Анди – сарояндаи эрони

Сурати Анди

Сурати Анди

Андӣ (анг. Andy Madadian) ин тахаллуси сарояндаи машҳур аз Эрон аст, ки 22-юми апрели соли 1958 дар шаҳри Теҳрон дар оилаи муҳандис (роҳсоз) таваллуд шудааст. Андӣ на танҳо дар Эрон, балки дар Афғонистон, Арманистон, Туркия, Тоҷикистон, Русия, Амрико, Ҳиндустон, кишварҳои Араб ва дигар кишварҳои шарқи наздик инчунин Аврупо ситораи нотакрор маҳсуб мегардад.

Номи аслии пурраи сароянда «Андраник Мададиан» мебошад. Калимаи Мададиан, онро ифода менамояд, ки ў аз Мададиан (Majidieh) аст  — шаҳраке, ки ӯ дар он ҷо ба воя расидааст.  Шӯҳрати Анди дар баробари чунин сарояндагони эронӣ ба мисли Мансур, Ораш, Муин ва Лайло мебошад.

Анди на танҳо сароянда, балки мутриби бузургест ва асарҳои ӯ дар сабки рок ва поп машҳуранд. Дар ҷавонӣ сароянда гиторнавозӣ меомухт ва гитор менавохт, устоди ӯ Армик буд (гиторнавози дар ҷаҳон машҳури  фламенко /оҳангсоз).

Анди дар чавони 1979

Анди дар чавони 1979

Шарҳи ҳол: Соли 1979 вақте дар Эрон инқилоб буд, оилаи Анди иборат аз 6 фарзанд ба ИМА барои зисти доимӣ рафтанд ва ў таҳсили худро дар соҳаи мусиқӣ идома дод. Маҳз фарҳанги мардуми форсро омўхта ва бо фарҳанги амрикоӣ тавъам намудан  Андиро муваффақ намуд, ки дили ҷавонони муосирро тасхир намояд, ки ташнаи сабкҳои нави мусиқӣ буданд.

Анди аввалин сурудашро бо мусиқии худ дар 14-солагӣ сароид ва дар 30-солагӣ аллакай дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид. Андиро суруди «Духтари ирунӣ» машҳур гардонид. Соли 1978 сароянда аввалин компакт-диски мусиқии худро пешкаши мухлисон намуд.

 

Дар солҳои 1985 — 1992  Анди бо дўсти худ гиторнавоз Курус баромад мекард ва онҳо номи «Анди ва Курус» доштанд. Беҳтарин бадеҳаи сароидаи онҳо, ки ҳарду ҳам форс мебошанд,  суруди «Эй духтари саҳро Нилуфар» аст, ки «Духтаре дар саҳро бо номи Нилуфар» маънидод мегардад.

 

Анди дар таърихи 11.11.2011 ба духтаре аз иёлоти  Арканзас (ИМА) бо исми Шани Ригсбӣ издивоҷ намуд ва онҳо дар Лос Анҷелес зиндагӣ менамоянд. Анди ва Шанӣ беш аз 18 сол дўст буданд ва якдигарро дар корҳо ва дар ниёзҳои ҳаётиву касбӣ дастгирӣ намудаанд.

Анди чун дар ҷавонӣ то ҳол саршори муҳаббат аст ва сурдҳояшро танҳо дар мавзӯъҳои ишқ самимона ва ошиқона месарояд. Ҳамин тариқ шӯҳрати Андӣ дар солҳои 1985-1995 дар авҷ буд ва якчанд миллион нафар мухлис ва беш аз сад миллион нафар шунаванда дорад. Сафарҳои ҳунарии Анди дар Эрон, Туркия, Дубай, Тоҷикистон, Франсия, Англия, Арманистон ва бисёр дигар кишварњои ҷаҳон баргузор гардидаанд.

Расм-сурати Анди Мададиян

Бо занаш (Анди ва Шани)

Бо занаш (Анди ва Шани)

Андию Курус

Андию Курус

Давраи мактаби

Давраи мактаби

Дустони Сароянда Саттор, Мансур, Анди

Дустони Сароянда

Альбомы Анди:

  • 1992: Беқарор
  • 1994: Лайли (бо овозхонҳои гуногун)
  • 1995: Танҳои
  • 1996: Devoted
  • 1998: Роҳи абрешим
  • 1998: Қаҳрамонони Ватан
  • 1999: Nune(Single)
  • 2000: And My Heart…
  • 2001: Ёрон (бо Пирӯз & Paksima & …)
  • 2002: Халвати ман
  • 2003: Orere Seero
  • 2004: Platinum
  • 2006: City Of Angels
  • 2007: Театр Кодак Концерт

Видео клипхо, музика и MP3 тарона

Тамос:

Комментарии