Сабаби рехтани муйи сар

zanaki_kal

Расми одами кал

Муи сар аз якчанд сабабхо мерезад, ки дар катори онхо ин ирсият (меърос), хуроки номувофик истеъмол намудан, беморихои вазнинро гузаронидан, асабони шудан ва гайрахо мебошанд.

Кал шудан ё будан барои чамъияти чи гарб ва ё шарк чандон байни мардум дилписанд нест ва бисёрихо шахсони калро тахкир мекунанд ва онхоро кал гуфта механданд ё мазок менамоянд. Барои хамин хам бисёрихо аз калшави шарм медоранду дар кофтукови сабаб ва роххои табобати ин камбуди саргардон мешаванд.

Сари кал доштан асосан ба мардхо дахл дорад ва дар байни занхо занаки калро кариб дида намешавад. Агар занак кал шавад хам ин сабаби гирифтори беморихо мебошад. Барои хамин хам муи сари духтарон-занхо мерезаду кам мешавад вале одатан кал намешаванд. Занхоро муяшон асосан кам шуда пешониаон кал мешавад.

Сабаби мардхо кал буданашон дар он аст, ки дар бадани мардхо ва хусусан дар кисмати болоии сари беъзе мардхо як намуди гормон бо номи «дигидротестостерон» бисёр чамъ мешавад ва ин ба рехтани муи сари онхо боис мешавад. Чунин намуди  чамъшави асосан хусусияти ачдоди дорад ва ба камбудихои ирси (авлоди) алокаманд аст.  Яъне агар падар кал бошад пас эхтимоли писарбачахо кал буданашон низ доранд ва тачрибаву фактхо инро таърихан исбот карда истодаанд.

Руихатти сабабхои калшави:

  1. Хусусияти ирси дорад: Яъне дар авлод агар падар, бобо, кал бошанд пас насли оянда –бачахо хам дар зиёда 50% холатхо метавонанд сари кал дошта бошанд;
  2. Гизои нодуруст хурдан. Хуроки камвитамин ки барои муи сар хамчун гизо хатми мебошанд метавонанд сабаби афтидани муй шавад;
  3. Обу хавои номусоид: Холатхое вомехуранд ки мардум ба мулки дигар мераванд ва обу хавои он чойхои нав барояшон номусоид мебошад вале онхо инро хис намекунанд, лек муи сари онхо мерезад ва ё дандонхояшон зарду пусидан мегиранд. Дар катори ин дар чойи торик дурудароз карор доштан низ дахл дорад;
  4. Асаб – Муомилаи дурушт ва гаму гусса низ ба афтидани муи сар – калшави сабабгоранд;
  5. Табобат:  Доруи зарарнон ва ё табобати нодуруст кардан ба афтидану рехтани муйхо сабабгор буда метавонад;

Чи бояд кард (илоч-даво) хангоми рехтани муй.

Мардуми имруза бештар вакт барои фахмидани сабаб ва рохи бартараф кардани калшавиро аз дустон, рафикон, шиносон, хамкорон ва дигар наздикони худ пурсон шуда аз истифодаи хизмати духтур худро дар канор мегиранд. Дар дехот ва хусусан занхо аз истифодаи усулхои ананави барои муолича намудани рехтани муй истифода мебаранд. Хусусан китоби Зохидов бо номи «Канзи Шифо» дар мавриди табобати калшави хело муоличахои милли-бобоги гирд оварда шудаанд, аз чумлаи онхо омезиши спирт бо занчабил ё оби пиёз хело тавсия шудааст.

            Лек усулхои бобои ин соддатарин рохи муолича буда рохи камхарчу дастрастар мебошад. Лек агар усулхои бобои – кишлоки пешгири кардани калшавиро ёри надиханд мардум метавонанд аз истифодаи кумаки духтур истифода бурда муоличаи мутахасиси хакикиро бо нарххои нисбатан гарон истифода баранд.

            Дар Точикистон барои сари калро пур аз муй кардан акнун  имконпазир шудааст ва барои кучондани  1 донаи муй аз бадани хамон одам ба сари у арзишаш такрибан 1 сомонист.

Комментарии