Акика чист ?

Акика – ин маросими ё худ расму русуми курбони кардани хайвон ва муисаргири баъди таваллуди кудак аз чониби мусулмонон мебошад. Аммо муисаргири кардани кудак бо чорабинии курбоникунии чорво (акикакуни) дар як замон мувофик омаданаш шарт нест.  Лек дар як замон акика кардан бо муисаргири намудан авлотар шуморида мешавад.

Кайд кард, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон гузаронидани чорабинии акика манъ карда шудааст ва ба ин муносибат додани хурок ба мардум ва туй кардан дигар ичозат нест.

Таърих ва асоси гузаронидани Акика

Мутобики хулосаи 3 имомохои мазхабхои калонтарини дунё аз чумла Шафии, Малики ва Ахмади чорабинии акика суннат (суннати муакада) ба хисоб меравад. Яъне ин суннатест, ки ичроишаш авлотар аст.  Дар мазхаби Абу-Ханифа (Эмоми Аъзам) курбони кардани чорво-парранда амали мубох шуморида мешавад («Ал-Фикху ал-исломию ва идиллатуху», Чилди  4, сахифаи 2745).

Асосхои шариати оид ба ичозати гузаронидани акика  

Асос ва ичозат барои гузаронидани акика  дар хадиси Паёмбар Мухаммад (салалоху алайхи васаллам) омадааст,  ки у гуфтааст: «Барои таваллуди фарзанди нав курбони кунед!» (Ал Бухори).

Худи Паёмбари Аллох (Мухаммад С.А.В) бинобар сабаби таваллуд шудани Хасан ва Хусен яктоги гусфандро курбони-акика кардааст.  Баъдан сахобахо низ бинобар сабаби тавалллуд шудани фарзандонашон акика – курбони кардаанд.

ОкилӢ аз курбонӢ-акика кардан                            

Хирадмандии акикакуни дар он тачассум мегардад, ки ин чорабини як катор манфиатхоро дар худ дорост:                                                

  1. Ин шукргузори кардан ба Худо ки у фарзанд такдим кардааст ва ба таваллуди осону бехавфи кудак ёри расонидааст. Инчунин барои онки Аллох баракатро зиёда кардааст.
  2. Ин – эълон ба одамон, ки дар оилаи мазкур таваллуди кудак шудааст ва одамон биноданд ки ин кудак ба кадом оила (авлод), дахл дорад;
  3. Ин ба инсон тарбияи саховатмандиро дода аз бахили дур мекунад ва хамчунин дилу ботинро аз ифлоси тоза мекунад. Дар бораи он, ки шахсони саховатманду тоза нафарони хубахт мешаванд дар китоби Куръон гуфта шудааст;
  4. Ин амалест, ки аъзоёни оилаву авлод ва камбагалонро ба сари дастархон чамъ карда ба онхо хурок дода шуда, хурсанди пайдо мегардонад. Бо ин рох одамон бо якдигар алокаи зиёд мекунанд ва байни онхо мухаббати зиёд пайдо мешавад;

Вакти гузаронидани маросими акика.                                                         

Курбони кардани чорво (парранда)-ро метавон аз лахзаи таваллуд шудани фарзанд амали кард. Аз хама вакти бехтарин барои акика ин 7-умин руз пас аз таваллуди фарзанд аст. Агар дар 7-умин руз, ки натавонистед, пас 14-ум ва ё 21-ум ва ё хамин тур баъди хафтаи дигари замшуда то он замоне, ки фарзанд ба болигати синусоли расида набошад. Дар назар гирифт, ки мутобики бахогузории мазхаби ханафи духтарон дар 17-солаги ва писарон 18 солаги ба балогати акли мерасанд.

Хамин тавр агар то сини балогати акли агар акика накарда бошед пас, хар кас метонад нисбати худаш акика кунад. Мухлати акика кардан дар ин хола  то давраи марг аст.

Нисбати ки акика ба амал бароварда мешавад ?                                      

Акика нисбати фарзанди нави таваллудшуда ба амал бароварда мешавад. Гарчанде агар кудак дар вакти таваллуд фавдида бошад, хам вале дар хакки у акика кардан тавсия карда мешавад. Инчунин агар кудак баъди таваллуд фавтида бошад, хам пас дар хакки у акика кардан кори муносиб аст.  Лек агар кудак дар батни модар мурда бошад ва мурда таваллуд шавад пас дар хакки у акика кардан шарт нест ва ба чунин кудак ном дода намешавад.

