Амонат ё пасандоз чист?

Амонат (ба русси Депозитин маблағи пулӣ ё дигар намуди дороие, ки асосан дар бонк бо мақсади нигаҳдорӣ, гирифтани фоида ва ё дигар сабабҳо аз ҷониби шахсони воқеъию ҳуқуқӣ бо муҳлати муаян ё номуайян, гузошташаванда мебошад.  Ба сифати амонат метавонанд дороиҳои зерин баромад намоянд:

  • Пул (сомонӣ, доллар, танга ва ё дигар арзҳо);
  • Тилло.
  • Сангҳои қимматбаҳо.
  • Қоғазҳои қимматнок.
  • Дигар дороиҳо.

amonat_pul_dolarХусусияти хуби амонат дар он аст, ки барои азнавтақсимкунии дороиҳои ҷамъиятӣ аз сари нав замина гузорад. Масалан бойи пир пули худро дар бонк ба сифати амонат мегузорад ва ҷавонон он маблағро чун қарз ба сифати рушди тиҷорату дигар самтҳои фаъолияти худ аз бонк истифода мебаранд ва бо ин роҳ тақсимоти арзишҳо таҷдид шуда сатҳи некуаҳволии мардум хубтар мешавад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №782 аз 26уми декабри соли 2011, мафҳуми  амонат бо чунин ибора тавсиф шудааст «амонат ин  маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд».

Дар замони қадим ва то ҳол байни мардуми оддӣ амонат гуфта ҳар чизе, ки мардум ба каси дигар то давраи муайн додашаванда ва баъдан баргашта мегирифтаро дар назар доранд. Масалан: муаллим барои баланд кардани саводи шогирди худ китоберо ба амонат медиҳад ва мувофиқа мешавад ки баъди вақти муайян (1-сол) китоб бо ҳолати хуб баргашта ба соҳибаш баргардонида шавад.

Дар замони имрӯза калимаи «Амонат» байни иқтисодчиён танҳо он дороиҳое, ки дар ташкилоти қарзӣ (Бонк масалан) гузошташаванда мебошад, дар назар доранд.

Намудҳои амонат:

  1. Амонати дархостшаванда;
  2. Амонати муҳлатнок;

Амонати дархостшаванда  – ин пул ё дигар дороие, ки бо муҳлати номуайян аз ҷониби корхона ё мардум ба ташкилоти қарзӣ гузошта мешавад, мебошад. Асосан аз рӯи амонати дархостшаванда суди (фоизи) паст ҳисоб карда мешавад ё умуман ҳисоб карда намешавад ва он аз сиёсати ҳар як давалату худи ташкилоти амонатро қабулкунанда вобаста мебошад.

Амонати муҳлатнок – ин он маблағи пулӣ ё дигар дороие, ки бо муҳлати муайян ва фоизи нисбатан баланд дар бонк ё дигар ташкилоти қарзӣ гузошта мешавад, номида мешавад.

Фоизи амонатҳоро худи шахси қабулкунанда метавонад муайян намояд вале дар баъзе ҳолатҳо он метавонад бо шартҳои шахси амонатдеҳ тағйир ёбад. Масалан агар кассе хело бой бошаду ба Бонк гуяд, ки ӯ розиаст танҳо бо 2 банди фоизӣ бештар суд (фоиз) назар ба фоизҳои муқараршудаи ҳисоб кардани маблағи амонатии ӯро дар ҳаҷми 5 млн. доллар ба муҳлати нисбатан дарозтар ба Бонк гузорад, пас Бонк агар бинад, ки чунин маблағ ба ӯ лозиму муфид аст пас ба чунин аҳд розӣ шуданаш имконпазир аст. Дар бонк фоизи амонатҳоро Раёсати Бонк ва ё Шӯрои Бонк метавонанд муайян намоянд.

Амонатро метавонад як бонк ба бонки дигар бонк ҳам диҳад ва онро амонати байнибонкӣ меноманд. Амонати байнибонкӣ хело арзон аст назар ба амонатҳои муҳлатноке аз шаҳрвандон гирифта мешавад.

Дар ҷаҳони имрӯза амонате, ки дар бонкҳо гузошта мешаванд, зери назорати Ҳукумат тавассути Бонки марказӣ ба роҳ андохта мешавад. Агар маблағи амонат дар бонкҳо зиёд шавад ин нишонаи хуб аст ва ин нишонаи бойтар шудани ҷамъият метавон буд ва аз дигар тараф ба Бонкҳо ин чиз имконият медиҳад, ки бештар аз ҳисоби амонат амалиётҳои молиявии худро анҷом диҳанд (аз ҷумлаи қарздиҳӣ) ва бо ин роҳ даромади бештарро соҳиб шаванд.

