷ 23
Шаҳристон 22
Фархор 14
Ҷиликул 9
Кулоб 3
Рашт 3
Нурабод 2
Хоруғ 1
Ҳамагӣ 28 635

 

Комментарии