Дар хакки писар 2-гусфанд кушта акика кардан тавсия карда мешавад ва гусфандон бехтараш 1-солаи баробарчисму баробар бо синашон бошанд.  Лек курбонии 1-гусфанд хам кифоя аст, ки амали сунна ичрошуда хисоб шавад.

Агар духтар таваллуд шуда бошад 1-гусфанд курбони кардан афзалтар аст. Инчунин афзалтар аст, ки нисбати хар як фарзанди нави таваллудшуда дар алохидаги курбони карда шавад. Яъне агар дугоник ё сегоник таваллуд шуда бошад пас 2 ва 3 чорво мутаносибан курбони кард.

Чорвои лоики акика шудан.                                                   

Барои акика кардан хамон чорвое, ки дар иди Курбон курбони мекунанд, лоики акика кардан хисоб меёбанд, ки чумлаи онхо: Шутур, бука, гов, гусфанд, буз ва г. Хар касе, ки вазъияти молиявиаш имконияти чорворо курбони карданро надорад пас ба у ичозати паррандаро акика кардан рох дода мешавад, ки чумлаи онхо мургоби, мург, шутурмург, идук ва гайра мебошанд. Лек агар вазъияти пулию-моли имконият дода тавонад пас курбони кардани чорво афзалият дорад.  Сифати моли курбонишаванда бояд ба он моле, ки дар Иди Курбон кушта мешаванд, бояд мувофик бошанд. Хайвоне, ки ба талаботи курбони кардан дар Иди Курбон мувфик нест, пас ба акика шудан низ мувофик нест.

Яъне агар шутур кушта шавад пас акика нисбати 7-фарзанд амалишуда хисоб кардан мумкин аст, чунки ин чорвои калон аст ва хачми курбони низ бо андозааш калонхачм хисоб меёбад.

Ният 

Нияти акикаро дар тартиби мазкур бояд ичро кард. Ният кардам, ки чорвои мазкурро ба номи фарзандам «Номи писар ё духтар» акика менамоям.

Курбони карданро барои мардуми мусалмон чи вай зинда ва ё чи вай махрум бошад, бахшидан мумикин аст.

Ки метонад, ки маросими акикаро анчом дихад?.

Маросими акикаро падари кудак метонад, ки содир кунад  ва агар у набошад пас бобояш ва агар бобояш набошад пас бобокалонаш.   Яъне мувофики шариат акикаро хамон нафаре содир мекунад, ки пастори кудак хисоб меёбад. Чорабинии акикаро падар бояд аз хисоби моли халоли худ содир кунад, на ин ки аз хисоби моли дуздидашудаю бо рохи фиреб чамъоваришуда.

Инчунин агар кудак молеро аз меърос гирифта бошад пас аз хисоби он низ акика кардан ё худ курбони намудан мумкин нест. Агар кудрати – тавоноии молии падар ё бобои кудак барои акика кардан нарасад, пас ба модари кудак акика кардан, ичозат дода мешавад (бо шарте, ки имконият дода бошад).

Акика

Падар, бобо ва модари кудак бо шарте имкониятдошта хисоб меёбанд, ки агар моли онхо барои истеъмол кардани хуроки зиёда аз якшабонаруз дошта бошанд ва кудраташон барои акика кардан, чорвое харида дар давоми 60 шабонаруз баъди таваллуди кудак маросимро ичро намоянд. Агар дар ин муддат мавсуфони инкадар молу мулк ва кудратро надошта бошанд, пас шариат чунин оилахоро бекудрат мехисобад ва акика карданро талаб намекунад.

Харакат кардан лозим, ки акикаро дар муддати 60-руз пас аз таваллуди кудак анчом дода шавад, вале агар дар ин муддат амали карда, ки нашуд пас то ба сини балогати акли расидан акика карда шавад.

Агар кудак дар натичаи канчикии зан (хамхоби бо мардони гуногун) ба дунё омада бошад, пас акикаро модари кудак бояд анчом дихад. Сабабаш дар он аст, ки падари кудак дар ин холат номуайян аст. Лек набояд хангоми акика кардан ба мардум дар натичаи чи кудак таваллуд шудааст фош карда шавад. Чунин холатро бояд чун сир нигох дошт ва ба иззати нафси шахсони дахлдор нарасид.