Бисёриҳо ибораи «амонат»-ро  бо ибораи «пасандоз» омехта менамоянд, ки ин андаке хатост.

Дар куҷо амонат ё пасандоз гузоштан муфидтар аст?

Амонатро ба кассе додан лозим, ки шартҳои амонатро хубтар иҷро карда метавонад! Яъне шарти аввал – ин амонати додаро баргардонад,

Шарти дувум ин ки дар муҳлати муқарраршудааш бе таъхир баргардонад ва савумаш он ки амонати додашударо бо суди мувофиқашудааш (фоизаш-фоидааш) баргардонад.

Дар ҷаҳон ҳар як Бонк ё нафаре амонатро бо фоизи гуногун қабул мекунад ва андозаи он аз 0 то 50%-зи солона ва аз ин ҳам бештар мебошад. Лек ҳарчиқадаре, ки фоиз баланд бошад ин маънои онро дорад, ки ҳамон қадар кишвари амонатро мегирифта иқтисодиёташ бесубот аст ва хавфи барнагаштани амонат зиёд аст.

Дар аврупо арзиши амонат дар як сол аз 1 то 3% мебошад вале дар руссия 5-7%- и солона ва дар Тоҷикистон бошад 10-15%-зи солона мебошад.

Нархи миёнаи амонатҳо дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон оварда шудааст. Бояд қайд кард, ки фоиз (суди амонатҳо) аз нуқтаи назари ислом раво нест ва онро рибо номидаанд. Лек дар ҷаҳони муосир амонатро мардум асосан барои гирифтани фоида (фоиз) мугузоранд ва агар фоида аз амонат набошад пас мардум пули худро дар бонк гузоштан ҳавасманд намешаванд ва ин боис мегардад, ки бойҳо пули худро истеъмол намоянду барои азнавтақсимкунии арзишҳо байни хоҷагиҳои ҳал саҳмгузор нашаванд.

Барои ба роҳ мондани раванди фаъолияти кори амонатӣ ҳар як ташкилоти қарзӣ – Бонк дастурамал ё низомномае таҳия ва ҷорӣ менаммояд вале ба ин ҳам нигоҳ накарда эҳтимолияти рӯй додани фиребгарӣ мавҷуд аст ва барои ҳамин ҳам тавсия карда мешавад, ки ба он ташкилот амонат гузошта шавад, ки бештар таърихи зиёди хуби корӣ, сармояи зиёди худӣ ва обрӯи баландӣ ҷамъиятӣ дошта бошад.

Лек ин ҳам кам аст. Чун ки чи тавре, ки таҷриба нишон медиҳад дар Тоҷикистон ба назорати Бонки миллии Тоҷикистон ҳам нигоҳ накарда фаъолияти Тоҷиксодиротбонк дар соли 2016 бад шуд ва он амонатҳои мардумро саривақт барнамегардонид, ки дар ниҳоят ҳазорҳо нафарон аз ин чиз зарар диданд.

Дигар чизи қобили тазаккур он аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои боз ҳам мустаҳакам кардани боварии мардум дар устувории ташкилотҳои қарзӣ (Бонку ғ.) якчанд чораҳо андешида шудаанд, аз ҷумла:

  1. Меъёри ҳатмӣ;
  2. Фонди суғурта пасандоз (амонат)

Меъёри ҳатмӣ гуфта ин он ҳиссаи маблағи амонатест, ки дар бонки миллӣ аз ҳисоби амонати ҷалбшуда нигоҳдоришаванда мебошад. Ин гунна маблағ вобаста аз сиёсати ҳар гуна давлат метавонад аз 0-то 20% ва ё зиёда аз он ҳам аз маблағи амонати ҷалбшудаи муҳлатнокро ташкил диҳад. Ингуна маблағ дар Бонки марказӣ бо мақсади дар ҳолатҳои ногувор шудани бонкӣ тиҷоратие, ки амонатро ҷалб кардааст пешбинӣ шудааст. Инчунин ингуна маблағ ба дигар мақсадҳо аз ҷумла  дастгирии пардохтпазирии бонки тиҷоратӣ низ аз тарафи БМТ дода мешавад.

Фонди суғуртаи пасандозҳо – бошад ин ташкилоти алоҳидаест, ки барои қисман баргардонидани амонатҳои муҳлатнокӣ (пасандоз) ӯҳдадории қонунӣ дорад.

ПАСАНДОЗ

Пасандоз гуфта ин маблағи пулие, ки бо муҳлате дар ташкилоти қарзӣ (бонк) бо фоизи муаян гузошташаванда мебошад.  Бинед, ки ба сифати пасандоз дигар намудҳои дороӣ аз ҷумла тилло, қоғазҳои қимматнок ва ғайраҳо баромад намекунанд.

Комментарии