Зарурияти акика (курбони) кардан.                                                

Чи хеле ки каблан ёдовари шуда будем, маросими акика суннати Пайгамбар – Мухаммад (С.А.В.) мебошад, ки дар он гуфта шудааст:

«Кудак дар кафолати акика аст» («Хамидият», чилди 12, сахифаи 291). Маънояш дар он аст, ки агар нисбати кудак акика карда нашавад, пас у чи тавре ки лозим аст ба воя намерасад, хифз намешавад ва солим буданаш доимо зери хавф карор мегирад.

Имом Ахмад мазмуни хадисро чунин маънидод кардааст: Кудаконе, ки ба номи онхо акика нашудааст, хурд мемонад ва барои хифзи Волидони худашон хукук пайдо намекунанд. Яъне дар хифзи падару модари худ дар он дунё иштирок карда наметонад.   Лек агар кудак баъди ба воя расидан ба номи худ акика кунад, пас ин маъмоният аз байн меравад.

Одоби курбоникуни дар акика                                  

Бартарият дорад агар чорвои курбонишаванда дар рузи 7-ум пас аз таваллуди кудак ба амал бароварда шавад. Дар вакти хисоб кардани руз бояд тартиби хисобкунии мусалмони яъне «аз шом то шом» истифода бурда шавад.   Вакти акика кардан бошад аз хама хубаш субхидам мебошад.

Аз чорвои хурд аз хама бехтаринаш барои акика ё курбони кардан ин гаронтарин, фарбехтарин, тозатарин, бенуксонтарин ва шохдортарини он мебошад.  Гушти чунин чорворо бехтараш пухта ба камбагалон таксим карда шавад. Имконияташ бошад устухони чунин чорво ношикаста ва майда накарда истифода шавад, бо он нияте, ки устухони кудак дар хаёташ нашикананд.  Агар устухони чорворо шахси истеъмолкунанда (камбагалон) шиканад пас хеч гап не. Дар вакти пухтани гушти акика ба он каме ширини бо максади он, ки хаёти кудак ширин шавад, хамрох менамоянд.

Пойи кафои рости чорворо дар шакли хом ба дояе, ки дар вакти таваллуди кудак иштирок кардааст, такдим карда мешавад. Хуроки акикаро, ки дар дохилаш гушти курбонишуда хаст пухта ба камбагалон таксим карда шавад бехтар аст, назар ба оне, ки онхоро чамъ карда хурок дода шавад. Ба назар гирифт, ки гушти акикаро ба шахсони бой додан мавкуф нест ва ба онхо низ истеъмол кардани хуроки акика раво аст.

Гушти акикашаванда бояд 2-таксим карда шавад, ки якумаш дар шакли хом ва 2-юмаш дар шакли пухташуда таксим карда шавад. Гушти акика бояд:

  1. Якум ба камбагалон;
  2. Дувум ба хамсояхо;
  3. Савум ба хешовандон;
  4. Чорум ба доя (зане ки бепул дар таваллуди кудак хизмат кардааст) агар лоик донед;
  5. Чорум ба оилаи худ ва агар лозим донад ба наздикону дустон таксим карда шавад;

Фарки байни Гушти акика ва Гушти Акика

Дар аксари холатхо акика бо курбони монанди дорад вале камее фаркиятхо хастанд, ки чумлаи онхо:

  1. Одами бой, ки гушти акикаро аз кассе гирифтааст метавонад ба дигарон фурушад; Лекин гушти курбониро фурухтан мумкин нест;
  2. Гушти акикаро бехтараш дар шакли пухташуда таксим карда шавад;
  3. Бехтараш Пойи кафои рости чорворо дар шакли хом ба доя дода шавад;
  4. Желательно дать заднюю правую ляжку этого животного в сыром виде акушерке.
  5. Нисфи гушти акикаро дар шакли хом ва нисфи дигар дар шакли пухташуда таксим карда мешавад.
  6. Имконияташ бошад устухони чорвои акикаро намешикананд, вале дар курбони ин чиз махдудият надорад;

Комментарии